24 сол 28 сол шуд. Боз 4 сол ба ҳукми зиндони раиси “Умед-88”

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед-88” 28 соли худро дар зиндон мегузаронад. Ин дар ҳолест, ки  Додгоҳи олӣ барои ӯ 24 соли зиндонро ҳукм карда буд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикисон  рӯзи 20-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ба раиси “Умед-88” аз рӯи иттиҳомоти нав- “тасарруфи молу мулки давлатӣ ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ” ҳукми ниҳоӣ содир гардид. Бар асоси ин ҳукм, Раҷабалӣ Одинаев ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Раиси “Умед-88” моҳи октябри соли 2017 дастгир ва баъдан ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Дар аввал мақомот ӯро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”, ки Вазорати молия ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор карданд.

Рӯзи 17-уми июл Барно Саидвализода, раҳбари Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфт, барои ҷуброни зарари моддӣ аз ҳисоби Раҷабалӣ Одинаев ба нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 42 миллион сомонӣ ситонида шудааст. Ӯ афзӯд, “беш аз 114 миллион сомонии дигар боқӣ мондааст ва барои рӯёнидани ин миқдор маблағ тамоми чораҳо дида мешавад”.

Парвандаи молики ширкати “Умед 88” муҳри махфӣ гирифтааст ва вакилони дифоъ бо матбуот суҳбат намекунанд. Ширкати “Умед-88” аз соли 2006 дар бозори сӯхти Тоҷикистон ворид шуд ва ба гуфтаи раҳбараш, беш аз 2 миллиард сомонӣ ба будҷаи давлат андоз супурдааст. Ин ширкат то замони қатъи фаъолияташ беш аз 500 коргар дошт.

Бо инки тафтишот ва муҳокимаи парвандаи “Умед-88” пӯшида баргузор шуд, бештари коршиносон ва таҳлилгарон бар мунсифона баррасӣ шудани он шубҳа мекунанд. Ба бовари коршиносон дар ин парванда кадом сирру асрори давлатӣ ҷой надорад,ки он дар шароити пӯшида ва пинҳон аз назари ҷомеа доир шавад.

Аз тарафи дигар мегӯянд ин коршиносон барои дарёфти 170 миллион сомонӣ қарз аз вазорати молияи Тоҷикистон ризоияти болотар аз вазорат ҳосил шудааст. Дар сурати ғайр ғайриимкон аст ки як ширкати хусусӣ битавонад ба ин миқдори бузурги қарз ва он ҳам аз ҳисоби маблағҳои Роғун дастрасӣ пайдо кунад. Дар ин қазия ба гуфтаи фаъолон нимкосаҳое на, балки косаҳое зери нимкосаҳо ниҳон аст ки дер ё зуд ҷомеа огоҳ мешаванд.

“Умед 88” яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии “Фароз” дар рақобат қарор дошт. Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳо дар Тоҷикистон буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.

Бедарак шудани як фаъоли зодаи Бадахшон дар Олмон

19-уми октябри соли ҷорӣ, фаъоли зодаи Бадахшон Саидтаиб Саидмамудов дар Олмон боздошт шудааст ва бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.

Намоиши филми Эмомалӣ Раҳмон дар масҷидҳои ноҳияи Ванҷ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз намоиши филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» дар масҷидҳо, инчунин идораҳо ва муассисаҳои ноҳия хабар додаанд.

Русия далелҳои ихроҷи муҳоҷиронро аз 22 ба 45 маврид афзоиш медиҳад

Аз 3-юми ноябр дар Русия қонуни наве мавриди иҷро қарор мегирад, ки шумори моддаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунанд, аз 22 ба 45 мерасонад.