24.9 C
Dushanbe

Қарзи навбатӣ барои сохтмони Роғун

Дар пасманзари ҷорӣ шудани лимити барқ дар Тоҷикистон, ҳукумат миллионҳо доллар қарз ва гранти созмонҳои хориҷиро барои сохтмони НБО “Роғун” ҷалб мекунад.

12-уми ноябри соли ҷорӣ, парлумони кишвар созишномаи қарзии 100-миллиондолларӣ миёни ҳукумат ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалиро тасвиб кард.

Ин созишнома дар аввали моҳи октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Венаи Австрия аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раҳбари Хазинаи ОПЕК Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расида буд ва тибқи он Тоҷикистон 100 миллион долларро аз ОПЕК дар чор марҳила дарёфт мекунад.

Пештар аз ин низ дар моҳи июни имсол Бонки рушди исломӣ барномаи ҷудо кардани 150 миллион долларро барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” тасдиқ карда буд.

Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” яке аз бузургтарин ва тӯлонитарин пружаи сохтмонӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад ва баъди пурра ба истифода дода шудан, он 3600 мегаватт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад.

Дар соли 2008 вақти аз сар гирифтани сохтмони ин нерӯгоҳ мақомот гуфта буданд, ки арзиши сохтмон 3 миллиард доллар хоҳад буд, аммо ҳоло гуфта мешавад, ки барои то соли 2035 сохта шудани ин нерӯгоҳ 6,4 миллиард доллар лозим аст. 

Ҳукумати Тоҷикистон сабаби боло рафтани арзиши сохтмонро ба беқурбшавии пул ва болоравии нархи маҳсулот рабт медиҳанд, аммо коршиносон бар ин боваранд, ки афзоиши хароҷот ба фасоди молӣ ва набуди шаффофият дар харҷи сармояҳо рабт дорад.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳукумат дар муддати 16 сол ва бо вуҷуди масраф шудани ҳудуди 4 миллиард доллар дар ин сохтмон танҳо ду чархаи онро ба кор даровардааст ва интизор меравад, чархаи севум дар соли 2025 ба кор дарояд.

Суол инҷост, ки бо ба истифода додани чархаи севум лимити барқ дар кишвар аз байн меравад ё на.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба истифода додани чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” дар соли 2018 шодиёна гирифта буд, ки “дигар лимит ба афсона табдил шуд”, вале ҳар сол мушкили барқ дар кишвар бештар мешавад.

Аз ҷумла, Ширкати “Барқи тоҷик” бо пахши изҳороте хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон аз 22-уми сентябри соли ҷорӣ лимити нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Ин ширкат мисли ҳамеша эълон карда, ки маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинон ба “камшавии захираҳои об” ва “зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ” рабт додрад.

Аммо сокинони кишвар бар ин боваранд, ки дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ барқ истеҳсол мешавад, вале мақомдорон онро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Узбекистон мефурӯшанд. Барои мисол, тибқи омори худи мақомот, Тоҷикистон танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 27 миллион доллар ба хориҷи кишвар нерӯи барқ ​​содир кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Эмомалӣ бо фиристодаи вижаи Трамп

Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вежаи Президенти Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор мулоқот кард.

Боз як сарбози дигар дар Тоҷикистон “худкушӣ” кард

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод пас аз ҳашт моҳи хидмат дар артиш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохта, худкушӣ кард.

Талафоти ҷонӣ дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан ҷон бохта, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Лоиҳаи CASA-1000 ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад?

Дар шаҳри Душанбе масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва омодагӣ ба оғози марҳилаи тиҷоратии он баррасӣ гардид.