Лимити барқ дар Тоҷикистон бардошта мешавад?

Дар як-ду рӯзи оянда “лимит” ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон муваққатан бардошта мешавад.

Ба иддаои Муҳаммад Ғуломов, мудири Раёсати назорати тақсимоти барқ дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бардоштани лимит дар пайи гарм шудани ҳавову боришоти борон ва зиёд шудани оби дарёи Вахш фароҳам омадааст.

Ғуломов инчунин дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки бояд маҳдудият имрӯз, 10-уми апрел бардошта мешуд, вале бо баъзе сабабҳо каме ба таъхир афтодааст.

Дар ҳамин ҳол Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ҶСК “Барқи тоҷик” бидуни зикри рӯзи муайяне тасдиқ кард, ки бекор кардани маҳдудияти интиқоли барқ барои сокинон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, дар гузашта пас аз чунин эълонҳо сокинон аз идома ёфтани “лимит” дар кишвар шикоятҳои зиёде карда буданд ва маълум нест, ки имсол мақомот қарори худро иҷро хоҳанд кард ё на.

Ёдовар мешавем, ки ширкати “Барқи тоҷик” бо пахши изҳороте хабар дод, ки дар Тоҷикистон аз 22-уми сентябри соли 2024 “лимит”-и нерӯи барқ ҷорӣ шудааст.

Ва ин ширкат мисли ҳамеша эълон карда буд, ки маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинон ба “камшавии захираҳои об” ва “зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ” рабт дорад.

Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди маҳдудият дар интиқоли барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо бо фарорсии фасли зимистони гузашта, шикояти сокинон ва интиқоди раисҷумҳур акнун аз оғози маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон расман хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, камбуди барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, беш аз 30 сол аст, ки идома дорад ва то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Сокинон мегӯянд, чанд соли охир маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ моҳҳо тӯл мекашад, ҳатто давоми сол то 8 моҳ ҳам идома меёбад.

Худи Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба истифода додани чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” дар соли 2018 шодиёна гирифта буд, ки “дигар лимит ба афсона табдил шуд”. Аммо масъулони “Барқи тоҷик” дар моҳи июли соли 2024 гуфтанд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Мақомот барои ҳалли ин мушкилот чораҳои ҷиддӣ наандешида, ба сокинон роҳҳои алтернативиро пешниҳод мекунанд, аз ҷумла вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи июли соли гузашта аз мардум хоста буд, ки ангишт захира кунанд.

Сокинони кишвар бар ин боваранд, ки дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ барқ истеҳсол мешавад, вале мақомдорон онро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Узбекистон ва Қирғизистон бо нархҳои арзонтар мефурӯшанд.

Дар баробари ранҷ кашидани сокинон аз норасоии барқ, Ҳукумат маҳудидятҳои нав ба навро дар истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ карда истодааст.

Аз ҷумла, ҳафтае пеш вакилони кишвар қонунеро қабул карданд, ки тибқи он сокинон барои истифодаи “ғайриқонунӣ” ва “напардохтани пули нерӯи барқ” аз 27000 то 90000 сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол ба зиндонӣ мешаванд.

Инчунин муштариёне, ки зиёда аз 10 ҳазор киловат соат дар як моҳ барқ истифода мебаранд, арзиши барқ бо нархи корхонаҳои тиҷоратӣ барояшон ҳисоб карда мешавад ва то имрӯз мақомот 250 чунин муштаририро номнавис кардааанд.

Ва тибқи қарори нави Ҳукумати кишвар, аз 1-уми апрели соли 2025 арзиши нерӯи барқ низ боло рафт. Сокинон барои ҳар киловат соат барқ ба ҷойи 30,37 дирам 35,36 дирам пардохт хоҳанд кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.