Таҳвили сафорати Афғонистон дар Эрон ба Толибон

Сафорати Афғонистон дар Эрон аз дасти собиқ кормандони ин ниҳоди дипломатӣ гирифта ва ба дасти дипломатҳои Толибон таҳвил дода шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳое роҳ ёфта, ки нишон медиҳанд, ҳамакнун собиқ кормандони сафорати Афғонистон дар Теҳрон охирин акси якҷоя ва ёдгории худро ба иштирок мегузоранд.

Ҳудуди 40 нафар аз собиқ кормандони сафорати Афғонистон дар Эрон пас аз гирифтани аксҳои хотиравӣ, сафоратро ба Толибон таҳвил доданд.

Аз як сӯ намояндаҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон ва дигар мухолифини Иморати исломӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба дасти Толибон додааст.

Аммо аз сӯи дигар, Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки баҳси таҳвили сафорат ва ё тағйири кормандони он як мавзуи дохилии сафорат ва марбут ба давлати Афғонистон аст ва Эрон ҳамчун як кишвари мизбон ҳеч дахолате дар ин мавзуъ надоштааст.

Гуфта мешавад, аз 15-уми августи соли 2021, замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон то ҳол ҳеч кишваре Иморати исломии Толибонро ба расмият нашинохтааст, вале дар муддати беш аз якуним соли ахир чанд кишвари ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Туркманистону Покистон ва инак Эрон сафоратҳои Афғонистонро ба дасти Толибон таҳвил додаанд.

Чину Русия, Узбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам дар минтақа расман равобити худ бо ин кишварро хеле хуб ба роҳ мондаанд. Аммо Тоҷикистон бо вуҷуди он ки аз минбарҳои баланд зидди Толибон мавзеъгирӣ мекунад, локин сафири худро дар муддати беш аз якуним соли ахир аз Афғонистон пас нахондааст ва равобити хуби тиҷоратӣ ҳам бо Иморати исломӣ дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.