Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ беш аз 411 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27% зиёд аст. Акс: Интернет Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯи нарх ба андозаи 80% боло рафта, 338,5 млн долларро ташкил додааст. Ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ дар […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ беш аз 411 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27% зиёд аст.
Акс: Интернет
Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯи нарх ба андозаи 80% боло рафта, 338,5 млн долларро ташкил додааст.
Ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ то 12,2% афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин давраи соли 2021 он 8,5 фоизро ташкил медод.
Asia-Plus дар истинод ба Хадамоти зиддиинҳисории кишвар хабар медиҳад, ки Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Русия, тақрибан 6% аз Қазоқистон ва як қисми нисбатан ками онро аз Узбекистон, Белоруссия ва Озарбойҷон харидорӣ мекунад.
Тоҷикистон аз соли 2013 ба таври имтиёзнок (бидуни пардохти боҷи гумрукӣ) аз Русия маводи сӯзишворӣ мехарад. Яке аз шартҳои асосии таҳвили имтиёзноки маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба кишварҳои сеюм дубора содирот нашудани он мебошад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.