18.9 C
Dushanbe

Авзои тағйирёбандаи Ховари Миёна

Пас аз ҳамлаҳои ахири Эрон ба Исроил авзои сиёсӣ ва низомӣ дар минтақаи Ховари Миёна ба шиддат нигаронкунанда шудааст.

Шоми сешанбеи 1-уми октябри соли 2024 Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон эълон кард, ки дар ду маврид ҳамлаҳои мушакии сангинеро алайҳи Исроил анҷом дод. Исроил ҳам гуфт, ки Эрон товони ин ҳамлаҳоро пардохт хоҳад кард.

Вазири корҳои хориҷии Эрон ِСайид Аббос Ироқчӣ ҳам дар саҳфаи худ дар шабакаи Х, гуфт: “Мо аз ҳаққи худ барои дифои машруъ бар асоси Моддаи 51- Созмони Милали Муттаҳид истифода кардем ва танҳо пойгоҳҳои низомӣ ва амниятиро, ки масъули наскушӣ дар Ғазза ва Лубнон ҳастанд, мавриди ҳадаф қарор додем”.

Ҳамзамон Исроил Катс, вазири корҳои хориҷии Исроил ҳам дар саҳфаи худ дар шабаи Х хабар дода, ки “режими Оятуллоҳ (ишора ба Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон) аз хатҳои қирмиз убур кардааст ва давлати Исроил дар баробари ҳамлаи ваҳшиёнаи Эрон ба шаҳрвандони мо сокит нахоҳад монд.”

Аз сӯи дигар, Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бо қадрдонӣ аз ин нерӯҳои кишвараш дар ҳамла ба Исроил гуфт, “он Гунбади оҳанине, ки онҳо (исроилиҳо) дуруст карданд, гунбади оҳанин нест, балки аз шиша ҳам шиканандатар аст. Дунё бояд дар муқобили як режими опортоед (apartheid)-и наслкуш биситанд ва битавонад онро сари ҷояш бинишонад. Мо аз мурдан наметарсем, зиндагии бо иззат беҳтар аз зиндагии дар зиллат аст.”

Аммо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки ба гуфтаи расонаҳои исроилӣ дар замони ҳамлаи мушакии Эрон ба паноҳгоҳе дар Қудс панаҳ бурда буд, пас аз ин ҳамла гуфт: ” Эрон имшаб иштибоҳи бузургеро муртакиб шуд ва товони онро хоҳад дод. Ҳар касе ба мо ҳамла кунад, мо онро мавриди ҳамла қарор хоҳем дод”.

Дар ҳамин ҳол, сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои муссалаҳи Эрон дар шарҳи ин ҳамла аз ҷумла гуф: “Ду моҳи гузашта ду моҳи бисёр сахте барои Эрон, барои “Меҳвари муқовимат” (Эрон нерӯҳои гурӯҳҳои силоҳбадасти Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳамос ва Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ансоруллоҳи Яман ва дигар гурӯҳҳои силоҳбадасти суриягӣ ва ироқие, ки бо он ҳамкорӣ мекунанд, онҳоро нерӯҳои “Меҳвари муқовимат” медонад) буд. Аз ҳангоми террори шаҳид Ҳания, раҳбари сиёии ҷунбиши ҲАМОС дар Теҳрон бо дархости мукаррари амрикоиҳо ва аврупоиҳо ва дигарон мабнӣ бар ин шумо хештандорӣ кунед, то оташбасро дар Ғазза барқарор кунем, давраи сехте дар хештандориро пушти сар гузоштем. Фақат пойгоҳҳои низомӣ зада шуд.”

Ҳамзамон Ха Леви Хертзи, раиси Ситоди кулли нерӯҳои Исроил ҳам бидуни ворид шудан ба ҷузъиёт ё замону макони ҳамлаҳои эҳтимолии кишвараш алайҳи Эрон эълон кард, ки посух ба ҳамлаи мушакии Эрон дар роҳ аст. Ӯ таъкид кард: “Исроил тавоноиҳои дақиқ ва ғофилгиронаи ҳамлаи худро нишон хоҳад дод.”

Эрон дар ду маврид ҳам ҳамлаҳои худ алайҳи Исроил, ки зери унвони “ваъдаи содиқ 2” анҷом дод, ҳудуди 300 мӯшаки боллистик истифода кард ва мегӯяд, ки 90% аз ин мушакҳои партобшуда ба ҳадафҳои худ расидаанд. Аммо Исроилу Амрико, Британияи Кабир ва Фаронса ҳам иддао доранд, ки хеле аз ин мушакҳоро қабл аз он ки ба ҳадафҳои худ бирасанд, дар фазо раҳгирӣ кардаанд.

Оҳанги таҳдидҳои лафзии ҳар ду ҷониб дар ҳоле лаҳза ба лаҳза шиддат мегиранд, ки бархе кишварҳои дунё тарафҳоро ба хештандорӣ даъват мекунанд. Кишварҳои Амрико, Британияи Кабир, Фаронсаву Олмон ва Ҷопон ҳам ин ҳамлаи Эрон алайҳи Исроилро маҳкум карда, ҳимояти худ алайҳи Исроилро эълон кардаанд.

Ба дунболи ин ҳама таҳдидҳо ва эҳтимоли посухи зудҳангом ва ё ғофилгиронаи Исроил ба Эрон хеле аз ширкатҳои ҳавопаймойии дунё парвозҳои худро дар осмони бархе кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрону Ироқ, Урдун ва Сурияву Лубнон ба самтҳои дигар тағйир додаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҳам пас аз посухи Эрон ба Исроил ба шаҳрвандони худ дар Эрон тавсия додааст, ки бо таваҷҷуҳ ба тағйири вазъ дар минтақа ва эҳтимоли ноором шудани Ҷумҳурии исломӣ ҳар чӣ тезтар хоки ин кишварро тарк кунанд.

Гуфта мешавад, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам бо баргузории як ҷаласа ҳодисаҳои ахир дар Ховари Миёнаро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ин ҷаласа бархе кишварҳои ғарбӣ бо маҳкум кардани ҳамлаҳои Эрон ба Исроил омодагии ҳамаҷонибаи худро барои ҳимоят аз Исроил эълон карданд, аммо кишварҳои Русия ва Чин ба навъе аз Эрон ҳимоят карда, гуфтанд, ки Эрон танҳо ду моҳ пас аз хештандорӣ, ки бо террорҳои бештар аз сӯи Исроил ҳамроҳ шуда буд, аз нерӯи зӯр истифода кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.