Шолтс бо Раҳмон аз ҳуқуқи башар хоҳад гуфт?

Як созмони ҳуқуқӣ аз Олаф Шолтс хостааст, дар нишаст бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақа таваҷҷуҳ кунад.

Cадри аъзами Олмон Олаф Шолтс рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар нишасти “Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Олмон” ширкат хоҳад кард. Ҳадафи ин нишаст таҳкими равобити иқтисодӣ, энергетикӣ ва стратегии ин кишварҳо гуфта мешавад.

Олаф Шолтс аввалин садри аъзами Олмон аст, ки аз Осиёи Марказӣ дидан мекунад ва ба ҳамин хотир сафарашро таърихӣ меноманд.

Дар ҳамин ҳол Дидбони ҳуқуқи башар бо навиштани номае аз садри аъзам даъват кардааст, ки дар суҳбат бо раҳбарони кишварҳои Осиёи марказӣ танҳо ба масоили иқтисодӣ иктифо накунад, балки ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар тамаркузи бештар кунад.

Гуфта мешавад, Олмон пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 ба ҷустуҷӯи манобеи алтернативии газу нафт шуруъ кард ва ба ҳамин хотир таваҷҷуҳи ин кишвари аврупоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар шудааст. Илова бар ин, Олмон дар баробари дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо талош дорад аз кӯшишҳои Русия барои дур задани таҳримҳои иқтисодӣ тавассути Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад.

Ба бовари HRW, ҳамкории зичи Олмон бо режимҳои худкомаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбeкистон бидуни назардошти ҳуқуқи башар ва волоияти қонун ғайриимкон аст. Дар ин кишварҳо ҳуқуқи инсон сахт поймол шуда, журналистону фаъолони сиёсӣ боздошту зиндонӣ мегарданд, инчунин ҳуқуқи занҳо ва озодии баёнро мақомоти ин кишварҳо нодида мегиранд.

Дар идома ин созмони ҳуқуқӣ таъкид кардааст, ки ҳукумати Олмон набояд вонамуд кунад, ки бидуни беҳбудии вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ бо ин кишварҳо равобити хуб хоҳад дошт ва нишасти рӯзҳои 16-17-уми сентябр рӯшан хоҳад кард, ки Олмон барои беҳбудии ҳуқуқи инсон чӣ сиёсатеро дар пеш гирифтааст.

Нишасти “Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар Узбекистон, идомаи нишасти моҳи сентябри соли 2023 дар Берлин аст.

Дар нишасти гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон низ ширкат карда буд.

Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Олмон, мухолифони ин ҳукуматҳо, аз ҷумла мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 28 ва 29-уми сентябр дар назди сафаорати Тоҷикистон дар Берлин ва дар макони баргузории нишастҳои президентҳо тазоҳурот баргузор карданд.

Рӯзи 29-ум замоне ки корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон ба тарафи бинои садриаъзами Олмон ҳаракат мекарданд, аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҷониби ӯ “Диктатор” садо дода, мошинашро бо тухм заданд.

Пас аз ин мақомоти амниятии Тоҷикистон хонавода ва пайвандони даҳҳо нафар аз мухлифонро таъқибу боздошт карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.