Мақомоти Русия шаҳрвандони тоҷикро бо ваъдаи пул ба ҷанг даъват мекунанд
Муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия мегӯянд, мақомоти ин кишвар бо роҳҳои гуногун барои онҳо даъватнома фиристода, бо ваъдаҳои зиёди пулӣ онҳоро барои ҷанг ба Украина ҷалб мекунанд.
Мақомоти тоҷик аз боздоштҳои муҳоҷирон ба сафири Русия гила карданд
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо сафири Русия аз боздоштҳои оммавии муҳоҷирон, ки тавассути мақомоти рус анҷом дода мешавад, изҳори нигоронӣ кардааст.
Ҳамла ба Кремлин сӯиқасд ба ҷони Путин буд?
Сухангӯи Кремлин ба расонаҳо гуфтааст, ки нерӯҳое аз артиши Украина ба Кремлин ҳамла карданд. Русия ин ҳамларо сӯи қасд ба ҷони Владимир Путин арзёбӣ мекунад.
Русия мехоҳад имконоти низомии худ дар Тоҷикистону Қирғизистонро тақвият диҳад
Русия мехоҳад имконоти ҳарбӣ ва дифоии худ дар пойгоҳҳои низомиаш, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд, беш аз пеш тақвият бахшад.
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми терроризм ба ҳукми абад маҳкум шуд
Хадамоти федеролии амният (ФСБ)-и Русия аз боздошти яке аз раҳбарони ДИИШ, ки зодаи Тоҷикистон будааст хабар дод.
Бино ба маълумоти мақомоти амниятии Русия, ин шаҳрванди...