5.9 C
Dushanbe

КГБ-ҳо натавонистанд. Дар музокироти ҷонибҳои тоҷику қирғиз таҷдиди назар ногузир аст

Раванди музокироти миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини хутути марз дучори бунбаст шуда, ҳангомаву ғавғоҳои бархоста дар пайи он возеҳ кард, ки вогузории ин маъмурият бар дӯши масъулони мақомоти амниятӣ натиҷаи мусбат бор нахоҳад овард.

Беш аз ин, нахустин даври музокирот зери раҳбарии раисони КДАМ-и ин ду кишвар, ончуноне шоҳидаш шудем, гиреҳҳои мавҷудаи баҳсро сахттар карда як ҳолати буҳронӣ ва ташаннуҷовареро дар равобити ду давлат пеш овард.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ ва роҳбари ҳайати музокиракунандаи Қирғизистон бо эълону баёни дидгоҳҳо ва пешниҳодҳои ҳукуматаш ҷиҳати рафъи баҳси мавҷуда, худро дар мавзеи бартар ва таҳоҷумӣ қарор додааст. Дар расонаҳои ин кишвар аз ӯ ситоиш шуда истодааст, ки “ниҳоят яхҳоро об мекунад” ва  “як бор барои ҳамеша” мушкилро ҳал мекунад.

Аммо Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва роҳбари ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон на танҳо бо сукути мармуз ва машкук кадом вокунише дар бораи баёния ва дидгоҳҳои ҳамтои қирғизии худ намекунад, ҳамчунин бо махфисозии дидгоҳҳои давлати Тоҷикистон барои ҳалли ин баҳси марзӣ мавқеи дифоиро гирифта изтиробу нигарониҳо дар байни мардумро ба вуҷуд овардааст.

Ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон пешниҳод додааст, ки бар ивази ҷамоати Ворухи Исфара ва 12 ҳазор гектар масоҳаташ ҳамин миқдор масоҳат аз ноҳияи марзии вилояти Бодканд медиҳад. Ин яке аз ду пешниҳоди ин кишвар ба Тоҷикистон аст. Пешниҳоди дигарашон ҳам айни ҳамин аст: таъйини хутути марзии ин ҷамоат ва нишону аломатгузории он ва вогузории як долон ё роҳе  барои истифодаи ин мардум аз қаламрави Қирғизистон.

Мусалламан ин пешниҳод аз тарафи Тоҷикистон ва бахусус мардуми Ворух ба ҳеҷ ваҷҳ пазируфта намешавад, аммо то ба имрӯз раҳбари ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон дар баробари он вокунише нишон надодааст.

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки баъзе аз ба истилоҳ “иқдомҳои ҷавобӣ”-и Тоҷикистон баёнгари вокуниши мақомоти он аст. Аммо ин иқдомҳо ҷойи онки ҷомеаи кишварро орому осуда кунад, баракс бар ташвишу нигарониҳо доман мезанад. Барои мисол эъзоми ҳайатҳои мақомоти ҳокимияти давлатии навоҳии Масчоҳ ва Масчоҳи куҳӣ ва ноҳияи Айнӣ ба Ворухи Исфара ва эълон кардани мададу тарафдории онҳо аз Ворух аст. Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон худашон мустақим аз вокуниш нишон додан иҷтиноб меварзанд ва бори масъулияти худро рӯи дӯши мардум монданианд.

Дар хабару тасвирҳое, ки аз ин сафарҳо ба Ворух дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ шуданд, таъбирҳое чун “шерони масчоӣ бо шумоянд ворухиҳо”, “мо шуморо дар рӯзи мусибат танҳо нахоҳем гузошт”, “Ворух марзи номуси мост” ва ғайра аз ин даст шиорҳо садо доданд, ки имкон надорад, пешопеш машварат ва тарҳрезӣ нашуда бошад. Бахусус дар ҳамаи ин аксу наворҳо ҳатман таъкид мешавад, ки варзишкорон дар ин ҳайат шомиланд. Ҳоло пурсиш пеш меояд, ки бурдани варзишкорони мастчоиву фалғарӣ ба Ворух ба чӣ хотир аст? Магар онҷо кадом мусобиқае ташкил шудааст? Баҳси марзӣ ба варзишкорон чӣ рабте дошта метавонад? Ва, ин ҳайатҳо ҳам изҳор доштанд, ки барои ҳифзи Ворух омодаанд, ки ҷони худро дареғ надоранд.

Дар воқеъ чунин амалҳо дар кишваре, ки паша бидуни иҷозат парида наметавонад, ҳисобшуда аст, вале боз ҳам савол инҷо  аст, ки чаро ҷавонони шуҷоъу ғаюри Данғара ва Кангурт Ворух наомаданд ва саволи дигар ҳам ин аст, ки бо овардани онҳо мақомот мехоҳанд чӣ бикунанду чӣ бигӯянд? Воқиан ҳам авзоъ ба ҳадде буҳронӣ аст, ки бидуни ҷалби варзишкорони мастчоҳӣ орому ҳал намешавад? Қирғизҳо чӣ бикунанд? Онҳо низ варзишкоронашонро ҷамъ оваранд?

