Таҳқиқоти журналистии муштараки Azda TV бо Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) боз як чеҳраи пинҳонеро аз мақомдорони олуда ба фасоди Тоҷикистон ошкор кард.
Дар ин матлаб шумо аз як корманди давлатие, ки чандон маоши зиёд надорад ва зоҳиран ба маоши муқаррарии давлатӣ зиндагӣ мекунад, вале соҳиби хонаҳои бодабдаба дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз он шудааст, ошно мешавед.
Суолҳое, ки зеҳни аксари тоҷикистониёнро дар робита ба даромади мақомдорони давлатӣ машғул сохтааст, ин аст, ки як корманди оддӣ ва ҳатто мақоми баландпояе, ки зиндагияш танҳо аз ҳисоби маоши давлатӣ аст, чӣ гуна метавонад чандин хонаву истироҳатгоҳ ва ҳатто дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хона бихарад ва манбаи ин дороиҳо аз куҷо аст?
Azda TV дар ин таҳқиқоти журналистии муштараки худ бо OCCRP, парда аз чеҳраи яке аз чунин мақомдорон бардоштааст, ки манбаи дороиҳояш шубҳанок менамояд.
МАТНИ КОМИЛИ ТАҲҚИҚОТ
Таҳқиқи имрӯзаи Azda TV дар бораи яке аз унсурҳои муҳими мошини саркӯбгари Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ дар мақомоти қудратии кишвар бо маоши ночиз зиёда аз сӣ сол кор кардааст, вале тавонистааст дар Душанбе чор хона, дар ҷануби кишвар як ҳавлӣ ва аз ҳама муҳимаш, хонаи фохире дар яке аз маҳаллаҳои пурҳашамати Дубайро соҳиб шавад. Имрӯз мо дар бораи сардори Бюрои миллии марказии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳриёр Назриев суҳбат мекунем.
Аз рӯи ҳисоби мо, барои харидани танҳо як хонаи 120-ҳазордоллара дар Дубай корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоби миёна бояд на кам аз 40 сол фаъолият кунад. Вале тавре мебинем, сардори бюрои Интерполи Тоҷикистон танҳо бо маош кифоят намекунад.
Дар асоси санадҳое, ки ба дасти мо расид, Шаҳриёр Назриев моликияти ғайриманқули худро дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ соли 2012 харидааст.
Хонаи пурҳашамат дар маҳаллаи Jumeirah Village Circle, маҷмааи Emirates Gardens 1, G 2 воқеъ аст. Аз ин ҷо то ҷазираи сунъии дар саросари дунё машҳури Palm Jumeirah 14 километр роҳ аст. Хона дар бинои чаҳорошёна, ки дар боми он айвони боҳашамате низ ҳаст, ҷойгир аст.
Дар ҳудуди он ҳавзи шиноварии 13-метра, толори варзишӣ ва ҷойҳои махсус барои автомобил мавҷуданд.
Дар назди бино ду боғи истироҳатии бузург, корти теннисӣ, майдони баскетбол ва маркази дилхушӣ вуҷуд дорад.
Дар тарафи дигари роҳи Шайх Муҳаммад Бин Зойд Майдони варзишии байналхалқии крикети Дубай ва автодроми Дубай, ки дар он мусобиқаҳои автомобилӣ гузаронида мешаванд, воқеъ шудаанд.
Аз рӯи маълумоти ба дасти мо расида, Шаҳриёр Назриев ин хонаи масоҳаташ 49 метри квадратиро ба маблағи 120 ҳазор доллар харидааст. Аз рӯи ҳисоби Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP), арзиши аслии чунин хона 93 ҳазор доллар аст. Аммо дар бозор чунин хона бо масоҳати ҳамсон дар ҳамин маҷмаа тақрибан 200 ҳазор доллар арзиш дорад. Мо расмҳои даруни хонаи Назриевро дар даст надорем, вале дар асоси расмҳои хонаҳои ҳамсон дар сомонаи Propertyfinder метавон гуфт, ки ин хона аз тирози “бизнес-класс” буда, дорои таъмири гаронбаҳо ва мебелҳои “люкс” аст.
Албатта, мо танҳо бо ҷустуҷӯ дар Дубай кифоят накардем ва дар Тоҷикистон низ молу мулки ғайриманқули сардори Бюрои маркази Интерполи Тоҷикистонро пайдо кардем. Дар асоси феҳристи бақайдгириии давлатии моликияти ғайриманқул ба номи Назриев Шаҳриёр дар Душанбе 4 хона ба қайд гирифта шудааст.
