Бонки осиёии рушд ироаи кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 30 миллион доллар ба Тоҷикистонро тасдиқ кардааст. Азия-Плюс менависад, ки ин маблағ бо мақсади беҳбуди ҷойи кор ва таъмини музди меҳнати хуб, инчунин, тавсеъаи имконоти агентиҳои шуғл ва муҳоҷират ҷудо шудааст. Илова бар ин, маблағи 1,5 млн доллари Фонди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷопон низ тасдиқ шудааст, […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Бонки осиёии рушд ироаи кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 30 миллион доллар ба Тоҷикистонро тасдиқ кардааст. Азия-Плюс менависад, ки ин маблағ бо мақсади беҳбуди ҷойи кор ва таъмини музди меҳнати хуб, инчунин, тавсеъаи имконоти агентиҳои шуғл ва муҳоҷират ҷудо шудааст.
Илова бар ин, маблағи 1,5 млн доллари Фонди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷопон низ тасдиқ шудааст, ки расмиёти маъмурии он аз ҷониби БОР анҷом дода мешавад.
“Лоиҳаи мазкур бахусус ҳозир хеле муҳим аст, зеро дар Тоҷикистон афзоиши бекорӣ ва шумори муҳоҷирони баргашта бар асари пандемия пешбинӣ мешавад”, – гуфтааст намояндаи департаменти БОР Эйко К.Изава.
Дар доираи лоиҳа дар Хуҷанду Бохтар ва Восеъ се маркази нави хизматгузорӣ барои муҳоҷирони баргашта ва онҳое, ки азми сафар доранд, се маркази нави намунавии кор дар Душанбе дар соҳаи сайёҳӣ, дар Роғун дар бахши энергеика ва дар Данғара дар соҳаи кишоварзӣ таъсис дода мешаванд.
Акс: ИнтернетАкс аз “Sputnik” – Тоҷикистон
Амалисозии лоиҳа дар зарфи шаш сол пешбинӣ гардида, агентии иҷрокунандаи он Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мебошад.
Коршиносониумури иҷтимоӣ мӯътақиданд, ки ин сӣ миллион доллар кумаки ройгон ва ё билоивази Бонки Осиёии Рушд баъид аст, ки дар амри татбиқи аҳдофи барномааш дуруст ҷобаҷогузорӣ шавад. Бахусус, ки татбиқ ва иҷрои он ба уҳдаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – як ниҳоди давлатӣ вогузор шудаст. Зеро мегӯянд ниҳодҳои давлати Тоҷикистон дар бештарини ҳолатҳо фасодзадаанд ва маблағи грантии Бонки Осиёии Рушд, ки наҳваи назорати иҷрои он норӯшан аст дар гумон аст, ки мақсаднок истифода шавад. Ба назари ин коршиносон, беҳтар ва муассиртар мебуд, ки ин маблағ тавассути созмонҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои давлатӣ дар маҳалҳо масраф карда мешуд.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.