Содир Ҷабборов созишномаи марзиро имзо кард

Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 25-уми март қонун дар бораи тасвиби созишномаи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро ба имзо расонд.

Ин қонун, ки 19 марти соли 2025 аз ҷониби Жогорку Кенеш (порлумони Қирғизистон) қабул шуда буд, марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро муайян намуда, пас аз имзои раисҷумҳур эътибор пайдо мекунад.

Дар баробари созишномаи марзии ду кишвар, Ҷабборов созишнома дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ ва созишнома дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, беҳбудбахшӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингардро низ ба имзо расондааст.

Ин созишномаҳо аз ҷониби порлумони Тоҷикистон низ 18-уми марти соли ҷорӣ ба тасвиб расида буданд ва бояд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онро ба имзо расонад то ҳукми қонунӣ пайдо кунад. Ба фарқ аз парлумони Қирғизистон раванди тасдиқи созишнома дар парлумони Тоҷикистон расонаӣ нашуд ва то ҳанӯз ин масъала муҳри махфӣ дорад.

Агарчи мақомдорони Қирғизистон ба мисли раиси КДАМ Қамчибек Тошиев то имрӯз аз ҷузъиёти ин созишнома гуфтаву онро шарҳ додаанд, мақомдорони Тоҷикистон бар лаб муҳри хомӯшӣ задаанд, ки гумонҳоро дар гузашти ҷониби Тоҷикистон зиёдтар кардааст.

Ҳатто худи Қамчибек Тошиев аз гузашти Тоҷикистон дар суханрониҳояш гуфта, таъкид карда буд, ки Тоҷикистон қаблан ба 210 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 70 дарсади Лайлак ва нисфи вилоятҳои Бодканд даъво карда будааст ва ҷониби Қирғизистон пофишорӣ кардааст, ки музокирот дар асоси шартномаи соли 1991 сурат бигирад, на харитаҳои солҳои 1924-1927.

Инчунин аз ҷониби Қирғизистон низ таҳдид садо дод, ки агар Тоҷикистон даъвои худро идома медод, онҳо низ дар масъалаи Мурғоб даъвои худро шуруъ намуда, барои гирифтани он аз қувва истифода карданӣ буданд.

Гуфта мешавад, дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 1006,84 километрро ташкил медиҳад ва раванди муайн ва аломатгузории он аз соли 2002 оғоз шуда, то соли 2011 ҳамагӣ 519,9 километри он муайян карда шуд ва пас аз гузашти ҷониби Тоҷикистон 486,94 километри марз танҳо дар се соли охир муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангези марзи муштараки байни ин ду кишвар солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандон аз ду тараф сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар, беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Дертар 21-уми феврали соли ҷорӣ раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии қитъаҳои муайяншудаи марзи муштаракро имзо карданд.

Ва ҳамин тавр Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми март марҳилаи ниҳоии созишномаи марзиро бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар Бишкек ба имзо расонид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

321 миллиард рубл даромади Русия аз муҳоҷирон

Дар якуним сол ба буҷети давлатии Русия аз бахши муҳоҷират 321 миллиард рубл (тақрибан 4 миллиард доллар) ворид шудааст.

Расонаи нави “Tajikistan Newsroom” ба забони англисӣ ба кор оғоз кард

Ҳамзамон бо таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, платформаи нави хабарии англисизабон бо номи "Tajikistan Newsroom" фаъолияти худро оғоз кард.

Тағйирёбӣ обуҳаво: хокбориш дар роҳ аст

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон тағйири ҳаво дар назар аст ва кишвар боз бо мушкили гарду ғубор рӯ ба рӯ мешавад.

Афзоиши даргириҳо дар Яман: ҷанг ба марҳилаи нав ворид шуд

Дар Яман аз оғози моҳи сентябр даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷамоати Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо) дар чанд вилояти ин кишвар шиддат гирифтааст.