-2.1 C
Dushanbe

Нигоҳе ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024

Соли 2024 соли пурчолише барои иқтисоди Тоҷикистон буд. Мушкилоти муҳоҷирон дар кишварҳои ИДМ, таварруми пули миллӣ ва таъсири он  дар иқтисоди кишвар аз ҷумлаи чолишҳои бузурги сол буд.

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ

ВК. Дар нимсолаи аввали соли 2024 Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар ба 61,7 млрд сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 8,2%-ро ташкил кардааст. Тибқи пешбинӣ, бояд дар соли 2024 ин нишондиҳанда ҳудуди 4,5% то 6,5%-ро ташкил намуда, то ҳудуди 136 млрд сомонӣ расад.

Саҳми маҳсулоти саноатӣ дар рушди иқтисод 11,5%, истеҳсоли кишоварзӣ – 9,6%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ – 15,7%, гардиши савдо – 11,9%, боркашонӣ – 13,8% ва мусофиркашонӣ – 9%-ро ташкил кардааст.

Агарчи рушди ММД-и кишвар дар минтақа яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад, вале аз сабаби шаффоф набудани ҳисоботи мақомоти кишвар, аз ҷумла Агентии омор, коршиносон ба ин нишондиҳандаҳо бо шубҳа назар мекунанд. 

Зеро агар аз як тараф зиёданависӣ дар мақомоти гуногуни ҳукумат як чизи табиӣ ҳам шуда бошад, вале аз тарафи дигар ҳаҷми иқтисоди соявии кишвар, яъне пинҳон кардани истеҳсолоту хидматрасониҳо барои гурез аз андоз низ назаррас аст. 

Ҳамчунин ҳукумати кишвар талош мекунад ҳаҷми ММД-и 136 млрд сомонӣ, ё 12 млрд долларро чун дастоварди бузург нишон диҳад. Вале дар асл ин нишондиҳанда барои кишваре, ки 10 млн аҳолӣ дорад, хеле кам ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар қатори кишварҳои қашшоқи африқоии Намибия (2,5 млн аҳолӣ) ва Гвинеяи Экваторӣ (1,5 млн аҳолӣ) меистад. Яъне, маҷмуи хизматрасониҳо ва молҳои истеҳсолшуда дар ин кишварҳо тақрибан баробар аст, дар ҳоле, ки аҳолии Тоҷикистон аз Намибия 4 маротиба ва аз Гвинеяи Экваторӣ 7 баробар бештар аст.

ВК. Рушди иқтисод дар оянда низ ба душвориҳо дучор мешавад, зеро иқтисоди минтақа ва кишварҳои шарики Тоҷикистон суст рушд карда истодаанд. Илова бар он, ислоҳоти дохилӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ низ хеле суст ба роҳ монда шудаанд. 

Сатҳи баланди коррупсия, монополикунонии тиҷоратҳои бузург, имтиёзҳои ноодилона ба як қатор ширкатҳо ва тафтишоти беҳисоби мақомот низ боис мешаванд, ки тиҷоратҳои хурду миёна ба буҳрон гирифтор шуда, маҷбур шаванд тарки фаъолият кунанд. Ин ҳама монеъи рушди ММД ва дар натиҷа рушди иқтисоди миллӣ мешавад.

Соҳаи энергетика

Истеҳсоли барқ яке аз нуқтаҳои муҳими иқтисоди миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кишвар солона содироти барқро ба кишварҳои минтақа афзоиш дода, ҳатто барои худ бозорҳои нав пайдо мекунад. Аз ҷумла, Тоҷикистон аввалин маротиба бо Қазоқистон қарордоди муддаташ 20 сол дар мавриди таъмини барқ бастааст. Ҳаҷми барқи содиршавандаро тарафҳо эълон накарданд.

Таъмин намудани эҳтиёҷоти дохилии кишвар бо барқ, ба назар мерасад, барои ҳукумат дар ҷои аввал намеистад, зеро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар барқ боз ҳам қатъ мешавад.

“Сохтмони аср” 

Тақдири “сохтмони аср” – НБО “Роғун”, ки ҳамчу муҳимтарин лоиҳаи соҳаи энергитика ва яке аз содироткунандагони асосии “энергияи сабз” ба қалам дода мешавад, то ҳол номаълум мемонад. Агарчи сохтмон идома дорад ва ҳукумат аз тарафҳои гуногун миллиардҳо доллар гранту қарз ба даст меорад, вале чор чархаи боқимонда кай ба кор медарояд, то ҳол маълум нест. Ҳукумат эълон кардааст, ки насби чархаи севум тирамоҳи соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Миқдори қарзу грантҳо, ки ҳукумат барои “сохтмони аср” гирифтааст, ба 2 миллиард дакка задааст. Танҳо ҳамин сол ба ҳамин мақсад ҳукумат наздик ба 1 миллиард доллар гранту қарз ба даст овард. 