Яке аз онҳо дар бинои дуошёнаи сталинӣ, кӯчаи Бофанда-12 ҷойгир аст. Хона дар ҷои назаррас – ҳамагӣ 270 метр аз хиёбони асосии пойтахт – хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст.
Манзили дувуми Назриев дар кӯчаи Пушкин, хонаи 40 воқеъ аст. Ин хона низ наздик ба хиёбони Рӯдакӣ – дар масофаи 420 метр ҷойгир аст.
Хонаи сеюм назди Боғи ботаникии Душанбе, кӯчаи Карамов 13/1 ҷойгир аст. Ҷолиб он аст, ки ин хона ҳам дар наздикии хиёбони Рӯдакӣ, 275 метр дуртар аз он воқеъ аст.
Хонаи чоруми сардори бюрои Интерполи Тоҷикистон дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонов-4 воқеъ аст. Бинои истиқоматӣ дар рӯ ба рӯи боғи Боғи ба номи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҷойгир шудааст. То хиёбони асосии пойтахт аз ин бино 590 метр роҳ аст.
Илова бар хонаҳо дар пойтахти кишвару Дубай, Шаҳриёр Назриев зоҳиран дар зодгоҳаш дар ноҳияи Ховалинг низ ҳавлие дорад.
Акнун биёед ба таҷрибаи кории қаҳрамони имӯзаи мо назар кунем, зеро ин нуқта хеле муҳим аст. Сентябри соли ҷорӣ Шаҳриёр Назриев ба синни 50-солагӣ мерасад. Ӯ мансабдори маъмулии умедбахше дар режими Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ дар минтақаи вафодор ба Раҳмон – собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст.
Шаҳриёр Назриев фаъоляити кории худро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 1995 оғоз кардааст. Аввал дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаи ваколатдори оперативии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД фаъолият кардааст. Ӯро муддате ба Хадамоти гумрук ба кор гузарониданд. Аммо сипас боз ба мақомоти корҳои дохилӣ баргаштааст. Аз моҳи июли соли 2021 ба ҳайси сардори Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Қисман сабаби ба вазифаҳои баланд расидани ӯ метавонад падараш Ҷӯрабек Назрӣ бошад. Ӯ олим ва сарояндаи маъруф дар Тоҷикистон буд.
Дар оғоз мо Шаҳриёр Назриевро беҳуда яке аз унсурҳои муҳими мошини саркӯбгари Эмомалӣ Раҳмон наномидем. Дар давраи фаъолияти кории Назриев дар вазифаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Интерпол даҳҳо нафар мунтақидони Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои хориҷа боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.
Тибқи ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, дар давраи аз соли 2014 то 2023 ҳукумати Тоҷикистон дар саркӯб ва таъқиби фаромиллӣ шомили панҷгонаи бадтарин кишварҳо байни 44 кишвари ҷаҳон шудааст. Танҳо соли 2023 зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо дархости Душанбе истирдод шудаанд.
Тавре ҳомии ҳуқуқ Стив Свердлов ба Azda TV гуфт, нақши калидиро дар таъқибу саркӯби мунтақидони Эмомалӣ Раҳмон маҳз бюрои Интерпол дар Тоҷикистон бозидааст.
Тибқи маълумоти гуногун, айни ҳол мақомоти Тоҷикистон зиёда аз 3000 нафарро ҷустуҷӯ мекунанд, ки байни онҳо садҳо нафарашон аз мунтақидони ҳукумат ҳастанд. Қаблан Интерпол ҳатто роҳбарон ва фаъолони мухолифини тоҷикро дар пайгард қарор дода буд. Дертар зери фишори ҳомиёни ҳуқуқ роҳбарияти ин созмон номи онҳоро аз феҳристи афроде, ки шадидан ҷустуҷӯ мешаванд, берун кард.
Ҳоло дар сомонаи расмии Интерпол метавон танҳо номи 39 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро пайдо кард. Байни онҳо номи ягон фаъолони сиёсӣ дида намешавад. Бо ин вуҷуд, режим шикори пурсамари мухолифин, фаъолон ва журналистонро дар саросари ҷаҳон идома медиҳад. Ва дар ин шикор нақши собиқ корманди милисаи тоҷик ва ҳоло сардори Бюрои миллии марказии Интерпол дар Тоҷикистон Шаҳриёр Назриев кам нест.