Хона блог

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

0
Акс: Аз интернет

Мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтаанд 170 хонаеро, ки дар натиҷаи табодули қаламрав бо Тоҷикистон ба ҳисоби ин кишвар гузаштаанд, ба сокинони осебдида аз даргириҳои марзӣ тақсим кунанд.

Ба иттилои хабаргузории давлатии “Кабар”, бо истинод ба намояндагии президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд, дар маҷмуъ 213 хона аз Тоҷикистон ба ҷониби Қирғизистон гузаштааст. Аз ин шумор 170 хона барои зиндагӣ муносиб дониста шудааст.

Гурӯҳи кории вилоятӣ масъалаи додани ин манзилҳоро ба шаҳрвандоне баррасӣ кардааст, ки дар даргириҳои солҳои 2021–2022 ду хонаи дар як қитъаи замин ҷойгирбудаашон корношоям шудааст. Қарор аст, хонаҳои аз Тоҷикистон гузашта барои ҳалли масъалаи манзили дуюми ин оилаҳо истифода шаванд.

Роҳбарии гурӯҳи кориро Бақтибек Токсонбоев, муовини аввали намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд, бар уҳда дорад. Ӯ ба масъулон супориш додааст, ки тақсими манзилҳо одилона ва мутобиқ ба қонун сурат гирад. Ба гуфтаи мақомоти вилоят, хонаҳо бояд рӯзҳои наздик ба шаҳрвандон супорида шаванд. Дар хабар маҳалли ҷойгиршавии ин 170 хона ва рӯйхати гирандагони онҳо зикр нашудааст.

Гуфта мешавад, ин манзилҳо дар натиҷаи табодули қитъаҳои марзӣ ба Қирғизистон гузаштаанд. Қаблан мақомоти ин кишвар аз сохтмони 257 хонаи нав барои шаҳрвандоне хабар дода буданд, ки манзилҳои пешинаашон пас аз тағйири марз дар қаламрави Тоҷикистон мондааст. Хонаҳои нав дар деҳаҳои Жани-Достук ва Мақсат ва шаҳри Раззоқови вилояти Бодканд сохта шудаанд.

Аммо дар ҷониби Тоҷикистон масъалаи таъмини сокинони кӯчонидашуда бо манзили муносиб қаблан баҳсбарангез шуда буд. Дар гузориши Радиои Озодӣ, ки 14-уми марти соли 2026 нашр шуда буд, чанде аз сокинони Хоҷаи Аълои Исфара гуфта буданд, хонаҳое, ки барояшон дода шудааст, аз манзилҳои пешинаашон бадтаранд.

Сокинон эътироз карда буданд, ки манзилҳое, ки мақомот барояшон додаанд, аз хонаҳои қаблияшон хурдтар ва бетаъмир ҳастанд. Онҳо таъкид карда бқданд, ки аз созиши марзӣ ҷонибдорӣ мекунанд, аммо ба шароити манзилҳои пешниҳодшуда розӣ нестанд.

Ба гузориши “Азия-Плюс” аз 5-уми феврали соли ҷорӣ, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода гуфта буд, ки 13 хонаи сокинони ноҳия ба Қирғизистон ва 36 хонаи ҷониби муқобил ба Тоҷикистон гузаштааст. Ӯ ваъда дода буд, ки арзиши амвол ҳисоб ва ҷуброни сокинон пардохт мешавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карданд. Тавофуқ табодули чанде аз қитъаҳои наздимарзиро низ дар бар мегирифт. Ҳамон рӯз фаъолияти ду гузаргоҳи марзӣ аз сар гирифта шуд.

То расидан ба созишномаи ниҳоӣ моҳи апрели соли 2021 ва сентябри соли 2022 даргириҳои бузурги хунин дар марзи ду кишвар сар зада буд, ки боиси кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар аз ду ҷониб гашта буд. Ва инчунин манзилҳои зиёде хароб гашта буданд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

0

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҳабси умрбод маҳкум кардааст. Аммо наздикони марҳум аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва мегӯянд, ки дар ин қазия нафари дигаре низ даст дорад.

Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми ноябр дар истинод ба як манбаи наздик ба додгоҳ навиштааст, ки ҳукми Эҳсон Бобоеви 31-сола ва Юсуф Шарифови 46-сола ҳанӯз дар нимаи моҳи октябр эълон шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, додгоҳ ин ду нафарро дар куштор ва чанд ҷинояти дигар гунаҳкор донистааст, аммо маҳкумшудагон ҳукмро ноодилона ва ҷазоро аз ҳад сангин хонда, барои бозбинии он ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Наздикони Маннон Содиқов низ дар мурофиа ва рӯзи эълони ҳукм ҳузур доштанд, вале аз хулосаи додгоҳ онҳо низ розӣ нестанд.