Ногуфта намонад, ки қарордод бо Қазоқистонро маҳз ҳамин нерӯгоҳ бастааст. Дар ҳоле, ки ҳоло сохтмон кай ба охир мерасад маълум нест, вале ин ширкат аллакай қарордод барои содироти барқ бастааст. Ин нуқта равшан нишон медиҳад, ки вазъияти молии ширкат хароб аст ва шадидан ба пули нақд эҳтиёҷ дорад.

Содироту воридот

Содироти кишвар дар соли 2024 рушд кардааст. Тибқи омори моҳҳои январ-октябр, он 1 млрд 547,3 млн долларро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 млн доллар ё 1,6% бештар аст. Таҳлили сатҳӣ нишон медиҳад, ки қисми зиёди он – 298,5 млн доллар аз ҳисоби фурӯши металли қимматбаҳо, аниқтараш тилло будааст. 

Тибқи омори дастрас, дар нимсолаи аввали соли 2024 кишвар нахи пахта ба маблағи 95,6 млн доллар, алюминӣ – 90,4 млн доллар, сурма ба маблағи 88,3 млн доллар, мис – 19,9 млн доллар содир кардааст. Шарикони асосии содиротии кишвар Швейтсария (298,5 млн доллар), Чин (300 млн доллар) Қазоқистон (150 млн доллар) гуфта мешаванд.

Аз рақамҳои боло бармеояд, ки Тоҷикистон тиллоро танҳо ба Швейтсария содир кардааст. Чин бошад, аз тариқи ширкатҳои чинӣ, ки аксарияти кулли канданиҳои фоиданоки Тоҷикистонро зери тасарруфи худ даровардаанд, маҳсулоти маъданиро бурдааст.

Воридоти мол ба Тоҷикистон низ дар моҳҳои январ-октябри 2024 афзоиш ёфта, 5 млрд 767,8 млн долларро ташкил кардааст. Ин нишондиҳанда  нисбат ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд 122,3 млн доллар, ё 24,2% бештар мебошад.

Тибқи додаи Агентии омор, асосан воридот аз ҳисоби маҳсулоти растанӣ (7,8%), маҳсулоти тайёри ғизоӣ (24,7) чӯбу тахта (38,7%), металлҳои қиматбаҳо (23,3%)  ва мошину таҷҳизот (24,4%) афзоиш ёфтааст.

Ҳанӯз декабри соли 2023 Бонки рушди осиёӣ пешгӯӣ карда буд, ки кишвар ба маводи хӯрокаи воридотӣ бештар вобаста мешавад ва ин дар навбати худ, амнияти хӯроквории кишварро заиф карда, осебпазирии аҳолиро дар ҳолати офатҳои табиӣ бештар мекунад. Тибқи омор, танҳо соли 2024 воридоти намудҳои гуногуни маводи хӯрока наздик ба 30% афзоиш ёфтааст.

Воридот аз содирот аз панҷ баробар бештар буд. Чунин камомади савдо заиф будани иқтисод ва вобастагии онро аз воридот нишон медиҳад. Иқтисоди кишвар бештар ба содирот нигарон нашудааст, ки ин боиси камбудии асъори хориҷӣ мешавад. Ин дар навбати худ боиси таварруми пули миллӣ ва паст шудани сатҳи умумии зиндагии аҳолӣ мешавад.

Қарзҳои хориҷӣ

Тибқи омори расмӣ, моҳи июли соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон ба 3,6 млрд доллар баробар шуд, ки аз он 3,2 млрд доллар қарзи хориҷӣ ва ҳудуди 400 млн доллар қарзи дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Вале коршиносони ташкилоти CEIC ва дигарон дар такя ба Бонки милии Тоҷикистон қайд мекунанд, ки қарзи давлатии Тоҷикистон ба 6,2 миллиард баробар шудааст. Дар сомонаи худи Бонки милӣ чунин маълумот дастрас нест.

Ҳаҷми умумии қарзҳои хориҷӣ ба 23,7%-и ММД баробар аст. Калонҳаҷмтарин қарзҳои кишвар аз Эскимбонки Чин (ҳудуди 900 млн доллар) ва вомбаргҳо (евробонд) (500 млн доллар) ба ҳисоб мераванд.

