18.6 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 473

Боздиди котиби Шӯрои амният аз кишти картошка ва сартарошхона

0

14-уми июли соли ҷорӣ котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмудзода Насрулло ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ноҳияи Ишкошим сафари корӣ анҷом доданд.

Бино бар иттилои сомонаи расмии  ВМКБ дар ин сафари корӣ котиби Шӯрои амният ва раиси вилоят аз заминҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия, бахусус аз кишти картошка дидан намудаанд. Дар идомаи сафар Маҳмудзода Насрулло ва Ёдгор Файзов бо рафти корҳои сохтмонии иншоотҳое, ки барои таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст, аз ҷумла сартарошхонаву мағоза шинос шудаанд.

Котиби Шӯрои амният дар ҳоле аз заминҳои кишти картошка дидан мекунад, ки минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ба тасарруфи ҳаракати Толибон даромадааст. Ҳатто субҳи имрӯз худи Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои ҳаммарз бо Афғонистон сафар намуда, аз сарбозон даъват намуд, ки барои ҳимояти сарҳади Тоҷикистон омода бошанд.

Ин дар ҳолест, ки вазъият дар марз бо Афғонистон ҳатто Вазири маориф Муҳаммадюсуф Имомзодаро нигарон кардааст. Вай 16-уми июл дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи маршировка гуфт: “Гӯё дар Тоҷикистон ягон проблемаи дигар нест. Ин қадар проблемае ки дар марзи Афғонистон аст, гӯё касе намешунавад…”

Гуфтанист, ки Маҳмудзода Насрулло моҳи марти соли 2020 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар курсии котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон такя зад.

Хабарнигори Ройтерз дар Афғонистон кушта шуд

0

Дониш Сиддиқӣ, хабарнигор ва аккоси “Reuters” дар вақти ҷанг байни Толибон ва нерӯҳои давлати Афғонистон кушта шуд.

Ба гузориши ББС, Дониш Сиддиқӣ ҳангоми адои рисолати касбӣ дар гузаргоҳи Спин Булдаки Қандаҳор дар марз бо Покистон Толибон ҷони худро аз даст додааст.

Дониш Сиддиқӣ журналист ва сардори аккосони Ройтерз дар Ҳиндустон буд, ки ба хотири пӯшиши ахбор ду ҳафта пеш ба Афғонистон сафар карда буд.

Дониш Сиддиқӣ ба хотири аккосиҳояш ҷоизадори чандин созмонҳост. Вай дар соли 2018 барои мустанадсозии ахбори Миянмар сазовори Ҷоизаи Пулитзер “Pulitzer Prize” шуда буд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон

0

Субҳи 16-уми июл президент Эмомалӣ Раҳмон бо анҷоми сафари корӣ аз вазъи сарҳад бо Афғонистон дар ду ноҳияи кишвар дидан кард.

Эмомалӣ Раҳмон сафари кории худро аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оғоз карда, сипас ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ рафт.

Вай зимни ин сафар бо сарҳадбонон, нерӯҳои эҳтиётии ба сарҳад ирсол шуда ва сарбозону афсарон мулоқотҳо анҷом дода, аз омодагии ҷангии онҳо ва тавониву имконоташон аз наздик шинос шуд.

Таъкид намуд, ки вазъият дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, мураккаб аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқотҳояш бо мақомоти амнияти миллии кишвар ва сарбозону афсарони марзбон аз тарафҳои даргир дар Афғонистон, ба хусус ҳаракати Толибон, ки дар ин авохир манотиқи назди сарҳадии вилоятҳои Балху Кундуз ва Тахору Бадахшони Афғонистонро тасарруф кардаанд, ном нагирифт.

Прзиденти Тоҷикистон бар хилофи мавзеъгириҳои қаблиаш дар бораи ҳаракати Толибон, ин дафъа онҳоро ваҳшӣ, тундгаро, ҷангҷӯ, тероррист ва ғайра нахонд.