Яке аз пайвандони марҳум, ки ба далели амниятӣ нахостааст номаш нашр шавад, гуфтааст, ки дар қатли Содиқов нафари дигаре низ нақш доштааст, аммо мақомот ӯро на боздошт кардаанд ва на ба мурофиа даъват кардаанд.

Пайвандони Содиқов қаблан низ аз эҳтимоли даст доштани нафари дигар дар ин куштор изҳори нигаронӣ карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, марҳум ба ин шахс эътимод дошт ва хонавода мехост, ки нақши ӯ дар ҷараёни тафтишот ба таври ҷиддӣ санҷида шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷасади Маннон Содиқов моҳи майи соли ҷорӣ дар таҳхонаи як бинои нотамом дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Исфара пайдо шуда буд. Пайвандонаш гуфта буданд, ки ӯ бо худ 100 ҳазор доллар дошт ва ният доштааст барои озод кардани писараш аз зиндон ба Душанбе сафар кунад.

Абдусалом Содиқов, писари марҳум, соли 2024 бо иттиҳоми фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” ва яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ чанде пас аз куштори падараш бар асоси қонуни афв аз маҳбас озод гардид.

Тибқи фарзияи тафтишот, Бобоев ва Шарифов ӯро бо ҳамин баҳона ба мошин савор карда, ба Исфара бурдаанд. Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, гумонбарон дар дохили мошин дастони Содиқовро баста, маблағи ҳамроҳашро гирифта, сипас ӯро бо корд зада куштаанд ва ҷасадашро дар таҳхонаи як бинои нотамом пинҳон кардаанд.

Бояд гуфт, Эҳсон Бобоев то моҳи январи соли ҷорӣ дар ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон кор кардааст, аммо дар гузориши Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи куштори Содиқов ба собиқаи кори ӯ дар ин ниҳодҳо ишора нашудааст.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

0

Дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ба шаҳри Киришии вилояти Ленинград, дар яке аз бузургтарин полойишгоҳҳои Русия оташсӯзӣ рух дод. Ҳамзамон, чанд минтақаи ин кишвар фурӯши бензину дизелро маҳдуд кардаанд.

Ба гузориши Reuters, Александр Дрозденко, волии вилояти Ленинград, рӯзи 9-уми ноябр гуфта, ки полойишгоҳи Кириши шабона ҳадафи паҳподи украинӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, оташсӯзӣ маҳор шудааст. Дрозденко ҳамчунин аз марги як зан бар асари афтидани пораҳои паҳпод ба бинои истиқоматӣ дар шаҳри Всеволожск хабар дод. Ин ҳодиса дар маҳалли дигар, берун аз полойишгоҳ рух додааст.

Полойишгоҳи “Киришинефтеоргсинтез”, маъруф ба KINEF, ба ширкати “Сургутнефтегаз” тааллуқ дорад ва иқтидори лоиҳавии коркарди тақрибан 20 миллион тонна нафт дар солро дорад. Euronews аз осеб дидани се воҳиди коркарди нафт хабар додааст. Аммо дар гузоришҳои расмӣ ҳаҷми хисорот ва муҳлати эҳтимолии барқарорсозии фаъолияти ин воҳидҳо оварда нашудааст.

Ҳамла дар шароите сурат гирифт, ки камбуди сӯзишворӣ дубора дар чанд минтақаи Русия гузориш мешавад. Reuters рӯзи 9-уми ноябр бо такя ба мақомот ва расонаҳои русӣ навишт, ки дар ду ҳафтаи гузашта дастикам ҳашт полойишгоҳи бузург ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Дар Карелия фурӯши сӯзишворӣ дар нуқтаҳои канори шоҳроҳҳо барои ҳар харид ба 30 литр бензин ва 50 литр дизел маҳдуд шуда, фурӯш дар зарфҳои сайёр мамнуъ шудааст. Мақомоти минтақа ин чораҳоро муваққатӣ ва барои тақсими баробари захираҳо зарур донистаанд.

Дар гузориши тозатар, Reuters рӯзи 10-уми ноябр аз қавли ду манбаи соҳаи нафт хабар дод, ки ҳамлаҳои аз охири октябр идомаёфта тақрибан 30 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз дастрасӣ берун кардаанд. Аммо мақомоти расмӣ чунин омореро ҷое нашр накардаанд.

Тоҷикистон, ки воридоти сӯзишвориаш асосан аз Русия аст, ин ҳамлаҳо ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон аллакай таъсири худро расондааст. Агарчи мақомоти Тоҷикистон гаронии нархи сӯзишворӣ дар кишварро аз таъсири ҷанг намегӯянд, вале қаблан вазъи бозори ҷаҳонӣ, маҳдудиятҳои содиротии кишварҳои истеҳсолкунанда ва афзоиши хароҷоти интиқолро аз сабабҳои гаронӣ номида буданд.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

0
Акс: РИА Новости / Евгений Епанчинцев

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.