Тибқи омори Ваорати молия, моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (371,4 млн доллар), Бонки рушди осиёӣ (268,3 млн доллар), Сандуқи байналмиллалии пул (189,5 млн доллар) Бонки исломии рушд (211,6 млн доллар), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (167,2 млн доллар) ва дигарон қарздор аст.  

Боз чанд қарордодҳои дигар бо бонкҳои байналмилалӣ баста шудаанд. Қарзи хориҷии кишвар соли оянда боз ҳам бештар хоҳад шуд. 

Ҳаҷми қарзҳои хориҷии кишвар сол аз сол бештар шуда, пардохти он низ солона ҳудуди 250 млн долларро ташкил медиҳад. Танҳо фоизи пардохтшаванда солона ҳудуди 80 млн долларро ташкил медиҳад. Дар ҳолати зиёд шудани қарзҳо пардохти он бори сангине ба буҷети кишвар хоҳад буд. 

Хатари дигари зиёд шудани қарзҳо дар он аст, ки барои пардохти як қарз ҳукумат метавонад қарзи дигаре ба даст орад. Ҳукумати Тоҷикистон аллакай ин корро чанд маротиба кардааст ва иқтисоди миллиро зери хатар гузоштааст.

Таваррум

Сатҳи таварруми пули миллӣ агарчи нисбат ба солҳои пешин камтар ба назар мерасад, вале коршиносон афзоиши назарраси арзиши пойафзолу либос, доруворӣ ва маводи хӯрокаро ба қайд гирифтаанд. Бахусус, нархи орд, равған, биринҷ, шакар ва мева ба таври чашмгир боло рафтааст.

Аз тарафи дигар, поён рафтани нархи нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ боиси арзон шудани бензину газ дар кишвар шудааст. Дар умум, 47,4% таваррум ба маводи ғайрихӯрока ва 44,7% ба маводи хӯрока рост меояд.

Дар шароити баланд нашудани маоши миёна ва душвориҳои муҳоҷирони корӣ ҳангоми интиқоли пул ба кишвар, хусусан дар нимсолаи дувум некӯаҳволии сокинон ба таври назаррас бадтар шудааст. 

Сабабҳои асосии таваррум таҳримот алайҳи Русия – муҳимтарин шарики иқтисодии Тоҷикистон, вобастагии кишвар аз воридот аз Русия (30%), вобастагии иқтисоди кишвар аз воридот (50%), кам шудани интиқоли маблағҳо дар натиҷаи заиф шудани иқтисоди Русия, паст шудани қурби рубли русӣ ва шадид шудани қонунҳои будубош дар ин кишвар гуфта мешавад.

Вобастагӣ аз Чину Русия

Ҳукумати кишвар хеле талош мекунад, ки бо кишварҳои дигари ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ барпо намояд. Вале то ҳол иқтисоди Тоҷикистон аз ду кишвар – Чин ва Русия вобастагии зиёд дорад. Чин агар аз як тараф бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди кишвар (2,6 млрд доллар) бошад, аз тарафи дигар бештари лавозимоти асосӣ ва маводи ғайрихӯрока аз ин кишвар ворид мешавад. Илова бар он, Чин соҳаҳои муайян, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, истеҳсоли семент ва маводи сохтмониро соҳиб шудааст ё монополӣ кардааст. Кор то ҷое расидааст, ки аз чор андозсупорандаи бузургтарини кишвар сетояш корхонаҳои чинӣ мебошанд.

Русия бошад, бузургтарин таъминкунадаи бензину дизел ба ҳисоб меравад. Аз тарафи дигар, Русия бузургтарин таъминкунадаи ҷои корӣ барои муҳоҷирон боқӣ мондааст. Бо вуҷуди талоши ҳукумат ва қарордодҳо бо дигар кишварҳо, то ҳол миллионҳо нафар  муҳоҷирони кории тоҷик барои ёфтани пораи нон ба Русия мераванд.

Буҷети давлатӣ

Соли 2024 даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои воридот ба маблағи 43 миллиард сомони пешбинӣ шуда буд. Қисми хароҷоти он бошад, 44,1 миллиард сомонӣ ба назар гирифта шуда, камомади буҷет 1,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуд. Тиқби нақша, ин камомадро бояд аз ҳисоби грантҳову қарзҳои дарозмуддат пурра мекарданд.

