23.9 C
Dushanbe

20 соли зиндон ба шахсе, ки ҷияни ноболиғашро таҷовуз кард

Додситонии кулли Тоҷикистон 31-уми январ зимни нашри иттилоияе аз 20 сол маҳкум шудани шахсе, ки ба таҷовузи ҷияни ноболиғаш муттаҳам мешуд,

Акс аз “Depositphotos”

Дар шарҳи қазия гуфта мешавад, ки 21 сентябри соли 2021 Саминов Нозимҷон, сокини дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор дар ҳолати мастӣ ба номуси ҷияни ноболиғаш дастдарозӣ кардааст.

Духтар ба далели дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падару модараш дар парастории амакаш Нозимҷон қарор доштааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Додгоҳи олии Тоҷикистон 13 январи соли 2022 Саминов Н.А.-ро бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Номбурда муҳлати ҷазоро дар колонияии ислоҳии дорои низомаш сахт мегузаронад.

Таҷовуз ба номуси ноболиғон солҳои ахир дар Тоҷикистон бештар ба назар мерасад. Дар пайи бештар шудани чунин кирдорҳои номатлуб ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба хашм омада, аз Раисҷумҳур ва намояндагони Парлумони кишвар сахттар кардани ҷазоро барои омилони чунин ҷиноят талаб карданд. Пас аз дархости ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аввали соли гузашта аз омода шудани тарҳе хабар дод, ки гумонбарон ба таҷовузи ноболиғон аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум карда мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.