25.9 C
Dushanbe

18 соли зиндон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Ислоҳ”

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 12-уми июн як зани 42-солаи сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” барои 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

“Азия-Плюс” аз қавли манбааш аз додгоҳи вилоятӣ дар Суғд навишт, ки ин хонум Муҳиба Давронова ном дошта, сокини ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мебошад. Мақомт ӯро ба он муттаҳам карданд, ки гӯё аз моҳи майи соли 2022 то январи соли 2023 бо Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи гурӯҳе аз мухолифини тоҷик дар Аврупо ҳамкорӣ доштааст.

Мақомоти додгоҳӣ гуфтаанд, хонум Муҳиба бо телефони дастияш аз корхона ва муаассисаҳои давлатӣ навор гирифта, ба пойгоҳи “Ислоҳ.нет” мефиристодааст ва ба гуфтаи мақомот, “бо ин роҳ сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати кишварро мавриди танқиди шадид қарор додааст.

Додгоҳи вилояти Суғд Муҳиба Давроноваро бар иловаи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ҳамкори бо гурӯҳҳои мамнӯъ) боз бо иттиҳоми ин ки гӯё мехостааст барои зиндон нашуданд худаш ва фарзандони ноболиғашро бикушад, бо моддаҳои 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, сўиқасди ҷиноят) ва 104 қисми 2 банҳои “а,в,е” (одамкушӣ) гунаҳкор донистааст.

Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” рӯзи 14-уми июн дар суҳбат бо Azda tv ҳамкорӣ бо ин занро рад кард. Ин пойгоҳ, ки пайваста дар бораи мушкилоти мавҷуд ва рафторҳои ғайриқонунии мақомоти тоҷик маводҳо нашр мекунад, дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда, мақомоти тоҷик нафарони зиёдеро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо он зиндонӣ кардаанд.

Мудири пойгоҳи мазкур ба Azda tv гуфт: “Ҳеч вақт ин зан бо мо дар тамос набуд ва ҳеч маълумоте ҳам ба мо фиристогӣ нест.” Ӯ инчунин дар идома афзуд, ки “ин иттиҳоми навбатии мақомот болои сокинони оддии кишвар аст. Ва мақомдорон барои тарс додани сокинони кишвар чанд маротиба шуда, ки чунин кореро анҷом медиҳанд.

Додситонии кулли кишвар пештар ҳам гуфта буд, ки чанд нафарро гӯё дар ҳамкорӣ бо “Ислоҳ.нет” боздошт кардаанд, ки ин ҳама дурӯғ ва туҳмат аст. Онҳое, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд ҳама озоданд ва ҳамкорони мо ҳама аз мақомдорони баланпояи кишвар ҳастанд.“, – мегӯяд Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ин бори аввал нест, ки мақомдорони тоҷик сокинони кишварро бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъ” боздошт мекунанд. Аввали моҳи майи соли ҷорӣ низ мақомоти амниятии шаҳри Исфара Камолиддин Шарофови 70-соларо, ки гуфта будааст, ба Радиои Озодӣ ва “Ислоҳ тв” аз рӯи рафтори ғайриқонунии кормандони комиссарияти ҳарбӣ шикоят менависад, боздошт карда буданд.

Ҳамзамон моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон Мавлуда Боймуродзода, мудири пешини маорифи ноҳияи Панҷ, Зоидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия мазкур ва Абдураҳмон Иззатмандов, хабарнигори телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”-ро, ки гӯё онҳо аз вазъи маориф дар ноҳияи Панҷ ба шабакаи “Ислоҳ ТВ” шикоят кардаанд, зиндонӣ кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

33 миллион доллар хисорат аз фасод

Дар як соли ахир Тоҷикистон аз мансабдорони фасодкор ба маблағи 347 миллион сомонӣ (ҳудуди 33 миллион доллар) хисорот дидааст.

Чаро хабарнигори тоҷикро ба Узбекистон роҳ надоданд?

Мақомоти Узбекистон як хабарнигори тоҷикро панҷ сол аз ҳаққи даромадан ба ин кишвар маҳрум карданд.

Исроил уҳдадор шуд ба “ишғолгарӣ” хотима бахшад

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 18-уми сентябр қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он Исроил муваззфа шудааст, нерӯҳои худро аз Навори Ғазза берун кашад.

Барои муҳоҷирон дар Русия боз як имтиҳони дигар изофа шуд 

Муҳоҷирони корӣ дар Русия барои гирифтани патент бояд ба таври шифоҳӣ имтиҳони забони русӣ супоранд.