10.9 C
Dushanbe

Ба имзо расидани қарордоди нав барои нақби “Истиқлол” байни Тоҷикистону Эрон

Дар Душанбе байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Фароб”-и Эрон, қарордоди иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” ба имзо расид.

Қарордод бо ҳузури вазири нақлиёти Тоҷикистон ва сафири Эрон дар Душанбе ва ҳамчунин раиси ширкати “Фароб” анҷом ёфтааст.

“Азияи – Плюс” аз манбааш аз сафорати Эрон дар Душанбе навиштааст, ки қарор аст дар марҳилаи дуввум ширкати “Фароб”-и Ҷумҳурии исломии Эрон корҳои марбут ба равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратиро ба анҷом бирасонад.

Ҳамчунин зикр гардида, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, таъхири кори нақби “Истиқлол”-ро ба эҷоди баъзе мушкилиҳо рабт дода, иброз доштааст, ки “Тоҷикистону Эрон ду кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои таърихи муштараканд ва кишвари Эрон дар татбиқи бисёре аз лоиҳаҳо иқтисодӣ дар Тоҷикистон, аз қабили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” ва нақби “Истиқлол” ширкат намудааст”.

Азим Иброҳим иброз дошт, ки “марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар ба поён мерасад”.

Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Ҷумҳурии исломии Эрон гуфтааст, ки “марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бо муваффақият ба анҷом хоҳад расид ва гоми дигаре ба сӯи рушду тараққии Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд”.

Вале аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар анҷоми корҳои сохтмонии марҳилаи дуввуми бунёди нақби “Истиқлол” чӣ миқдор маблағ масраф мешавад, чизе гуфта нашудааст.

Раиси ширкати “Фароб” дар ин замина гуфтааст, ки “саҳми Тоҷикистону Эрон дар ин лоиҳа 50 дарсадӣ буда ва агар ҳарду тараф тааҳҳудоти худро бамавқеъ иҷро кунанд, то ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд”.

Нақби “Истиқлол”- соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуда буд, ки то ба имрӯз ба таври нопурра боқи мондааст, ҳатто ин нақб то чанд сол дар зери об қарор дошт ва системаи ҳавотозакунии он то ба имрӯз фаъол нест.

Бино ба иттилооти интишор гардида, гуфта мешавад, ки ин нақб бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол аз ҷониби давлати Эрон сохта шуд.

Аз руйи маълумоти расман тасдиқ нагардида, яке аз сабабҳои тӯл кашинаи ин нақб ва нотамом гузоштани он, аз байн гумшудани маблағҳои ҷудогардида аз ҷониби Эрон гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон онро ба куҷо масраф намудаанд, то ҳол суолест беҷавоб.

Ҳамчунин гуфта мешавад, як қисме аз мушкилоти дигари он ба қазияи Бобак Занҷонӣ – милардери эронӣ рабт дорад. Номбурда қабл аз дастгир шудан дар чандин бахшҳои кишвар сармоягузорӣ намуда буд. Ӯро аз наздикртарин дӯстони Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Коршиносон яке аз сабабҳои тира гаштани равобити Эрону Тоҷикистонро ба он рабт медиҳанд, ки Ҷамолиддин Нуралиев маблағҳои интиқол намудаи Занҷонӣ аз худ намудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.