Ба гузориши “Волга Ньюс”, вакилони маҷлиси қонунгузори вилоят рӯзи 10-уми ноябр ду лоиҳаи қонунро дар ду хониш қабул карданд. Санадҳо ба пардохтҳои андозии шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳадди даромади зарурӣ барои зиндагии онҳо ва аъзои оилаашон дахл доранд.

Тибқи рақамҳое, ки ҳангоми баррасии лоиҳаҳо нашр шудаанд, пардохти моҳона барои муҳоҷироне, ки бо патент дар ширкатҳо ё назди соҳибкорони инфиродӣ кор мекунанд, 12 ҳазору 48 рубл пешбинӣ шудааст. Барои онҳое, ки назди шахсони воқеӣ ба корҳои шахсӣ ва хонагӣ машғуланд, ин маблағ 17 ҳазору 68 рубл хоҳад буд.

Барои ҳар фарзанди таҳти таъминоти муҳоҷир, ки ҳамроҳи ӯ дар Русия қарор дорад, пардохти иловагии моҳона низ пешбинӣ шудааст: барои гурӯҳи аввал 6 ҳазору 24 рубл ва барои гурӯҳи дуюм 8 ҳазору 534 рубл. Ин маблағҳо ба нисфи пардохти асосии ҳар гурӯҳ баробаранд.

Аз рӯи ҳамин рақамҳо, муҳоҷире, ки дар ширкат кор мекунад ва ду фарзандаш ҳамроҳаш ҳастанд, бояд моҳона дар маҷмуъ 24 ҳазору 96 рубл пардохт кунад. Барои муҳоҷири машғул ба корҳои хонагӣ бо ду фарзанд ин маблағ ба 34 ҳазору 136 рубл мерасад. Ин ҳисоб танҳо пардохтҳои зикршударо дар бар мегирад; ҳоло хароҷоти иҷора, ғизо, дармон ва дигар ниёзҳои моҳонаи оила ҷудо ҳастанд.

Тағйироти дигар ба даромади муҳоҷирон дахл дорад. Тибқи шарҳи нашршуда, барои соли 2027 ҳадди ақалли даромад барои худи муҳоҷир ва ҳар узви оилаи таҳти таъминоташ 29 ҳазору 932 рубл дар як моҳ, пеш аз пардохти андози собит, пешбинӣ шудааст. Дар сурати нокифоя будани даромад, эҳтимоли кӯтоҳ кардани муҳлати будубош, рад ё бекор кардани патент ва иҷозати иқомати муваққатӣ вуҷуд дорад.

Лоиҳаҳоро Вазорати меҳнат, шуғл ва сиёсати муҳоҷиратии вилояти Самара моҳи октябр пешниҳод карда буд. Рӯзи 9-уми ноябр кумитаи буҷети Дума онҳоро баррасӣ кард. Ба гузориши CityTraffic, маблағи пешбинишуда барои кормандони ширкатҳо нисбат ба соли 2026 ҳамагӣ 112 рубл бештар аст; аммо пардохтҳои иловагӣ барои фарзандон хароҷоти оилаҳои муҳоҷирро ба таври назаррас зиёд мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия ҳар сол қарорҳое вобаста ба кор ва будубоши муҳоҷирон қабул мекунанд, ки аз як тараф корёбӣ ва аз тарафи дигар шароити буду бошро барои онҳо дар кишвар сахт кардааст.

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

0
Акс: AI

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд. Дар ин бора нашрияи русии “Ведомости” бо такя ба лоиҳаи қарори ҳукумати Русия хабар додааст.

Тибқи ин санад, манъи ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кори таксӣ дар ҷумҳуриҳои Мордовия, Чувашистон, Тотористон ва Удмуртия, инчунин вилоятҳои Свердловск, Оренбург ва Уляновск ва Вилояти Мухтори Яҳудиён пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Калуга бошад, пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ аз кори хаткашонӣ (курерӣ) маҳрум карда шаванд.

Лоиҳаи мазкурро Вазорати меҳнати Русия таҳия карда, Комиссияи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ онро дар охири моҳи октябр ҷонибдорӣ кардааст. Марҳилаи баъдӣ имзои санад аз ҷониби нахуствазири Русия Михаил Мишустин мебошад. Ҳоло ин маҳдудиятҳои эълоншуда ҳанӯз дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Маҳдудиятҳои мазкур асосан ба шаҳрвандони кишварҳое дахл доранд, ки барои кор дар Русия бояд патент гиранд. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон, сарфи назар аз низоми бидуни раводид бо Русия, барои фаъолияти корӣ дар ин кишвар ба гирифтани патент ниёз доранд.

