Субҳи имрӯз дар Эрон чанд вагони як қатори мусофирбар аз хатти роҳи оҳан хориҷ шуд ва дар натиҷа даҳҳо нафар кушта ва захмӣ гардид.
Акс: ИнтернетБино ба иттилои расонаҳои эронӣ, тибқи охирин омори расмӣ дар ин ҳодиса 21 нафар кушта ва ба гуфтаи
Расонаҳои эронӣ иллати хурӯҷи ин вагонҳоро дар бархӯрд бо бели яке “кран”, ки дар шафти роҳ кор мекардааст, гуфтаанд, аммо мудири кулли роҳи оҳани Язд гуфтааст, ки “иллати ҳодисаи Табас дар дасти баррасӣ аст.” Ин бори аввал нест, ки дар кишвари Эрон қаторҳои мусофирбар аз хатти роҳи оҳан хориҷ мешаванд ва ба садамаҳои мухталиф дучор мегарданд, балки тибқи иттилои расонаҳо танҳо дар соли гузашта беш аз 7 садамаи вагонҳо дар ин кишвар сабт шудааст, ки аксари онҳо талафоти инсонӣ доштаанд.