Соли 2025 қариб 600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд. Ин оморро Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ зимни нишасти хабарӣ эълон кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин донишҷӯён баъди ихроҷ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол ёфта, таҳсили худро дар кишвар идома додаанд. Ҳамзамон, муовини вазир афзуд, моҳи ноябри соли гузашта дар ҷараёни нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаи ихроҷи донишҷӯёни тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи музокирот ҷониби Русия омодагии худро барои қабули дубораи 730 донишҷӯи тоҷик изҳор кардааст. Ва Тоҷикистон ба мақомоти Русия ҳуҷҷатҳое пешниҳод намудааст, ки нишон медиҳанд, ин донишҷӯён дар ду соли ахир беасос аз донишгоҳҳои Русия хориҷ шудаанд. Пас аз ин, Русия розӣ шудааст, ки онҳоро бозпас қабул намояд.
Бо вуҷуди ин, Лутфия Абдулхолиқзода мегӯяд, қисми зиёди ин донишҷӯён дар ин муддат аллакай ба муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон интиқол ёфта, таҳсилро оғоз карда буданд ва ба Русия баргаштан нахостаанд.
Баъди ҳодисаи «Крокус Сити Ҳол» фишор болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба таври чашмрас афзоиш ёфт. Ба гуфтаи муҳоҷирон, бархе аз шаҳрвандонро ба қаламрави Русия роҳ намедиҳанд ё бидуни шарҳи расмӣ аз кишвар ихроҷ мекунанд. Дар баробари ин, қабули як қатор қонунҳо ва маҳдудиятҳои нав шароити зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷикро дар Русия боз ҳам душвортар кардааст.
Ҳамзамон, солҳои охир масъалаи мушкил шудани вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия низ бештар ба миён меояд. Донишҷӯён мегӯянд, ки ҳангоми бозгашт аз рухсатӣ дар марз бо монеаҳо рӯ ба рӯ мешаванд ё баъзан иҷозаи идомаи таҳсил дар донишгоҳҳоро дарёфт намекунанд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, ки ҷониби Русия дар аксари ҳолатҳо сабабҳои чунин маҳдудиятҳо ва ё ихроҷи донишҷӯёнро расман шарҳ намедиҳад.