Аммо шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё — Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус аз ин маҳдудиятҳо истисно шудаанд. Инчунин, маҳдудият ба шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ ё доимӣ дар Русия доранд ва ба мутахассисони баландихтисос дахл нахоҳад дошт.

Дар Мордовия зарурати ҷорӣ кардани чунин маҳдудиятро ба вазъи садамаҳои нақлиётӣ рабт додаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ, дар солҳои 2024–2025 бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ 24 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки дар шаш маврид одамон ба ҳалокат расидаанд. Дар санадҳо ҳамчунин ба фаъолияти ғайриқонунии баъзе ронандагони таксӣ ва сарпечии онҳо аз иҷрои ҷазоҳои маъмурӣ ишора шудааст.

Ин иқдом дар ҳолест, ки маҳдудиятҳо барои фаъолияти кории муҳоҷирон дар бисёре аз минтақаҳои Русия аллакай ҷорӣ шудаанд. Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Русия, то моҳи июни соли 2026 дар 52 минтақаи кишвар ҷалби муҳоҷирони соҳиби патент ба баъзе бахшҳои иқтисод маҳдуд шуда буд.

Масалан, дар Санкт-Петербург кор кардани муҳоҷирони соҳиби патент дар таксӣ ва хадамоти хаткашонӣ то охири соли 2026 манъ шудааст. Моҳи октябри соли ҷорӣ рӯйхати соҳаҳои маҳдудшуда дар ин шаҳр васеъ гардида, баъзе намудҳои савдои чакана, фаъолияти варзишӣ ва хизматрасонии сартарошхонаю салонҳои зебоӣ низ ба он дохил карда шуданд.

Дар вилояти Краснодар бошад, аз соли 2025 маҳдудиятҳои васеъ барои ҷалби шаҳрвандони хориҷие, ки бар асоси патент кор мекунанд, ҷорӣ шудаанд. Дар вилояти Псков аз 1-уми июли соли 2026 чунин маҳдудиятҳо ба таксӣ, нақлиёти мусофирбар, расонидани молу маҳсулот, тарабхонаю қаҳвахонаҳо ва савдои машруботу маҳсулоти тамоку дахл пайдо карданд.

Дар вилояти Курск низ аз соли 2026 ҷалби муҳоҷирони соҳиби патент ба бахшҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар, таксӣ, расонидани молу маҳсулот, хӯроки умумӣ ва ғайра маҳдуд шудааст.

Бояд гуфт, ин маҳдудиятҳо боиси коҳиши сафарҳои кории шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Русия гаштааст. Аз ҷумла тибқи оморҳои нашркардаи “Ведомости” дар нимсолаи аввали соли 2026 шумораи воридшавии шаҳрвандони Узбекистон ба Русия бо ҳадафи кор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 дарсад кам шуда, 1,1 миллионро ташкил додааст.

Дар ҳамин давра аз Тоҷикистон 494,5 ҳазор сафари корӣ ба Русия сабт шудааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025 17,9 дарсад камтар мебошад.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

0

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ин тавсияҳо рӯзи 5-уми ноябри соли 2026, ҳангоми баррасии даврии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид садо доданд. Ҳайати Тоҷикистонро вазири адлия Музаффар Ашӯриён раҳбарӣ мекард. Бино ба иттилои расмии ҷониби Тоҷикистон, намояндагони 98 кишвари узви СММ ба ҳайат саволу тавсия пешниҳод карданд.

Гуфта мешавад, намояндаи Норвегия Лийке Бренд аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, таъқиби сиёсӣ алайҳи журналистон, вакилони дифоъ, ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифонро бас кунанд. Ӯ ҳамчунин озодии афроди худсарона боздоштшуда, қатъи саркӯби шаҳрвандони тоҷик дар хориҷ ва хотима додан ба бастани созмонҳои ҷамъиятӣ бо ангезаҳои сиёсиро тавсия додааст.

Биритониёи Кабир низ дар як изҳороти расмӣ, ки рӯзи 6-уми ноябр нашр шуд, аз Душанбе хоста шудааст, кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти озоди ҳамаи расонаҳо ва журналистонро ҳам дар интернет ва ҳам берун аз он таъмин кунад.

Лондон ҳамчунин тавсия додааст, ки Тоҷикистон Кодекси ҷиноии худро ба моддаҳои 19 ва 20-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мутобиқ созад. Аз ҷумла, мафҳумҳои ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ, терроризм ва амнияти миллӣ бояд дақиқ муайян шаванд, то баёни осоиштаи норозигӣ ва фаъолияти расонаӣ боиси ҷазо нагардад.

