ПМТ аз мақомоти кишвар хостори ошкор кардани ҷузъиёти протоколи марз шуд

Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте рӯзи 4-уми октябр аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки тамоми ҷузъиёти протоколи ахири имзошуда дар бараи марзи ду кишвар ба мардум ошкор карда шавад.

Ин эътилофи гурӯҳе аз мухолифони хориҷ аз кишвар дар изҳороташ аз идомаи гуфтушунидҳо дар бораи ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибдорӣ намуда, таъкид кардааст, ки қазия бояд одилона баргузор шавад “ва бо назардошти он ҳали ниҳоии худро пайдо кунад, ки Ворух ҳеҷгоҳ анклав набуд ва наметавонад бошад.”

ПМТ аз он нигаронӣ карда, ки Ҳукумати Тоҷикистон раванди музокироти марзиро аз миллат пинҳон медорад ва худро дар баробари мардумаш масъул намедонад, аммо дар муқобил, кишвари ҳамсоя худро масъул дониста, ба мардумаш аз тамоми ҷузъиёти музокирот гузориш медиҳад.

Дар изҳорот зикр шуда, ки дар сурати мувофиқати мақомоти Тоҷикистон ба анклав будани Ворух ва додани заминҳо ба кишвари ҳамсоя, ин як хиёнати ошкор ба миллат ва ҷинояти давлатӣ хоҳад буд.

“Паймони Миллии Тоҷикистон қотеъона талаб мекунад, ки тамоми ҷузъиёти протоколи марзии имзошуда ва рафти гуфтушунидҳо ба мардум ошкор карда шавад, то таҷрибаи талхи гузашта такрор нашавад. Тоҷикистон дар натиҷаи муъомилаи хиёнаткоронаи Президент Раҳмон бештар аз як дар сади хоки худро аз даст дод ва ҳоло ин хиёнати миллӣ метавонад аз нав такрор шавад. Миллати тоҷик даҳҳо афсарону сарбоз ва мардуми шарифи Исфара беҳтарин фарзандони худро барои он қурбонӣ надодаанд, ки имрӯз мақомот дар баробари изҳороти кишвари ҳамсоя оиди “даст кашидани тоҷикон аз даъво” хомӯш бошанд. Агар ҳукумати Тоҷикистон аз “даъво” даст кашида бошад, пас анклав будани Ворух ва ба кишвари ҳамсоя вогузор кардани заминҳои баҳсиро қабул кардааст. Ҷузъиёти протоколро ошкор накардан, ба изҳоротҳо ва таҳдидҳои тарафи муқобил ҷавоб надодан ҷуз маънии онро надорад, ки ин нигарониҳои миллат рост бошад.” омадааст дар ин изҳорот.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор шуд.

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ ба мувофиқаҳое расиданд, ки ба баҳсҳои тӯлонии ду кишвар хотима медиҳад.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти ин музокирот чизе нагуфтааст. Ва маълум нест дақиқан ҷонибҳо ба чӣ тавофуқоте даст ёфтанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба ҳукумати Қирғизистон, рӯзи 2-уми октябр дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”. Аммо Тоҷикистон то ҳол ба ин иддао вокуниш накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишасти Теҳрон: Эрон ва аъзои Паймони Макка ба идомаи музокирот мувофиқат карданд

Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия пас аз нишасти Теҳрон аз идомаи гуфтугӯҳо барои таҳкими сулҳу амнияти минтақа хабар доданд.

Тоҷикистон барои роҳ ва оби Кӯлоб 55,4 миллион евро қарзи нав мегирад

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд барои таҷдиди роҳи Балҷувон–Сари Хосор ва беҳсозии обрасонии Кӯлоб то 55,4 миллион евро қарзи давлатӣ ҷудо мекунад.

“Тӯби тиллоӣ 2026” насиби кӣ гашт?

26-уми октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Лондони Британияи Кабир маросими супурдани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ 2026" ба беҳтарин футболбозони сол баргузор гардид.

Бори гарони муҳоҷирон сабук мешавад?

Тоҷикистон бори аввал дар қонун уҳдадории давлатро барои мусоидат дар бозгардонии ҷасади шаҳрвандони дар хориҷ фавтида пешбинӣ кард.