8.9 C
Dushanbe

20 ҳазор ҷавон дар ҷабҳа – шаҳрвандӣ ба ивази иштирок дар ҷанги зидди Украина

Мақомоти Русия эълон карданд, ки 20 ҳазор муҳоҷире, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, ҳоло дар сафи пеш бо Украина меҷанганд.

Раиси Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия Александр Бастрикин, рӯзи 20-уми май дар суханронии худ дар Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург маълумоти наверо дар бораи иштироки зодагони Осиёи Марказӣ дар ҷанги зидди Украина пешниҳод кард.

Бастрикин, ки ҳамчун як нафари муҳоҷирбадбин миёни хориҷиҳо шинохта шудааст, иддао дорад, ки кормандони Кумитаи тафтишот ҳамроҳ бо ВКД ва Росгвардия “рейд”-ҳои муштарак анҷом дода, 80 ҳазор хориҷиеро ошкор карданд, ки шаҳрвандии Русияро соҳиб шуда, вале худро дар комиссариатҳо барои хидмати ҳарбӣ сабт накардаанд.

Ба гуфтаи Бастрикин, ҳоло аз ин шумора 20 ҳазори онҳо, ки “шаҳрвандони ҷавони Русия” маҳсуб мешаванд ва “бо сабабҳои номаълум зиндагӣ дар Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро хуш надоранд”, дар сафи пеши ҷабҳа қарор доранд.

Раиси Кумитаи тафтишот гуфта, ки ба кормандони ниҳодаш супориш додааст, иштирок дар “рейд”-ҳои “маҳалли таҷаммуи муҳоҷирон”-ро ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва Росгвардия идома дода, онҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, худро ба қайди ҳарбӣ надаровардаанд, мушаххас кунанд.

Гуфта мешавад, раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар моҳи августи соли 2024 қонунеро имзо карда буд, ки тибқи он ҳар муҳоҷире пас аз гирифтани шаҳрвандии ин кишвар худро дар артиш сабти ном намекунд ё аз хидмати сарбозӣ саркашӣ мекунад, шиносномаи Русияаш бекор карда мешавад.

Дар идомаи суханронии худ Бастрикин боз масъалаи ҷинояткориро миёни муҳоҷирон матраҳ намуда, аз афзоиши 15 дарсадии шумораи ҷиноятҳо тавассути шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳо алайҳи ноболиғон, дар семоҳаи аввали соли 2025 гуфт.

Ӯ иддао карда, ки ба Русия таҳти номи муҳоҷирон “ҷинояткорони оянда” сафар мекунанд ва онҳоро боздошт намуда, ба ватанашон баргардонидан лозим аст, то ки “ҷиноятро он ҷо, на дар Русия содир кунанд”.

Дар ҳоле Бастрикин ҳамеша аз зиёд шудани ҷиноят миёни муҳоҷирон мегӯяд, ки раиси Шӯрои амнияти Русия Сергей Шойгу дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки бо вуҷуди ба 5,9 миллион нафар расидани муҳоҷирон дар ин кишвар дар 2024 омори ҷиноятҳо ба таври назаррас тағйир наёфта, омори ҷиноятҳои содиргашта аз ҷониби муҳоҷирон танҳо 2% аз умуми ҷиноятҳои сабтшуда дар соли 2024-ро ташкил медиҳад.

Дар Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург инчунин Бастрикин гуфта, ки кумитаи зери раҳбарияш барои сахттар кардани назорати муҳоҷирон, аз ҷумла маҳдудсозии вуруди онҳо ба Русия ҳамроҳи хонаводаҳояшон, ба дӯши корфармо гузошта шудани тамоми хароҷоти будубоши муҳоҷирон, ба мисли манзил, хидматрасонии тиббӣ, суғурта ва ғайра тарҳеро омода мекунад.

Ӯ ҳамзамон аз мақомоти амниятӣ даъват кардааст, ки назорат дар сарҳад ва дар дохили кишвар болои муҳоҷирон барои вориди Русия нашудани “тарафдорони ҷараёнҳои ифротии исломӣ” пурзӯртар кунанд.

Бояд гуфт, давоми як соли ахир дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Инчунин дар ин муддат фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кордзанӣ байни хонандагон мақомоти Кӯлобро нигарон кардааст

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон 23-юми январ ба хотири пешгирӣ аз муноқишаҳои ҳалокатбори хонандогон дар шаҳри Кӯлоб "Рӯзи мактаб" баргузор кард.

Тоҷикистон шомили даҳгона кишварҳое шуд, ки рӯзноманигоронро зиндонӣ кардаанд

Тибқи гузориши Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) то...

Бештари асирони ҳарбӣ аз Осиёи Марказӣ дар Украина зодагони Тоҷикистонанд

Дар Украина беш аз сад зода ва шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асорат қарор доранд, ки қисми зиёди онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар Русия муҳоҷирони Ҳиндустон ва Бангладеш ҷои тоҷикону узбеконро пур мекунанд?

Русия муҳоҷирони кориро аз ҳисоби шаҳрвандони Ҳиндустону Бангладеш бештар карда, ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ихроҷ кардааст.