22.9 C
Dushanbe

Ахбори зидду нақиз дар бораи ҳамлаи Исроил ба Эрон

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, субҳи имрӯз, 19-уми апрели соли 2024 тақрибан соати 04:00 ба вақти маҳаллӣ падофанди ҳавоии ин кишвар фаъол ва се резпаранда (паҳподҳои кӯчак) дар осмони фурӯдгоҳи шикории мансуб ба артиши ин кишвар зада, сарнагун кардаанд.

Эрон то ҳол ба сурати расмӣ ин ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи низомӣ аз хориҷ ба хоки ин кишвар эътироф накардааст.

Аммо бархе фурӯдгоҳҳои Эрон дар Теҳрон ва Исфаҳону Табрез субҳи имрӯз барои чанд  соат фаъолиятҳои худро маҳдуд карда буданд ва сипас дубора фаъолияти худро барқарор карданд.

Аз сӯи дигар мақомоти исроилӣ ҳам, ки бархе расонаҳо ин ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи Исроил ба Эрон мансуб медонанд, то ҳол ба сурати расмӣ эълон накардаанд, ки тавассути чунин паҳподҳои кӯчаке ба Эрон ҳамла кардаанд.

Бо ин вуҷуд, бархе расонаҳои исроилӣ хабар медиҳанд, ки тамоми падофандҳои ҳавоии ин кишвар ба ҳолати омодабош дар тамоми қаламрави он қарор доранд.

Бархе расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, Инглистон ва Фаронса ба нақл аз манобеи худ иттилоъ дода буданд, ки пушти ин ҳамлаҳо ба Исфаҳони Эрон Исроил қарор дорад.

Сафорати Амрико дар дар Исроил ҳам ба шаҳрвандони кишвараш иттилоъ дода, ки аз ҳаргуна сафарҳои нозарури байнишаҳрӣ то беҳтар шудани вазъ худдорӣ кунанд.

Гуфта мешавад, Исроил дар аввали моҳи ҷорӣ ба бинои консулгарии сафорати Эрон дар Димишқи Сурия ҳамла кард ва сипас Эрон ҳам шаби 13-ум ба 14-уми апрели соли ҷорӣ тавассути мушакҳои куруз ва баллостик ва паҳподҳо ба Исроил ҳамла кард.

Исроил ва ёрони ғарбӣ ва минтақаии он ин ҳамлаи Эронро маҳкум карда буданд, ва Исроил ҳам борҳо эълон карда буд, ки ба ин ҳамлаи Эрон дар замон ва макони муносиб посух медиҳад.

Ва ахиран ҳам раҳбари Эрон таҳдид карда буд, ки дар сурати ҳар гуна ҳамлаи Исроил ба Эрон Телавив ва Ҳифаро ба хок яксон хоҳад кард.

Аммо, дар ҳоли ҳозир чун на Эрон ва на Исроил ҳеч як тарафҳо ин ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи хориҷӣ эътироф накардаанд, бархе коршиносон мегӯянд, ки эҳтимолан Эрон ба ин ҳамла ба Исроил посух намедиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Озодии ду узви собиқи раёсати олии ҲНИТ

Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуданд.

Густариши ҳамлаҳои Исроил ба дохили Лубнон

Танишҳо низомӣ миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон шиддат гирифтааст.

Парвозҳои Теҳрон – Душанбе баъд аз се моҳи таваққуф аз сар гирифта шуданд

Парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе пас аз се моҳи таваққуф дубора барқарор гардиданд.

Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.