Туҳфаи Раҳмон ба қудояш дар ҷашни Истиқлол

Ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 135 миллион сомонӣ ё 12,7 млн доллар қарз аз андози ду ширкати зертобеи Хадамоти алоқаро бахшид.

Тибқи як қароре ҳукумат 97,4 миллион сомонӣ ($ 9,1 млн) қарзи “Тоҷиктелеком” ва 37,4 миллион сомонӣ ($ 3,5 млн) қарзи Маркази электромагнитиро, ки маълум нест дар чанд вақт ҷамъ шудааст, беэътимод эътироф карда, аз ҳисоб баровардааст.

Раҳбарии ин ду ширкатро қудои раисҷумҳур Бег Сабур бар уҳда дорад. Пештар аз ин низ мақомоти кишвар ба ширкатҳои қудои Эмомалӣ Раҳмон имтиёз дода буданд. Дар охири моҳи декабри соли 2022 Ҳукумат пардохти беш аз 67 миллион сомонӣ ($ 6,7 млн) қарзи “Тоҷиктелеком”-ро аз андоз то як сол ба таъхир гузошта буд, аммо бо ин вуҷуд Бег Сабур то ин муддат қарзи ширкаташро пардохт накард ва ниҳоят Ҳукумат ӯро маъоф кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки “Тоҷиктелеком”, “Почтаи тоҷик” ва дигар сохторҳои Хадамоти алоқа дар нимаи аввали соли равон 124 миллион сомонӣ ($11,6 млн) даромад доштанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5 дарсад зиёд аст.

Дар Тоҷикистон аксари ширкатҳои наздикону пайвандони раисҷумҳур аз имтиёзҳои зиёде бархурдоранд. Мисоли оддӣ, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”-и шаҳри Душанбе, ки сохтмонашро бародарони ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, бояд дар якуним сол сохта мешуд, аммо сохтмонаш беш аз 15 сол боз идома дорад, қариб ҳамасола аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Инчунин чандин ширкати дигар, ба мисли “Авесто Групп”, “Сифат фарма”, “Амири” ва ғайра, ки ширкатҳои марбут ба наздикони раисҷумҳур ҳастанд, дар кишвар дорои имтиёзҳои хос буда, аз сӯи давлат ҳимояту таблиғ мешаванд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди бархурдор будан аз имтиёзҳои калон, ин ширкатҳо хидматрасониҳои гарон ва пастсифат доранд.

Аз ҷумла, ширкати “Тоҷиктелеком”, ки воридоти интернетро дар кишвар инҳисор кардааст, боиси гаронӣ ва суст будани суръати интернет дар кишвар гаштааст, ки ҳатто раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласае аз ин мушкилот интиқод кад ва аз қудояш хоста буд, ки ба ин мушкилот расидагӣ кунад.

Аммо коршиносон бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз идораи Хадамоти алоқаро ба даст гирифтани Бег Сабур ва тимаш ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва тарзи идораи онҳо боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.

Бояд гуфт, Бег Сабур асосан бо суханҳои масхараомез ва тасмимҳои баҳсбарангезаш, аз ҷумла бастани сомонаҳо, қатъ кардани интернет ва боло бурдани нархи симкортҳо, ки ин қарор дертар бекор карда шуд, миёни мардум ном баровардааст.

Инчунин ӯ “ягона” раисест, ки дар як бинои давлатӣ ба фурӯши хонаҳо ё ба гуфти худаш, ба бизнес машғул буда, дар гузашта кормандони Хадамоти алоқароро барои кор дар биноҳои сохтмониаш имстихдом карда буд. Дар соли 2018 моҳҳо маоши кормандонашро надода, ба ҷойи он кадуву пиёз тақсим кардааст.

Ҳатто собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром баъд аз манъи сохтмони хонаҳои писари Бег Сабур боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.