Корхонаҳои тавлиди орд дар Тоҷикистон асосан аз гандуми воридшуда аз Қазоқистон истифода мебаранд. Тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди як миллион тонна гандум ворид мекунад, ки беш аз 99 дарсади он аз Қазоқистон мебошад.
Инчунин афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳудуди 11 дарсадро ташкил дода, ҳоло як халта орди 50 кг аз 380 то 400 сомонӣ арзиш дорад.
Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир Русия ва Қазоқистон содироти гандум ба хориҷро маҳдуд кардаанд ва ба гуфтаи бархе коршиносон яке аз сабабҳои боло рафтани қимати орд ва ғалла дар Тоҷикистон низ бастагӣ ба ҳаҷми воридоти он доранд.