Бар болои ин амали воқиан ҳам номафҳум (шояд бо ҷалби варзишкорони масчоҳиву фалғарӣ мақомот мехоҳад қирғизҳоро тарсонад) нашри посухи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи хориҷии Тоҷикистон ба сӯҳбатҳои Қамчибек Тошиев дар иртибот ба табодули Ворух ҳолати ба бунбаст расонидаи музокироти ҷонибҳоро ба буҳрони яқин табдил кард. Тошиев ҳам билофосила ба Зарифӣ посух нишон дод ва гуфт, ки вай он чизеро дар матбуот изҳор дошт, ки ба таври катбӣ ба раиси ҳайати музокиротии Тоҷикистон Саймумин Ятимов супоридааст.

Дар посухи Зарифӣ таҳаввулот ва равандҳои демократия дар Қирғизистон дар замони истиқлол ба боди интиқод гирифта шуда ва Тошиев «шӯрапушт» унвон мешавад. Барои Зарифӣ ивазшавии раисони ҷумҳурии Қирғизистон тавассути эътирозоти мардумӣ тамоман қобили қабул нест ва ҷойи он Тоҷикистону модели он тавсиф мешавад. Моделе, ки бо диктотура ва нақзи ҳама мавозини байналмилалӣ шинохта шудааст, барои афроде амсоли Зарифӣ улгӯ ва намунаи хуби давлатдорӣ ба шумор меравад.

Барои Зарифӣ табдили ҳокимият ва навсозии он тавассути мардуми қирғиз на инки ғайриқобили қабул будааст, балки қирғизҳо «исёнгар» қаламдод шуда ва тавсия мешавад, ки аз «ақл» кор гиранд. Шояд «ақл»-е, ки Зарифӣ тавсия медиҳад ин аст, ки Аскар Акаев то ба имрӯз дар ин кишвар мемонаду Айдар Акаев Рустами Эмомалӣ мешуду Майрам Акаева шаҳбону? Ва шояд ҳам имрӯз қирғизҳо ҳам роҳи пулакӣ медоштанду «Фароз» медоштанду Спитаменбонку Коммерсбонку Авестогруппу, хуллас тамоми яъҷуҷу маъҷуҷи давру бари Акаев дар сари ҳокимият менишаст. Ва, дар зодгоҳи Акаев ягон чупону саисбони бидуни вазифа намемонд? Зарифӣ ҳамин шеваи давлатдориро тарҷеҳ медиҳад? Акаев сад бор қонуни асосиашро иваз мекарду мегуфт, ки то ман намурам ман Президент мемонам ва агар мурам ба бачаам  мемонад?

Дар ҳамин ҷо мехоҳам ба оқои Зарифӣ ин суолро матраҳ кунам. Агар Тоҷикистону давлати он ончуноне шумо тавсифаш кардаед ҷойи орому осуда ва маҳалли кору фаъолияти рифоҳу осоиш буда бошад, чаро як тоҷики Қирғизистон муддаии омадан ва зиндагӣ кардан дар инҷо нест, вале ҳазорҳо қирғизи Тоҷикистон ҳамин ҳоло мехоҳад кӯчу борашро барбандад ва Қирғизистон биравад?

Саволи диграм ҳам ин аст, ки чаро ҳамин Қамчибек Тошиев бо таънаву танз мегӯяд, ки марзамонро сари сӯзан боз нахоҳем кард, то инки бензину соляркаи моро ба Тоҷикистон надузданд. (Дар бораи дуздҳо шумо худатон маълумоти кофӣ дар ихтиёр доред).

Дар ҳар сурат баҳсҳои бархоста дар хатми ин музокироти ба бунбасту буҳрон гирифтор шуда, новобаста аз онки онро аз ҷониби Тоҷикистон «як дипломат, як доктори илм ва як чекисти касбӣ» ва аз он тараф як «шӯрапушт» (аз зарофатҳои Зарифӣ) маълум кард, ки дар ҳарду тараф барои наздикшавии мавқеъҳо фосила зиёд аст. Ва баъид аст, ки ба ин наздикиҳо номуайянии марз байни ду кишвар аз байн бурда ва сокинони наздимарзӣ нафаси роҳат бикашанд.

Аммо як нуктаи ҷолиб дар навиштаи Ҳамрохон Зарифӣ ин аст, ки аз Русия ёдоварӣ карда онро ба ҳайси мушкилкушо ба қалам медиҳад. Ҷаноби Зарифӣ навиштааст, ки «Инчунин дар бораи сарпарастии Москва шӯру ҳангомаи зиёд вуҷуд дорад. Мехоҳам ҳангоматалабони саргармро ором кунам. Россияи имрӯза ин давраи Елтсин — Козирев нест. Дар мисоли танзими мушкилоти Сурия, Ховари Миёна ва ихтилофи кӯҳнаи Қафқоз, низоъи Озарбойҷон ва Арманистон — Россия қудрати пешинаи худро нишон дод. Ва вай ҳамчун иттифоқчии табиии кишварҳои Осиёи Марказӣ, фикр мекунам, ки барои ҳамзистии мусолиматомези кишварҳои ин минтақа ҳама корро мекунад. Ва ифротгароёни рангобаранг бояд инро дар хотир дошта бошанд».

