12.9 C
Dushanbe

Поин рафтани қурби рубл дар баробари сомонӣ

Дар Тоҷикистон поин рафтани қурби рубли русӣ дар баробари пули миллии сомонӣ идома дорад. Агар дар оғози сол 1000 рубли русӣ ба 150 сомонӣ баробар буд, ҳоло ин рақам 143,6 сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи коршиносон, қурби рубл дар баробари доллар дар худи Русия ба арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон таъсири мустақим дорад.

Поин рафтани қурби рубл дар баробари доллар ба даромади муҳоҷирони кории тоҷик низ таъсири манфӣ мерасонад. Чун пули коркардаи муҳоҷирон ба ватан бо рубли русӣ фиристода мешавад.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Федератсияи Русия, танҳо дар 9 моҳи соли 2021 ҳаҷми интиқоли пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 289 миллион долларро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 5,6% бештар аст.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳудуди 90 дарсади интиқоли пул аз Русия бо рубли русӣ сурат мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғ баста шуд

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон баста шудааст.

Як паноҳҷӯ аз Фаронса ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

Паноҳҷӯи тоҷик Парвиз Зоиров, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз Фаронса ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба сабаби туман парвозҳо аз фурӯдгоҳи Душанбе боздошта шуданд

Парвози ҳавопаймоҳо дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири номусоид будани обу ҳаво муваққатан боздошта шуданд.

Шуҳадои маъсуми ҳиҷрат

Оё қотили Қобилҷон бо ҷурми "нажодпарастӣ" маҳкум мешавад ё мисли қотилони қаблӣ ин ҷумрро аз парвандаи ӯ пок мекунанд?