Муҳоҷирон дигар дар вилояти Маскав “шаурма” фурӯхта наметавонанд

Мақомоти вилояти Маскави Федератсияи Русия мехоҳанд муҳоҷиронро аз кор дар баъзе соҳаҳо мамнуъ кунанд.

Аз 1-уми январи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят муҳоҷирон дигар дар соҳаҳои хидматрасониҳои иҷтимоӣ, варзиш, фарҳанг, тандурустӣ ва маориф кор карда наметавонанд. Ҳамзамон шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи омода ва фурӯши хӯрокҳои сарироҳӣ ва нӯшокиҳои спиртву тамокуро нахоҳанд дошт.

Гуфта мешавад, ин қарор дар ҷаласаи раиси вилояти Маскав Андрей Воробёв бо аъзои ҳукумат ва роҳбарони шаҳрҳо баррасӣ гардидааст.

Муовини раиси ҳукумати вилоят, Наталия Масленкина гуфтааст, ки айни замон дар ин минтақа маҳдудияти 15 дарсад барои ҷалби кормандони хориҷӣ дар савдои чаканаи нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку амал мекунад. Аммо аз соли 2025 вилояти Маскав қасд дорад ба 22 минтақаи Русия, ки чунин фаъолиятро барои хориҷиён пурра манъ кардаанд, ҳамроҳ шавад.

Ба иддаои Масленкина, дар давоми се соли охир шумораи шикоятҳо дар мавриди фаъолияти кормандони хориҷӣ дар соҳаи савдо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Вай инчунин таъкид кардааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд барои кор дар Русия иҷозати корӣ (патент)-и махсус дошта бошанд ва барои набудани он ҳам муҳоҷирон ва ҳам корфармоён ҷавобгар ҳастанд.

Қаблан раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин хабар дода буд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Дума барои тақвияти назорат дар соҳаи муҳоҷират дар минтақаҳо чандин пешниҳод садо додааст.

Гуфта мешавад, чанд моҳи охир мақомоти Русия фишор болои муҳоҷирони кориро бештар карда, барои маҳдуд кардани фаъолияти онҳо қонунҳои зиёдеро қабул мекунанд. Ҳатто кори муҳоҷирон бо баҳонаи амниятӣ дар таксиронӣ дар аксар минтақаҳои ин кишвар манъ шуда, нархи иҷозатномаи корӣ ҳам гарон шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.

Дар Ашт нерӯгоҳи офтобӣ ифтитоҳ шуд. Лимити барқ аз байн меравад?

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 21-уми сентябри соли 2026 бо иштироки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт ба истифода дода шуд.

БРО ба Тоҷикистон $43 млн грант медиҳад: Ин маблағҳо куҷо сарф мешаванд?

Бонки Рушди Осиёӣ (БРО) тасдиқ кард, ки барои ислоҳоти бахши тандурустӣ ва тақвияти бехатарии тиббӣ ба Тоҷикистон 43,27 миллион доллар грант ҷудо мекунад.

Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумоти бонкии муҳоҷиронро тафтиш кунад

Акнун Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонанд мустақлиона ва бо қарор додгоҳ фаъолиятҳои молии муҳоҷиронро тафтиш кунанд.