Мақомот барои гузоштани “лайк” дигар касеро зиндонӣ намекунад?

Беш аз 1,5 ҳазор нафар бо иттиҳоми гузоштани “лайк” дар зери навору гузоришҳои ба гуфтаи мақомот “мамнуъ”, дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доранд.

Ин эътироф бори аввал аз забони Умед Каримзода, муовини аввали додситони кул рӯзи 10-уми апрел замоне ки тарҳи ислоҳ ба ду банди Кодекси ҷиноиро ба вакилони парлумони Тоҷикистон пешниҳод кард, садо дод.

Каримзода дар тарҳи пешниҳод кардааш аз вакилон хост, ки ба моддаҳои 179 (терроризм) ва 307 (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноӣ тағйиру иловаҳо ворид намоянд ва “ҷавобгарии ҷиноӣ барои гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳо” пурра бардошта шавад.

Гуфта мешавад, ин тарҳ аз ҷониби ҳарду палатаи парлумон ба тасвиб расида, ҳоло онро бояд президент имзо кунад ва пас аз нашр мавриди амал қарор мегирад.

Қабули тағйиру иловаҳо ба ин моддаҳои Кодекси ҷиноӣ дар ҳолест, ки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми октябри соли 2024 зимни чорабиние дар шаҳри Душанбе эътироф карда буд, ки муҷозоти шаҳрвандон ба хотири “лайк” гузоштан зери навору гузоришҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ беасос аст.

Ӯ ҳамзамон таъкид карда буд, ки баъзе намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои “лайк” гузоштани шаҳрвандон зери маводҳо дар интернет бар алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд ва бояд ба ин амал хотима дода шавад. 

Ҳоло маълум нест, ки пас аз қабули ин тарҳ нафарони зиндонишуда ба хотири “лайк”-у бознашр, ки миёни онҳо рӯзноманигору фаъолон ва ҳатто занон ҳастанд ва аксарашон барои гузоштани шарҳу “лайк” дар зери навору навиштаҳои мухолифону расонаҳои дар табъид қарор дошта зиндонӣ шудаанд, бегуноҳ дониста мешаванд ё хайр? 

Бояд гуфт, Тоҷикситон борҳо аз сӯи созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ барои муҷозот намудани шаҳрвандон ба хотири “писандидану ба дигарон фиристодани наворҳо дар интернет” танқид шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳодиса дар “Роғун”: шоҳидон аз захмӣ шудани коргарон мегӯянд, мақомот рад мекунанд

Мақомоти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи захмӣ шудани коргарон дар нерӯгоҳи “Роғун”-ро рад карда, сабаби ҳодисаро канда шудани ҳавзи оби техникӣ номиданд.

Маҷбуран бурдани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Панҷакент

Дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд се ҷавонро маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Дар ин бора як манбаи маҳаллӣ ба Azda.tv хабар дод.

Дар шаш моҳ қариб ним миллион тоҷикистонӣ барои кор ба Русия рафтаанд 

Дар нимсолаи аввали соли 2026 тақрибан 494,5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кор вориди Русия шудаанд.

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.