Токио-2020: 10 варзишгар Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

0

Аз рӯзи 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 дар пойтахти Ҷопон, Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор мегардад. Варзишгарон дар 33 навъи варзиш барои дарёфти 339 маҷмӯи медалҳо бо ҳам рақобат мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо бояд 11 варзишгар намояндагӣ мекард, аммо бар асари ҷароҳат бардоштан Гулсумбӣ Шарифова наметавонад ба Токио сафар кунад ва дар рақобатҳои 200 метрӣ ширкат варзад. Табибон гуфтаанд, барои барқарор шудани саломатии Гулсумбӣ 6 моҳ вақт лозим аст.

10 нафар варзишгари дигар – ҷудокорон: Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Темур Раҳимов (то 100 кг); боксчиён: Баҳодур Усмонов (то 63 кг), Шаббос Неъматуллоев (то 81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз 91 кг); навъи варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м); шиноварон: Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м), Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) рӯзи 20 июл бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Токио ба Олимпиада мераванд.

Рӯзи 23-юми июл дар Токио маросими ифтитоҳи Бозиҳои 32-юми тобистонаи олимпӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯз парчами дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ҷудокор Темур Раҳимов мебардорад.

Ҷадвали мусобиқаҳои варзишгарони тоҷик дар Олимпиада

24 июл, шанбе

Бокс. Вазни то 81 кг. 1\16 финал. Шаббос Неъматуллоев.

25 июл, якшанбе

Бокс. Вазни зиёда аз 91 кг. 1\8 финал. Сиёвуш Зуҳуров.

26 июл, душанбе

Ҷудо. Вазни то 73 кг. Даври аввал ва финал.  Сомон Маҳмадбеков.

27 июл, сешанбе

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\16 финал.  Баҳодур Усмонов.

Вазни то 81 кг. 1\8 финал.

Ҷудо. Вазни то 81 кг. Даври аввал ва финал.  Акмал Муродов.

28 июл, чоршанбе

Ҷудо. Вазни то 90 кг. Даври аввал ва финал. Комроншоҳи  Устопириён

29 июл, панҷшанбе

Ҷудо. Вазни то 100 кг. Даври аввал ва финал. Темур Раҳимов.

30 июл, ҷумъа

Бокс. Вазни то 81 кг. 1\4 финал.

Шиноварӣ. Тарзи озод, 50 м. Мардон ва занон. Рақобатҳои пешакӣ. Олимҷон Эшонов ва  Анастасия Тюрина.

31 июл, шанбе

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\8 финал.

Шиноварӣ. Тарзи озод, 50 м. Рақобатҳои нимфиналӣ.

Варзиши сабук. Мардон. Давидан ба масофаи 100 м. Дави пешакӣ. Илдар Аҳмадиев

1 август, якшанбе

Бокс. Вазни то 81 кг. 1\2 финал.

Вазни зиёда аз 91 кг. 1\4 финал.

Шиноварӣ. Тарзи озод, 50 м. Рақобатҳои финалӣ.

Варзиши сабук. Мардон. Давидан ба масофаи 100 м. Рақобатҳои нимфиналӣ ва финал.

2 август, душанбе

Варзиши сабук. Занон. Давидан ба масофаи 200 м. Рақобатҳои нимфиналӣ

3 август, сешанбе

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\4 финал.

Варзиши сабук. Занон. Давидан ба масофаи 200 м. Финал

4 август, чоршанбе

Бокс. Вазни то 81 кг. Финал.

Вазни зиёда аз 91 кг. 1\2 финал.

6 август, ҷумъа

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\2 финал.

8 август, якшанбе

Бокс. Вазни то 63 кг. Финал

Вазни зиёда аз 91 кг. Финал

Ошкор шудани 83,2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ

0

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 83,2 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кард.

15-уми июл нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб баргузор шуд. Муовини раиси Палата Файзалӣ Аҳмадзода дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар натиҷаи 142 санҷиши фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бонкҳо, Палатаи ҳисоб 83,2 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян кардааст. Ва дар натиҷаи чораҳои андешидашуда ба хазинаи давлат 80,7 млн сомонӣ баргардонида шуд.

