Интихобот

Трабрикоти рамазонӣ

Ин бегоҳ 12 апрел дар Тоҷикистон ва аксари давлатҳои дунё мусалмонон аз моҳи мубораки Рамазон истиқбол мекунанд ва нахустин намози таровиҳро низ мехонанд.

Маркази исломии Тоҷикистон шуруъи моҳи шарифи Рамазонро эълон кард

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи оғози моҳи мубораки Рамазонро расман эълон кард. Бино ба маълумоти ин маркази ягонаи динӣ дар кишвар шуруъи моҳи шариф аз 13 апрел муайян карда шудааст.

Президент боздошт шуд. Чаро ва бо чӣ сабабе ӯро боздошт карданд?

Президенти пешини бошгоҳи Барселона Жосеп Мария Бартомеу дар доираи як амалиёт аз ҷониби полиси Каталония боздошт шуд. Дар дафтарҳои ин бошгоҳ кофтукоб гузаронида шуданд.

Пашиниян ба муътаризон гуфт, омодааст интихоботи пеш аз мӯҳлат доир кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 1-уми март дар миёни муътаризони тарафдораш розӣ шуд, ки барои поён додан ба бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар, интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор кунад.

Доналд Трамп Кохи Сафедро тарк кард, Ҷо Байден вориди он гашт

Ҷо Байден раисҷумуҳури тозаинтихоби ИМА бо аввалин қарораш 17 амри президенти акнун собиқи Амрикоро бекор мекунад.

Конгресси Амрико барканории Трампро аз мақоми президентӣ талаб дорад

Маҷлиси намояндогони Конгресси Амрико барои ба истеъфо равон кардани раисҷумҳури амалкунандаи ин кишвар Доналд Трамп талош дорад.

Дар пайи ҳамла ба Конгресси ИМА алайҳи 25 нафар парванда боз шудааст

Пас аз нооромиҳои рӯзи 6 январ дар бинои Конгресси ИМА дасти кам 25 парванда бо иттиҳоми терроризми дохилӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора як узви маҷлиси намояндагони ИМА Ҷейсон Кроу пас аз гуфтугӯ бо мақомдори баландпояи артиш Райан Маккарти ба расонаҳо хабар додааст.