-1.1 C
Dushanbe

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Бино ба гузориши ин созмони байналмилалӣ, дар соли 2023 дар байни 134 кишваре, ки мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд, танҳо 7 кишвар дорои стандарти Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар мавриди кайфияти ҳаво шудаанд.

Ин ҳафт кишвар шомили Австралия, Эстония, Финландия, Гренада, Исландия, Маврикий ва Зеландияи Нав мебошанд. Тибқи ин гузориш, кишварҳои мазкур стандарди Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи кайфияти ҳаворо, ки беш аз панҷ микрограмм дар як метри мукаабро тавсия кардааст, риоят мекунанд.

Аммо ин созмон дар гузориши худ 5 кишварро аз ҳама кишварҳои олудатарини дунё номбар кардааст, ки дар ҷои аввал Бангладеш меистад, ки 15 маротиба олудатар аз меъёри муқаррар намудаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи олудагии ҳаво ҷой гирифтааст.

Ба ҳамин тартиб Покистон, 14 маротиба бештар аз меъёр ва аммо Тоҷикистон ва кишвари африқоии Буркина Фасо 9 маротиба олудатар аз сатҳи меъёри асосӣ дониста шудаанд.

Дар қатори кишварҳои фақир ва дар ҳоли рушд, кишварҳои бузурги иқтисодии дунё, аз ҷумла Чин ва Канада низ ба сабаби доштани корхонаҳои бузурги саноатӣ, ки омили аслии олудашавии ҳаво дониста мешаванд, шомили кишварҳои олуда шудаанд.

Бино ба додаҳои гузориши IQAir, зарроти ҷомиди муаллақ дар ҳаво бо қутри камтар аз 2.5 микрометр (PM2.5) меъёрест бориктар аз мӯи инсон, ки дар сурати нафаскашӣ метавонад дохили шушҳо шавад шавад, ки дар натиҷа ба саломатии инсонҳо осеб расонда, ҳатто ба маргҳои бешумор оварда мерасонад. Стандарде, ки теъдоди зиёде аз кишварҳои ҷаҳон, ҳатто пешрафтатарин кишварҳо онро надоранд.

Ин натиҷаҳоро созмони швейтсариягии IQAir, ки машғули санҷиш ва таҳқиқи кайфияти ҳаво дар кишварҳои ҷаҳон аст, бар асоси додаҳои беш аз 300 ҳазор истгоҳҳои назоратӣ дар саросари ҷаҳон ҷамъоварӣ карда, нашр кардааст.

Оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки ба сабаби олудагии ҳаво солона дар саросари ҷаҳон тақрибан то 7 миллион нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Оморе, ки бештар аз маргу мирҳои ношӣ аз бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан, СПИД ва малярия аст.

Ба гуфтаи коршинсон, ин олудагии ҳаво дар кишварҳои дар ҳоли рушд, ки барои гарм кардан, пӯхтан ва тавлиди рӯшноӣ аз ангиш ва дигар маводи сӯхти сангин истифода мекунанд, бештар эҳсос мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.