Гуфтанист, ки аксари қонуншиканиҳо ба кам ва пинҳон кардани пардохтҳои андоз рабт доранд, ки  он 51,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Пас аз он, хароҷоти ғайриқонунии нақдӣ – 19,4 миллион сомонӣ, зарари аз ҳад зиёд нишон додани ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон – 7,5 миллион сомонӣ, харҷи беҳудаи маблағҳо – 2,7 миллион сомонӣ.

Дар шӯъбаҳо ва муассисаҳо чунин қонуншиканиҳои молиявӣ, ба монанди беасос аз ҳисоб баровардани маблағҳо, қонуншиканӣ дар фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, напардохтани дивидендҳои саҳмияҳои давлатӣ ҷой доранд.

Дар Бонки милли Тоҷикистон 2,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Ба иттилои Палатаи ҳисоб қариб тамоми зарари молиявии дар БМТ ошкор гардида, барқарор карда шуд.

Тоҷикистон: Маҳкум шудани марди чорзана ба 14 моҳи корҳои ислоҳӣ

0

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон як сокини 35-сола, ки тибқи никоҳи шаръӣ дар як вақт бо чор зан зиндагӣ мекард, аз ҷониби Суд ба корҳои ислоҳии як солу думоҳа маҳкум шуд.

Файзалӣ Шарифов, сокини деҳаи Навкорами Ҷамоати деҳоти Г. Юсуфоваи ноҳияи Ёвон дар солҳои 2009, 2012 ва 2017 бо чор зан издивоҷ карда, аз онҳо соҳиби 9 фарзанд: 4 писар ва 5 духтар шудааст.

Ҳамсарони Файзалӣ Шарифов ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ду каси онҳо зодагони шаҳри Ваҳдат ва ду тои дигар ҳам аз сокинони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мебошанд.

Дар хабар гуфта мешавад, Файзалӣ Шарифов марти соли 2020 аз ду ҳамсараш, ки дар соли 2017 бо онҳо издивоҷ карда буд, тибқи талоқи шаръӣ ҷудо шудааст. Вай аз ин ҳамсаронаш, яке сокини шаҳри Ваҳдат ва дигаре аз ноҳияи Ёвон аст, соҳиби ду духтар як писар аст.

Суд Файзалӣ Шарифовро бар асоси моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба серзанагӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати як солу ду моҳ ба корҳои ислоҳӣ бо рӯёнидани 20 дарсади музди меҳнати он ба фоида давлат дар ҳамин ноҳия муваззаф кардааст.

Талаби 100 млн сом ҷуброни маънавӣ аз президенти Қирғизистон

0

Акин Токталиев, собиқ директори  Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон президенти ин кишвар Содир Ҷабборов ва сухангӯи пешини ӯро ба додгоҳ кашида, 100 млн.соми қирғизӣ ҷуброни маънавӣ талаб кардааст.

Акин Токталиев, собиқ директори Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғзии Радиои Озодӣ иддао кардааст, ки ӯро беасос аз вазифаи директори Комиссияи давлатӣ дар умури дини кишвараш сабукдӯш кардаанд.

“Вақте ки маро аз вазифа барканор карданд, Президент ва котиби онвақтаи матбуотии ӯ Галина Байтерек маро ба як экстримист баробар карданд”, – гуфт Токталиев.

Ӯ дар шикояти додгоҳияш аз Содир Ҷабборов ва котиби собиқаш 100 миллион сом (беш аз 1,1 миллион доллар) ҷуброни маънавӣ талаб кардааст.

Токталиев рӯзи 8-уми июл ба додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек шикоят бурд. Аммо аризаи ӯ рӯзи 12-уми июл бо сабаби камбуди ҳуҷҷатҳои лозима баргардонида шуд. Рӯзи дигар Токталиев ҳуҷҷатҳоро илова кард ва дубора ба додгоҳ муроҷиат кард.

Дастгоҳи Президенти Қирғизистон ва Галина Байтерек ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Акин Токталиев моҳи ноябри соли 2020 аз ҷониби Содир Ҷабборов, ки он замон иҷрокунандаи Президент буд, ба вазифаи директори Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон таъйин шуд. Аммо баъд аз се моҳи фаъолият санаи 9-уми феврали соли 2021 аз ин вазифа барканор шуд.

