14.9 C
Dushanbe

Эҳзори сафири Тоҷикистон дар Эрон ва тақдими нотаи эътирозӣ ба ӯ

Акс аз сомонаи Вазорати хориҷаи Эрон

Нимаи дуюми рӯзи ҷумъа сафири Тоҷикистон дар Теҳрон аз ҷониби роҳбари маъмурияти Осиёи Марказӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ эҳзор шуда ва дар бораи эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи иттиҳомоти беасос ва рафтори ғайриҳирфавии телевизиони давлатии Тоҷикистон ба ӯ расонда шуд. Дар ин бора Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар сомонаи худ хабар дод.

Пас аз пахши ба ном як филми мустанади “Хиёнат” дар телевизионҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бофтани иттиҳомоти бардурӯғ ва ғаразнок алайҳи давлати Эрон, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон баъд аз зӯҳри ҷумъа аз ҷониби роҳбари Дафтари Осиёи Марказӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват карда шуд. Ӯро аз иттиҳомоти беасос ва рафтори ғайрикасбии телевизиони давлатии Тоҷикистон огоҳ карданд.‎

Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки Ҷумҳурии исломии Эрон мехоҳад муносибатҳои дӯстона ва бародаронаро мабнӣ бар эҳтироми мутақобил бо Тоҷикистон дошта бошад, аммо идомаи чунин рафтор аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон хилофи қоидаи муносибатҳои дӯстона аст ва ҳукумати Тоҷикистон бояд аз оқибатҳои чунин рафтор огоҳ бошад.

Дар ин мулоқот мақомоти давлати Эрон аз сафири Тоҷикистон дар ин кишвар хостаанд, ки Тоҷикистон муносибати худро ислоҳ кунад, алахусус дар қатъи таблиғоти бардурӯғ алайҳи Эрон дар телевизионҳои давлатӣ.

‎Ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар навбати худ гуфта, ки ҳарчи зудтар эътирози Ҷумҳурии исломии Эронро ба ҳукумати Тоҷикистон мерасонад.
Гуфта мешавад, ки дар тӯли як ҳафтаи охир ин бори дуввум аст, ки сафири Тоҷикистон дар робита ба ин масъала ба Вазорати корҳои хориҷии Эрон даъват шуда, аз эътирози сахти ин кишвар огоҳ карда мешавад.

Пештар сафири Тоҷикистон аз ҷониби ёвари вазир ва мудири кулли Авроосиёии Вазорати корҳои хориҷии Эрон даъват шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки чандест мақомоти амниятии Тоҷикистон як филми ба ном мустанадеро зери номи “Хиёнат” дар интиқод аз интиқоди ҲНИТ ва аъзоёни он сохта ва дар телевизионҳо ба намоиш гузошт. Дар он филм ҲНИТ-ро ба он иттиҳом мекунанд, ки гӯё аз давлати Эрон сармоягузорӣ мешуду корҳои тахрибкоронаеро анҷом медод.

Ин дар ҳолест, ки ҲНИТ ва дар умум мухолифону коршиносон маълумоти дар ин филм пахш шударо, туҳмате беш намедонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон

Як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дастгир ва бо сабаби будубоши ғайриқонунӣ аз ин кишвар ихроҷ шуд.

Хариду фурӯши узвҳои инсон: Дар клиникаи “Истиқлол”-и Душанбе чӣ мегузарад?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон як гурӯҳи ҷиноятиеро ошкор кардаанд, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии узвҳои инсон муттаҳам мешаванд.

Як мард ҳангоми муноқиша ҳамсарашро бо корд зад

ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ Турдибоев Ҷавлони 26-сола, сокини ноҳияи Шаҳристонро, ки дар муноқишае ҳамсари худро чандин бор бо корд зада маҷруҳ карда буд, дастгир кардааст.

Ятимов дар куҷост?

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти кишвар иштирок накардааст.