15.9 C
Dushanbe

Ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон!

Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор додааст, ки ҳангоми хариду фурӯш ва муомилаи нақдӣ ба навъи пулҳои миллӣ диққат диҳанд.

Рӯзи ҷумъа, 15-уми ноябр Бонки миллӣ бо интишори баёнияе гуфтааст, ки ашхос ва ё гурӯҳҳои пайдо шудаанд, ки “кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро фиреб диҳанд.”

Дар баёния гуфта мешавад, “дар шабакаҳои интернет наворҳои гуногун оиди дар муомилоти пулӣ истифода шудани коғазҳои дорои навиштаҷоти “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ” ва монанд ба банкнотаҳои миллии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар ҳудуди кишвар ба назар расида, мавриди таваҷҷуҳ ва вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтаанд.”

Бонки миллӣ дар хитоб ба шаҳрвандон таъкид мекунад, “ин гуна чиптаҳо аз рӯи хусусиятҳои визуалӣ, аз қабили андоза, ранг ва тасвирҳо ба пули миллӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, ба ҳеҷ ваҷҳ дорои унсурҳои ҳимоявии маъмулӣ, ба монанди нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, кинеграмма, унсури чопии зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, нишона барои нобиноён ва дигар технологияҳои ҳимоявӣ нестанд.”

Бо ин нишонаҳо аз шаҳрвандон хоста шуда, ки вақти додугирифт ва муомилоти нақдӣ ҳушёр бошанд, то гирифтори чунин қаллобон нашаванд.

Таҳлилгарони иқтисодӣ мегӯянд, Бонки миллии Тоҷикистон вазифа дор аст, дар баробари суръати пешрафти технологияи навин барои ҳифзи пули миллии кишвар аз хатарҳои қаллобакӣ кардан ва баланд бардоштани сифати он талоши бештар кунад.

Бонки миллии кишвар бо нашри ин изҳороти ҳушдордиҳанда нагуфтааст, ки кай ва дар куҷо чунин муомилоти қалбакӣ сурат гирифтааст. Ва ҳамчунин Вазорати корҳои дохилӣ ва ё КДАМ аз чунин ҳолатҳо хабари расмӣ надодаанд. Аммо пештар аз боздошти шахсоне, ки пулҳои қалбакӣ истифода мекарданд, хабарҳо нашр шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.