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Женева талош кардааст фаъолияти беш аз дусад нашрия, телевизион ва хабаргузории давлатию мустақилро ҳамчун намунаи фаъолияти озоди журналистон мисол биёрад.

Аммо арзёбии созмонҳои ҳомии озодии матбуот аз гузориши мақомоти тоҷик фарқ мекунад. Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) дар як гузориш аз 10-уми апрели соли 2026 навиштааст, ки баъд аз баррасии пешина дар соли 2021 вазъи озодии расонаҳо дар Тоҷикистон бадтар шудааст.

Ин созмон аз маҳкум шудани нуҳ журналист ба муҳлатҳои аз ҳафт то бист сол дар давраи баррасишаванда хабар дода, афзоиши худсонсурӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот ва истифодаи қонунҳои зидди ифротгароиро барои фишор ба аҳли матбуот аз мушкилоти асосӣ донистааст. CPJ аз ҷумла парвандаҳои Улфатхоним Мамадшоева, Далер Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Рухшона Ҳакимоваро баррасӣ кардааст.

Дар ҳамин гузориш фишор ба пайвандони журналистони муқими хориҷ, аз ҷумла кормандони Azda TV, низ зикр шудааст. CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, таъқиби журналистон барои фаъолияти касбӣ ва фишор ба хонаводаҳои онҳоро қатъ карда, парвандаҳои хабарнигорони зиндониро шаффоф бозбинӣ кунанд.

Дар нишасти Женева масъалаҳои дигар, аз ҷумла хушунати хонаводагӣ, издивоҷи кӯдакон ва пешгирии шиканҷа низ матраҳ шуданд. Бритониё аз Тоҷикистон хост, ҳамаи шаклҳои хушунати хонаводагиро ҷиноят эътироф кунад, истисноҳои иҷозадиҳандаи издивоҷи кӯдаконро аз байн барад ва бо тасвиби Протоколи ихтиёрии Конвенсияи зидди шиканҷа механизми мустақили пешгирии онро таъсис диҳад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

0

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба иттилои мақомоти Лаҳистон, як марди 24-сола бо мошин ба майдони асосии таърихии шаҳр — Rynek Główny ворид шуда, аз дохили мошин ба сӯи одамони гирду атроф оташ кушодааст. Пас аз дахолати пулис миёни гумонбар ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ тирпарронӣ сурат гирифта, ӯ захмӣ ва боздошт шуд.

Рӯзи 9-уми ноябр пулиси Лаҳистон хабар дод, ки гумонбар бар асари захмҳои гирифтааш дар беморхона фавтидааст. Мақомот мегӯянд, бо вуҷуди марги ӯ тафтишот идома хоҳад ёфт, то сабабҳои ҳамла ва эҳтимоли иртиботи ӯ бо дигар афрод муайян карда шавад.

Мақомоти тафтишотӣ ин ҳодисаро ҳамчун ҷинояти эҳтимолии дорои хусусияти террористӣ баррасӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки таҳқиқи ангезаҳои ҳамла ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Бархе мақомот дар бораи эҳтимоли таъсири андешаҳои ифротӣ сухан гуфтаанд, аммо тафсилоти ниҳоӣ ҳанӯз муайян нашудааст.

Ҳамчунин, дар манзили оилаи гумонбар дар шаҳри Островетс-Свентокшиски ҷасади се узви оилаи ӯ — падар, модар ва хоҳараш — пайдо шудааст. Мақомот гумон доранд, ки ин кушторҳо низ метавонанд ба ҳамин шахс иртибот дошта бошанд.

Дар миёни қурбониёни ҳамла шаҳрвандони Лаҳистон, Бритониё ва Австрия буданд. Чанд шаҳрванди хориҷӣ низ дар миёни осебдидагон қарор доранд.

Ҳодисаи Краков ҷомеаи Лаҳистонро такон дод. Ин шаҳр яке аз марказҳои бузурги сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад ва майдони асосии он ҳамеша пур аз сайёҳону сокинон мебошад.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

0

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии “Душанбе Сити Бонк” шикоят кард.

Дар навори видеоӣ ӯ мегӯяд, ки барои ҳалли як мушкили хурд дар як моҳ ду маротиба ба бонк муроҷиат кардааст, аммо ҳар дафъа маҷбур шудааст аз ду то се соат дар навбат интизор шавад.

Ин муштарии бонк суол мегузорад, ки чаро чунин масъалаҳоро тавассути хидматрасониҳои онлайнӣ ҳал кардан имкон надорад? Ба гуфтаи ӯ, вақте ба бонк паём мефиристад, ба ӯ тавсия медиҳанд, ки ба идора муроҷиат кунад. Дар натиҷа, барои ҳалли як масъалаи хурд муштариён маҷбур мешаванд соатҳои зиёд интизор шаванд.