Айни замон Акин Токталиев “Кумитаи ҳифзи обрӯву эътибори мардуми Қирғизистон”-ро роҳбарӣ мекунад. Ӯ ҳамчун ҳимоятгар дар парвандаи пурсарусадои гаравгон гирифтани раҳбари вилояти Иссиқ-Кӯл аз Содир Ҷабборов ҳимоя карда буд. Он замон изҳор дошта буд, ки ин парванда дорои ангезаи сиёсӣ аст.

Болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

0

Хадамоти зиддинҳосорӣ болоравии нархи сӯзишвориро ба болоравии нархҳо дар кишварҳои истеҳсолкунанда рабт дод.

Рӯзи 14-уми июл дар Душанбе, нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳосирии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин нишаст муовини аввали раиси Хадамот Сафаралӣ Қурбонзода ба хабарнигорон гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 112,4 ҳазор тонна бензин ба маблағи 61,2 миллион доллар ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 ҳазор тонна камтар аст.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи мониторинги гузаронидашуда, нархи миёнаи бензини воридотӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,7% (аз 420 то 545 доллар барои як тонна) афзоиш ёфтааст.

Дар идома Қурбонзода қайд намуд, ки моҳҳои январ ва феврали соли равон нархи бензини воридотӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт, вале аз моҳи марти соли равон нархи он афзоиш ёфтааст.

Зикр гардид, ки то 12-уми июли соли 2021 нархи чаканаи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомониро ташкил медиҳад ва дар ҳоли ҳозир дар ин бахши бозори маҳсулот норасоӣ ба назар нарасидааст, вале коҳишёбии фурӯши чаканаи он мушоҳида шудааст.

Ба суоли хабарнигорон дар бораи болоравии нархҳо, муовини аввали раиси Хадамот гуфт, ки ҷаҳиши нархи сӯзишворӣ ба болоравии нархҳо дар кишварҳои истеҳсолкунанда рабт дорад.

Тоҷикистон сӯзишвориро, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон 29 воридкунандаи сӯзишворӣ сабти ном шудааст. Яке аз воридкунандаҳои асосӣ ширкати “Газпроми Тоҷикистон”-у ширкатҳои фаръии он, ки бо номҳои мухталиф сабти ном шудаанд ва воридкунанда ва фурӯшандаи аслии дигари сӯзишворӣ дар кишвар ширкати Фароз мебошад , ки ба Шамсулло Соҳибов домоди Эмомамалӣ Раҳмонов тааллуқ дорад.

Коршиносон сабаби аслии болоравии нархи сӯзишвориро дар инҳисор шудани ин бозор рабт медиҳанд.

Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон постгоҳ месозад

0

Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон посгоҳи марзии замонавӣ месозад. Дар ин бора ба “РИА Новости” намояндаи Президенти Русия оид ба масоили Афғонистон, Замир Кабулов хабар дод.

Кабулов мегӯяд, Маскав барои сохтмони ин посгоҳ кумаки молӣ мекунад ва тамоми маблағҳо аллакай барои иҷрои ин тарҳ ҷудо шудаанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров моҳи май дар ҷараёни сафари худ ба Душанбе гуфт, ки Русия ва Тоҷикистон метавонанд ба зудӣ як созишнома дар бораи бунёди посгоҳи нави марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ба имзо расонанд, ки Маскав барои ин тарҳ кумаки молиявӣ мерасонад.

Ҳафтаи пеш 6-июл Раҳмон низ бо чанде аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба хусус бо Путин дар як сӯҳбати телефонӣ оиди таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва аҳамияти стратегӣ доштани ин нуқтаро таъкид карда буданд. Ҳамчунин масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баррасӣ шуда буд.

Мушкили вазъи Афғонистон махсусан пас аз он оғоз, ки Иёлоти Муттаҳида ба хуруҷи нерӯҳояшон аз қаламрави Афғонистон дар 1 май шурӯъ кард. Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки артиши ИМА то 11 сентябр кишварро комилан тарк хоҳад кард.