Бале, ҳамин тавр «фикр мекунам, ки барои ҳамзистии мусолиматомези кишварҳои ин минтақа ҳама корро мекунад» гуфтани ин дипломати коркушта ва чекисти собиқадор, тасодуфӣ нест ва инки «ифротиҳои рангобаранг»-мегӯяд, дар омади гап асту асли гап изҳори тағйири мавқеи ҳукумати Тоҷикистон дар нисбати Русия барои миёнҷигарист: «Ҳама корро мекунад», гуфтани Зарифӣ, ба гумони ғолиб  як навъ изҳори пушаймонӣ ва тавбаи мақомоти Тоҷикистон аст, ки соли гузашта ба итобу шитоб Сергей Лавров, вазири хориҷии Русияро бар мудохила ба корҳои дохилии Тоҷикистон муттаҳам карда ва ҳатто нота ҳам фиристоданд, ки дар мубоҳисоти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон кордор нашавад. Аммо ҳоло, ки бечора шудаанд ва қирғизҳо «якбор барои ҳамеша» карданӣ ва буриданианд, онҳоро саросема карда ва дар банди таваҳҳум қарор додааст. Аҷаб не, ин «ҳама корро мекунад», гуфтанҳои Зарифӣ ишораҳо ба худи Раҳмону Ятимов ҳам бошад, ки шумо беҳуда «нота» фиристода будед ва инак қирғизҳо дар бозӣ гирифтаанд.

Вале пешниҳоди ба ҳайси миёнҷӣ вориди кор шудани Русия дар ин баҳсро як нафаре бо номи Алексей Герасимов ҳам ошкоро баён кардаас. Ба яқин ӯ як нафаре аст хеле огоҳ аз ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон:

«У России, которая позиционирует себя основным стратегическим партнёром каждой из стран СНГ, есть реальная возможность и авторитет для их примирения. Кроме того, Таджикистан занимает особое место, так как выполняет функцию форпоста ЦА и всего СНГ. Кыргызско-таджикские недоговорённости по делимитации и демаркации госграницы, как противостояние стран-членов ОДКБ и ШОС, имеют внутрисистемный характер и могут разрушить общую систему региональной безопасности.»

Ба гумони ғолиб ин шахс аз доираҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон аст ва инҷо арзи дили онҳоро гуфтааст.

Хуб, маълум аст, ки русҳо бо камтарин ишора барои миёнҷигарӣ омода мешванд. Вале инки идомаи ин музокира зери раҳбарии раисони КДАМ-и ҳарду кишвар ба ҷойе намерасадро боястӣ ҳарду ҷониб саҳлу сода нагиранд, агарчанд ки то вергулу нуқтаи ин гуфтушунид бо ризоияти худи руасои ҷамоҳири ду кишвар ҳам сурат бигирад ва агарчи Тошиеву Ятимов мансабдорони нуфузӣ ва мавриди эътимоди Ҷабборов ва Раҳмонанд. Ҳамин ки сафари аз қабл эълоншудаи Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки қарор буд дар моҳи март, баъди сафари ӯ Тошканд сурат бигирад, иттифоқ науфтод, натиҷаи ҳамин ба бунбаст рӯбарӯ шудани музокироти ҳайатҳо аст.

Ҳоло, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Ворухи Исфара сафар кардаву лентабурӣ мекунад, чизе иваз намешавад. Магар инки Ворух мақому манзалати таърихӣ ва воқеии худро ба даст оварад ва ворухӣ бидуни тарсу ҳарос битавонад, зиндагӣ ва кор кунад. Барои онки чунин шароит фароҳам бишавад, ҳукумат бояд кор кунад, варзишкорони мастчоҳиро инҷо оварадан чизеро ҳал намекунад.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд вазъи муҳоҷиронро бадтар кунанд

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки назорат бар муҳоҷират пурзӯр карда шуда, муҳоҷирон ба кор дар соҳаҳои тарбия, таълим ва тандурустӣ роҳ дода нашаванд.

Рустами Эмомалӣ дар Русия аз интихобот ва демократия гуфт

Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо мақомоти Русия масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Як муҳоҷирро бо иттиҳоми куштори духтари панҷмоҳааш боздошт карданд

Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав аз боздошти як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар куштори духтари панҷмоҳааш гумонбар мешавад.

Ҳамлаи густардаи Исроил ба Ғазза ва Лубнон

Артиши Исроил аз рӯзи 21-уми ноябр ҳамлаҳои худро болои мардуми Ғазза шиддат бахшидааст. Давоми 24 соати гузашта 120 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.