Ин аввалин ҳолат нест, ки муштариён аз сифати хидматрасонии “Душанбе Сити Бонк” шикоят мекунанд. Қаблан низ сокинон аз тарзи хидматрасонии ин муассисаи молиявӣ норозигӣ баён карда буданд, аммо то ҳол, ба гуфтаи онҳо, ин мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо накардааст.

Қаблан “Душанбе Сити Бонк” ба рӯйхати муассисаҳое ворид шуда буд, ки нисбати онҳо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таҳрим ҷорӣ гардида буд. Тибқи қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, ширкатҳо ва шаҳрвандони кишварҳои узви ИА ҳақ надоштанд бо ин бонкҳо муомилоти молӣ анҷом диҳанд.

Иттиҳоди Аврупо ин муассисаҳои молиявиро ба кумак дар канор задани баъзе маҳдудиятҳои содиротӣ ва мусоидат ба интиқоли баъзе молу технологияҳое, ки метавонанд дар бахши низомии Русия истифода шаванд, муттаҳам карда буд.

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

0

Тибқи иттилои Бюрои миллии марказии Интерпол дар назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 4 225 шаҳрванди Тоҷикистон аз тариқи Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд. Аниқтараш доштанд, чун ин рақамро раҳбари ин бюро Тоҷиддин Нуридинзода ҳанӯз 21 июли соли 2026 эълон карда буд. Бо дарназардошти ин ки ӯ ҳамчунин эълон дошт танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ 403 нафар ба ин рӯйхат илова шудаанд, метавон тахмин зад, ки ин шумор ҳоло аз 4500 нафар ҳам убур кардааст.

Тоҷикистон аз рӯи шумори шаҳрвандонаш, ки дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор доранд, дар ҷаҳон ҷои севумро ишғол кардааст. Танҳо Русия ва Перу тавонистаанд бештар аз Тоҷикистон шаҳрвандони худро дар кофтукови пулиси байналмилал қарор диҳанд. Дар ҳамин ҳол, агар дар пайгарди Интерпол қарордоштаҳоро тибқи саршумори аҳолӣ ҳисоб шавад, Тоҷикистон хеле пештар аз ин ду кишвар ва умуман кишварҳои дигари ҷаҳон аст. Тибқи ин тавозун Тоҷикистон 3,2 баробар бештар аз Перу ва беш аз 12 баробар бештар аз Русия шаҳрвандонашро адр пайгарди Интерпол қарор додааст: аз ҳар 100 000 нафар Тоҷикистон 42, Перу 13 ва Русия 3,4 нафарро тариқи пулиси байналмилал меҷӯянд. Агар ин тавозун бо ҳамсояҳо муқоиса шавад, шумори ҷустуҷӯшавандаҳои тоҷик аз ҳамсояҳои узбек 4,4 баробар ва аз чиниҳо 168(!) баробар бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, таҳқиқоте, ки барои Парлумони Аврупо таҳия шудааст, аз истифодаи огоҳиномаҳои сурхи Интерпол барои таъқиби мухолифони тоҷик дар хориҷ хабар медиҳад, дар ҳоле, ки дар моддаи 3-юми ин ниҳод гуфта мешавад “ба Созмон ҳар гуна дахолат ё фаъолияте, ки хусусияти сиёсӣ, низомӣ, динӣ ё нажодӣ дорад, қатъиян манъ аст”. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар ироаи парвандаҳо – чи тариқи Интерпол ва чи мустақиман бо мақомоти кишварҳои дигар – ин моддаро “давр мезананд”: ба мухолифиниу норозиён бештар иттиҳомоти ҷиноӣ баста мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ин “даврзанӣ” чандон муваффақ нест. Ҳарчанд, ба мақомоти кишвар муяссар шуда даҳҳо нафарро аз ин тариқ ба кишвар баргардонида, маҳкум ба зиндон намоянд, шумори дархостҳои “муваффақ” нисбати шумори дархостҳое, ки рад шудаанд, бисёр ночиз аст. Барои мисол, соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистон аз Утриш хостанд 18 нафар шаҳрвнадонашонро, ки дар ин кишвар паноҳ бурдаанд, ба Тоҷикистон супоранд. Вале мақомоти Утриш ба кулли 18 дархост посухи рад доданд.

