Ҳадафи мо
Azda TV бо ҳадафи рушди озодии баён, нашри арзишҳои демократӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва додани минбари озод ба тамоми қишрҳои ҷомеа рӯи кор омадааст.
Принсипҳои мо
Azda TV дар фаъолияти расонаии худ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ахлоқи рӯзноманигорӣ пойбандем.
Принсипҳои асосии кори мо инҳоянд:
- воқеиятгӯӣ ва ҳақиқатнигорӣ;
- гуногунандешӣ ва эҳтиром ба озодии баён;
- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон.
Истиқлол
Azda TV расонаи мустақил аст ва ба ҳеҷ ҳизб, ҳаракати сиёсӣ ё гурӯҳе вобастагӣ надорад. Сиёсати расонаиро ҳайати эҷодии Azda TV қабул мекунад.
Сиёсати нашр
– Azda TV мақолаҳо ва андешаҳои муаллифони гуногунро нашр мекунад. Назари муаллифон ҳатман мавқеи Azda TV-ро инъикос намекунад.
– Ҳайати эҷодӣ пеш аз нашр дурустии хабарҳоро тавассути манбаъҳои гуногун месанҷад.
– Ҳайати эҷодӣ ҳақ дорад матлабҳоро бе тағйир додани маънои асосии онҳо ислоҳ, кӯтоҳ ё хулоса кунад.
Ислоҳи хатоҳо ва ҳаққи ҷавоб
Агар дар матлабҳои Azda TV хато ёфт шавад, мо онро ошкоро ислоҳ мекунем ва дар охири матлаб дар бораи ислоҳ ёддошт мегузорем. Ҳар шахс ё ташкилоте, ки дар бораи ӯ гузориш шудааст, ҳақ дорад ҷавоб ё шарҳи худро пешниҳод кунад. Барои ин ба суроғаи [email] нависед.
Ҳифзи манбаъҳо
Мо ҳувияти манбаъҳои худро ҳифз мекунем. Агар манбаъ бихоҳад ё амнияти ӯ зери таҳдид бошад, номаш ошкор намешавад. Барои фиристодани хабарҳо ва ҳуҷҷатҳо аз роҳҳои амн истифода баред:
SIGNAL: +48 571 608 008 ,
Eamil: azda.tv@gmail.com
Бознашр
Бознашри маводи Azda TV танҳо бо зикри манбаъ ва гузоштани пайванд (линк) ба матлаби аслӣ иҷозат дода мешавад.
Маънои вожаи “Azda”
Номи Azda TV аз вожаи қадимии «Azdē (Аздо)» гирифта шудааст, ки маънояш «огоҳӣ» ва «иттилоъ» аст.
Вожаи «аздоидан» аз форсии миёнаи «azd» ба маънои «иттилоъ, эълом, маълум, дониста» ва «azdēnidan» ба маънои «иттилоъ додан, огоҳ кардан» сарчашма мегирад. Решаи он ба форсии бостон «azdā» (дониста) ва авестоии «azdā» (дониста, маълум) мерасад. Ин вожа дар суғдӣ низ ба шакли «azd» (огоҳ, дониста) вуҷуд дорад ва аз форсии миёна ба забони арманӣ ворид шудааст.
Доктор Муҳаммад Ҳайдарии Малоирӣ
Шиори мо
Озодии расона – зербинои ҷомеаи демократист!



