18.9 C
Dushanbe

Ҳамсари Ҷунайдулло Умаров: “Мо ҳам инсонем, ҷойи рафтан надорем, куҷо равем?”

Рӯзи 3-юми декабр додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ қарор баровардааст, ки наздикони Ҷунайдулло Умаров (Эшони Ҷунайдулло), сардори собиқи Раёсати бозрасии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки соли 2015 кушта шуда буд, манзилашонро холӣ кунанд. Вале наздикони Ҷунайдулло ба ин назаранд, ки ин манзил ба Ҷулайдулло тааллуқ надорад.

Гулдаста Салимова, ҳамсари Ҷунайдулло Умаров, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, хона аз соли 1961, замоне ки ҳанӯз Ҷунайдулло ба дунё наомада буд, ба номи модарам, Шарбат Салимова сабт гардидааст.

“Соли 1988 бо Ҷунайдулло оиладор шудем ва ӯ ба ин манзил хонадомод шуда омад. Ин хона аз модарам ба мерос мондааст ва ба шавҳарам тааллуқ надорад”, – иброз доштааст, ҳамсари Умаров.

Дар мактуби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ аз 31-уми марти имсол, ки ба Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардида, дар он омадааст, манзили баҳсӣ ба Ҷунайдулло Умаров тааллуқ дорад ва ҳанӯз соли 2016 бо қарори Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ ба фоидаи давлат мусодира шудааст.

Ҳамчунин дар санади Кумитаи сармоягузорӣ гуфта шудааст, ки Гулдаста Салимова “бо ҳамроҳии фарзандаш айни замон манзили мазкурро ғайриқонунӣ ишғол намуда, зиндагӣ мекунад. “Аз ин рӯ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ аз додгоҳ талаб кардааст, Гулдаста Салимоваро бо аҳли оила аз манзил бе додани манзили дигар” бикӯчонад.

Салимова гуфтааст, ки ҳамроҳаш дар ин манзил, шаш фарзанду набера ва хоҳараш зиндагӣ мекунанд, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст.

“Мо ҳам инсонем, ҷойи рафтан надорем, куҷо равем? Ман ин фарзандонро ба куҷо мебарам?”

Гулдаста Салимова, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Додгоҳи олӣ муроҷиат кардааст ва умед дорад, дар ин сардиҳо ӯ ва фарзандонашонро аз ин манзил берун намекунанд.

Ҷунайдуллоҳ Умаров аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик буд, ки баъд аз имзои Созишномаи сулҳ барои кор ба Вазорати дифоъ рафтааст. Вай зодаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, замоне ба ҳайси коменданти шаҳри Душанбе низ фаъолият кардааст.

Ҷунайдулло Умаров, сардори пешини Раёсати бозрасии ҳарбии Вазорати мудофиа моҳи сентябри соли 2015 дар ҷараёни ҳодисае кушта шуд, ки мақомот онро “кӯшиши табаддулоти давлатӣ” аз сӯи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим номиданд.

Ин ҳодиса қариб ду ҳафта идома карда, дар ниҳоят бо кушта шудани Абдуҳалим Назарзода, он замон генерал ва муовини вазири дифоъ ва баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ анҷомид.

Мақомот ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо Назарзода мутаҳам намуда, Ҳизбро бастанд ва ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид намуда, аъзоёни аршади онро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд. Масъулини Ҳизб ҳама гуна пайвандии худро ба қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим рад кардаанд. Ва то ҳол ҳеч давлате ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби террористӣ эътироф накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.