Ҳамаи 18 парванда сиёсӣ буданд: Тоҷикистон онҳоеро талаб мекард, ки ҷузъи мухонлифон ва ё аъзои хонаводаи онҳо буда, дар Утриш паноҳандагии сиёсӣ доштанд. Аммо сабаб танҳо дар сиёсӣ будани парвандаҳо набуд.
Ба мо муяссар шуд қисмате аз ин парвандаҳоро биёмӯзем ва дар бархе додгоҳҳо ширкат кунем. Ин парвандаҳо на танҳо пур аз иштибоҳоти ҳуқуқиву имлоӣ буданд, балки тазодҳоеро дар худ ҷой додаанд, ки як қисматаш қисмати дигарашро комилан инкор мекард. Ҳатто як нафаре, ки маълумоти ҳуқуқӣ надорад, метавонист аз ҳар сафҳаи он иштибоҳоти ҳуқуқӣ пайдо кунад. Додрасе баъди баррасии ду парванда, бидуни он ки парвандаи севумро ҳатто бихонад, қарорашро содир кард.

Дигар аз ҳаводиси ҷолиби ин парвандаҳо ин буд, ки яке аз муттаҳамон аслан вакили дифоъ намегирад. Вақте додрас аз ӯ мепурсад, ки чаро вакил надорӣ, мегӯяд, “ман баъди хондани парвандаам ба ҷои муфаттиши он бисёр хиҷолат кашидам. Шумову додситон ногузир ин парвандаро мехонед. Ман танҳо нахостам назди боз як нафари дигар, яъне вакил ба ҷои муфаттиши ҳамватанам хиҷолат бикашам”.

Аввали моҳи гузашта дар Душанбе нишасте бо ҳузури Ева Латти, мушовир ва ҳамоҳангсози бахши ҳуқуқии Котиботи генералии Интерпол ва дигар намояндагони созмон баргузор шуд, ки мавзуъи он тартиби таҳия, ирсол ва истифодаи огоҳиномаҳо ва дархостҳои мустақими Интерпол буд. Хабаргузории давлатии “Ховар”, аз ҷузъиёти дигари ин нишаст ба ҷуз ин, ки дар он Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, намояндагони Додгоҳи Олӣ, Додситонии кулл ва КДАМ ҳам иштирок кардаанд, чизе намегӯяд. Аз ҷумла дар бораи баррасии моддаи 3-и Оинномаи Интерпол ё ягон парвандаи мушаххаси сиёсӣ.

Аммо бо такя ба ин ишораҳои кӯтоҳ ва эътирози созмонҳои байналмиллалу бархе кишварҳо ба наҳваи таъқиби мухолифин аз ҷониби давлати Тоҷикистон, мешавад тахмин зад, ки ҳадди ақал яке аз мавзуъҳои нишаст бо ҳузури намояндагони Интерпол ва мақомоти Тоҷикистон парвандаҳои сиёсӣ будааст. Бо гумони ғолиб, намояндагони пулиси байналмиллал ба мақомоти Тоҷикистон нигарониашон аз сифати парвандаҳои ирсолшавандаро ҳам расонидаанд. Чун ирсоли парвандае, ки ҳатто нафарони саводи ҳуқуқӣ надошта камбудиҳои зиёди онро ифшо мекунанд, ё як ҷустуҷӯшаванда бинобар сифати бисёр поёни омодасозии парванда аз он хиҷолат мекашад, наметавонад пулиси байналмилалро бетараф гузорад.

Худи суиистифодаи Интерпол дар таъқиби мухолифон аз забони ниҳодҳои зиёде, аз ҷумла созмонҳои ҳуқуқи башар ва вакилони дифоъ дар аксари додгоҳҳо садо додааст ва ин наметавонад мақомоти пулиси байналмилалро бетараф гузорад. Ин ки Интерпол ба зудӣ наҳваи қабули парвандаҳо аз Тоҷикистонро бозбинӣ хоҳад кард, кайҳост, ки аз забони мутахассисони зиёд садо медиҳад ва имкон дорад ин ҷараён аллакай оғоз ёфта ва шояд яке аз сабабҳои сафари намояндагони он ба Тоҷикистон ҳам ҳамин бошад.

Аммо ба назар мерасад мақомоти Тоҷикистон ҷойгузини дигаре на танҳо барои Интерпол, балки муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

6 ноябр дар Остона, дар нишасти “Раванди Ақаба” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони минтақа ва подшоҳи Урдун истифодаи зеҳни сунъиро дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ карданд. Дар ин нишаст ду паҳлуи як масъала баррасӣ шуд: чӣ гуна метавон пеши роҳи истифодаи зеҳни сунъиро аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ гирифт ва худи давлатҳо чӣ гуна метавонанд онро дар мубориза бо терроризм ба кор баранд. Дар он намояндагони ҳар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва ширкатҳои фаъоли соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок доштанд.

Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, “хусусияти ҷинояткориро тағйир дода, хатару таҳдидҳои нави амниятиро ба вуҷуд меоранд”. Ӯ аз имкони истифодаи зеҳни сунъӣ аз сӯи “гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ ва тундгаро” изҳори нигаронии амиқ карда, иддаъо кард “сохторҳои террористӣ ва ифротгаро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, ҷалби пайравони нав, таъсиррасонӣ ба афкори умум ва тавлиди иттилооти бардурӯғ аз имкониятҳои технологияҳои муосир васеъ истифода мебаранд”. Ва пешниҳод намуд Маркази зеҳни сунъӣ дар Душанберо барои мубориза алайҳи ин падида дар кулли минтақа истифода баранд.
Қарор аст Маркази зеҳни сунъӣ дар маҷмааи IT-Hub Dushanbe, дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, бунёд шавад. Дар ҳамин маҷмаа бунёди мактаби фанновариҳои иттилоотӣ, технопарк ва маркази тиҷоратӣ ҳам пешбинӣ шудааст. 9 июни соли 2026 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, санги нахустини ин маҷмааро гузошт ва бо эҳтимоли зиёд он бунёд хоҳад шуд.

Вақте раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз шуруъи кори ин марказ дар бораи истифодаи имкониятҳои он дар мубориза бо “терроризму экстремизм” мегӯяд, дар ҳоле ки ин ду ибора аз забони мақомоти Тоҷикистон асосан алайҳи мухолифини сиёсӣ истифода мешавад, мешавад тахмин зад, ки ҳадди ақал яке аз вазифаҳои ин марказ таъқиби мухолифон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли дунё хоҳад буд.

Бо фарқ аз оинномаи пулиси байналмилал, ҳанӯз ҳеҷ санади ҳуқуқие дар бораи истифодаи ҳуши маснуъӣ аз тарафи режимҳо қабул нашудааст ва ин метавонад дасти онҳо дар таъқиби мухолифонашонро бозтар кунад.

Абдуманнон Шералиев

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

0
Акс аз интернет

“Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд”. Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Криштиану Роналду, ҳамлагари португалӣ ва яке аз машҳуртарин футболбозони ҷаҳон, дар синни 41-солагӣ аз анҷоми фаъолияти худ дар ҳайати тими миллии Португалия хабар дод. Ӯ навишт, ки аз роҳи тайкардааш бо сари баланд ва ифтихор канор меравад. Роналду инчунин гуфт, ки пироҳани рақами 7-ро ба насли оянда месупорад, вале пуштибони дастаи кишварашро идома медиҳад ва ҳар пирӯзиро бо “Siuu”-и машҳури худ ҷашн мегирад.

Криштиану Роналду бо 234 бозӣ ва 146 гол дар тими миллии Португалия рекордҳои таърихии футболи дастаҳои миллиро сабт кардааст. Роналду соли 2016 Португалияро барои бори аввал қаҳрамони Аврупо кард ва солҳои 2019 ва 2025 бо дастаи миллӣ ду бор Ҷоми Лигаи миллатҳоро ба даст овард. Ин барандаи панҷкаратаи “Тӯби тиллоӣ” ҳамчунин аввалин футболбозест, ки дар шаш Ҷоми ҷаҳонӣ гол задааст.

Охирин мусобиқаи бузурги ӯ Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 буд. Португалия дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби 0:1 ба Испания, ки баъдтар қаҳрамони ҷаҳон шуд, дар муқобил шикаст хӯрд.

Видоъи Роналду баъд аз чанд ҳафтаи пурмоҷаро сурат гирифт. Моҳи сентябр ӯ пас аз ихтилоф бо сармураббӣ Жорже Жезуш урдуи дастаро бидуни иҷозат тарк кард. Роналду гуфт, ки сабаб иҷро нашудани ваъдаи сармураббӣ буд, вале Жезуш ин иддаоро рад кард. Роналду пас аз он узр пурсид ва омодагии худро барои бозгашт изҳор кард, аммо Федератсияи футболи Португалия ӯро барои 30 рӯз аз бозиҳо маҳрум кард ва 255 евро ҷарима баст.

Пас аз эълони Роналду ҳама дар Португалия вокуниш нишон доданд. Федератсия аз ӯ барои саҳмаш дар таърихи футболи кишвар сипосгузорӣ кард. Жезуш гуфт, ки мехост Роналду дар даста бимонад, вале тасмими ӯро эҳтиром мекунад. Бруну Фернандеш ҳамсафашро «манбаи илҳом» номид, ва сарвазир Луиш Монтенегру навишт, ки дастовардҳои Роналду барои Португалия “ҷовидона” хоҳанд монд.

Бо вуҷуди видоъ аз дастаи миллӣ, Роналду аз футбол намеравад, ӯ ҳамчунон дар ҳайати бошгоҳи саудии «Ал-Наср» бозӣ мекунад.