Хабар УМУМӢ

Наздик ба 550 медали варзишкорони тоҷик дар як сол

Варзишкорони Тоҷикистон бо иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар соли гузашта наздик ба 550 медал оварданд. Акс: Интернет Бино ба иттилои расмӣ, варзишкорони Тоҷикистон дар соли 2022 “дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 64 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 548 медал […]

Варзишкорони Тоҷикистон бо иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар соли гузашта наздик ба 550 медал оварданд.

Акс: Интернет

Бино ба иттилои расмӣ, варзишкорони Тоҷикистон дар соли 2022 “дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 64 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 548 медал оварданд.

Ба гуфтаи мақомоти кишвар, соли гузашта 650 нафар варзишгар, аз ин шумора 34 бонувон дар мусобиқаҳо иштирок карда, 150 медали тилло, 162 нуқра ва 236 биринҷӣ ба бойгонии варзиши кишвар ворид карданд.

Гуфта мешавад, ин дастовардҳои варзишкорони Тоҷикистон “нисбат ба соли 2021 150 медал бештар (47 тилло зиёд, 41 нуқра ва 62 биринҷӣ) мебошад.”

Инчунин барои ташвиқ ва тарғиби варзишкорон Вазорати молияи кишвар аз ҳисоби буҷаи ихтисосдодаи Фонди президент ба “35 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошанд”, 568 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо кардааст. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50000 сомонӣ аст.

Мавзӯъҳои марбут