12.9 C
Dushanbe

Рустами Эмомалӣ бо $400 млн аз Чин бармегардад

Дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Чин байни чандин ширкати тиҷоративу истеҳсолии ду кишвар ба маблағи 400 миллион доллар созишнома ба имзо расидааст.

Бино ба иттилои расонаҳои расмӣ, дар ҷараёни сафари ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ба Чин ширкати чинии “Рунҷаонг ҳолдинг груп” бо корхонаи “Азот”-и Тоҷикистон дар бораи истеҳсоли карбамид ва бо ширкати “Азия кемикал” дар заминаи бунёди корхонаи истеҳсоли карбамид созишнома имзо кардаанд.

Гуфта мешавад, як муддат бахше аз саҳмияҳои корхонаи “Азот”-и Тоҷикистон дар ихтиёри хонаводаи соҳибкор ва зиндонии сиёсӣ Зайд Саидов буд ва ҳоло он дар ихтиёри ширкати “Осиё Кемикал”-и наздикони раисҷумҳур қарор дорад.

Инчунин миёни ширкати “Авесто гурӯҳ” ва ширкати чинии “Ҷинчуен” барои таъсиси корхонаи истеҳсоли электромобилҳо созишнома ба имзо расидааст. Гуфта мешавад, дар ин корхона солона 1500 мошини барқӣ истеҳсол хоҳад шуд.

“Авесто гурӯҳ”, ки соли 2016 таъсис ёфтаааст ба Рустами Эмомалӣ тааллуқ дорад ва ин ширкатро наздикону дӯстонаш идора мекунад. “Авесто гурӯҳ” мисли дигар ширкатҳои оилаи Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои зиёдеро, аз ҷумла тавлиди оби “Сиёма”, бахши мусофирбарӣ ва пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ ва ғайраро дар бозори кишвар монополия кардааст.

Ҳамзамон мақомоти Чин бо ҷудо кардани кумаки молӣ дар ҳаҷми 2 миллион доллари амрикоӣ қасд доранд дар шаҳри Душанбе як толори маҷлисгоҳ барои Ҳукумат ва бо ҷудо кардани чанд миллиони дигар 4 эстакадаи нав бисозад.

Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 20-уми августи соли ҷорӣ бо даъвати Жао Леи, раиси Кумитаи доимии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Чин бо як сафари расмӣ вориди Пекин шуд ва ин сафараш то рӯзи 23-уми август идома хоҳад кард.

Шаҳрдори Душанбе зимни ин сафар бо мақомдорони чинӣ мулоқот карда, инчунин аз осорхонаву донишгоҳу намоишгоҳҳо дидан кардааст.

Ин аввалин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Чин мебошад ва сомонаҳои ҳукуматӣ ҳадафи ин сафарро тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯсти стратегӣ гуфтаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин сафар муаррифии Рустами Эмомалии 36-cола ба унвони меросбари асосии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Гуфта мешавад, Чин бузургтарин сармоягузор ва қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ба шумор меравад ва бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон танҳо аз “Эксимбонк”-и Чин беш аз як миллиард доллар қарздор аст.

Бо чӣ шарту шароите қарзҳои ҳангуфтро Чин ба Тоҷикистон медиҳад, расман эълон нашудааст. Аммо дар ивази ин қарзҳо ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдоранд ва истихроҷи маъданҳои нодиру гаронбаҳо дар дасти онҳост. 

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз ҳазору панҷсад километри мураббаъи замини Тоҷикистонро, ки бештар аз 1 дарсади масоҳати кишвар аст, ба Чин дода буд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.