Тавре Вазорати молия гузориш медиҳад, даромади буҷети давлатӣ дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 33,3 млн сомониро ташкил додааст, ки ба 105% нақша баробар аст. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввал 3,8 млрд сомонӣ маблағҳои грантӣ (101,1%-и нақша) ва 1,1 млрд сомонӣ маблағҳои қарзӣ (107%) ворид шудааст. Маълум нест, ки ин қарзу грант барои пӯшидани камомади буҷет ба нақша гирифта шуда буданд ё барои ҳадафҳои дигар. Ҳисоботи хароҷоти ин маблағҳои грантиву қарзӣ, чун одат, ироа намешавад.

Коршиносон моҳи июн тахмин карда буданд, ки соли 2024 буҷет ба камомад аз ҳисоби коҳиш ёфтани даромадҳои андоз аз арзиши иловашуда ва афзоиши хароҷот барои сохтмони НБО “Роғун” дучор хоҳад шуд. Ин метавонад боис шавад, ки кишвар ба буҳрони қарз гирифтор шавад.

Эътимод ба иқтисод

Дар умум эътимоди мардум ба иқтисоди миллӣ дар давоми сол паст шуд. Аз ҷумла, сентябри соли 2024 эътимоди истеъмолкунандагон дар асари бадшавии шароит барои харидҳои калон ба пасттарин дараҷа расида, 148,8 бандро ташкил додааст.  

Интиқоли маблағҳо

Барои кишваре, ки 1,5 – 2 миллион шаҳрвандонаш дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, интиқоли маблағҳо аз хориҷа аз муҳимтарин сарчашмаи пули хориҷа ба кишвар ва омили муҳими некӯаҳволии мардум ба ҳисоб меравад.

Тибқи омор, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ғайричашмдошт ҳаҷми интиқоли маблағҳо боло рафтааст, вале дар семоҳаи дувум аллакай коҳиши назарраси интиқол дида мешавад. Коршиносон инро ба ҳамла ба маркази “Крокус” ва шадид шудани вазъи муҳоҷирон пас аз он рабт медиҳанд. Дар нимсолаи дувум бошад, бо назардошти якбора паст шудани қурби рубли русӣ ва боз ҳам шадидтар шудани сиёсати муҳоҷират дар аксари кишварҳо интиқоли маблағ ба Тоқикистон боз ҳам кам хоҳад шуд.

Озодиҳо ва бекорӣ

Дар радабандии озодиҳои иқтисодӣ Тоҷикистон имсол дар ҷои 90-ум ҷойгир шуд. Ин нисбат ба соли гузашта (,ки дар ҷои 100-ум қарор дошт,) 10 банд беҳтар аст.

Сатҳи бекорӣ бошад, тибқи гузориши ҳукумат, паст шудааст. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 49 ҳазор шаҳрванд ҳамчу бекор ба қайд гирифта шудаанд, ки 1,8%-и аҳолии қобили корро ташкил медиҳанд. Ба таври шубҳаангез кам будани ин нишондиҳанда аслан содда шарҳ дода мешавад: ҳукумат ҳамчу бекор танҳо шахсеро ба қайд мегирад, ки худаш ба идораи шуғли аҳолӣ муроҷиат кунад. Дар асл сатҳи бекорӣ бояд дар умум, дар асоси интихоби қишрҳои муайян ва формулаҳои муайян ҳисоб карда шавад. Усуле, ки дар Тоҷикистон истифода мешавад, воқеияти ҳолро наметавонад нишон диҳад.

Хулоса

Бо вуҷуди душвориҳо ва чолишҳо дар минтақа, иқтисоди миллии кишвар нисбатан дар як сатҳ боқӣ мондааст. Тағйироти ҷиддӣ дар ҳеҷ яке аз соҳаҳо ба назар намерасад. Дар баъзе нуқтаҳо, масалан ҳаҷми ММД ва мавқеи кишвар дар радабандии озодиҳои иқтисодӣ як миқдор беҳбудӣ дида шавад ҳам, вале дар умум ҳолати иқтисоди кишвар танг аст. Барои таъмини рушди устувор, ҳукумати Тоҷикистон бояд ислоҳоти сохторӣ гузаронда, шаффофияти иқтисодро таъмин намуда, идораи бахши давлатиро беҳтар кунад. Мубориза бо коррупся ва монополисозии тиҷоратҳои бузургу миёна бояд ба таври ҷиддӣ амалӣ шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

НБО “Роғун” ё гови ҷӯшоии Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо оилааш лоиҳаи дорои аҳамияти миллиро ба сарчашмаи оддии ғорати сарвати миллат табдил додааст.

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.