Сафорати Амрико дар Душанбе бо харҷи 745 543 доллари амрикоӣ барои ОМОН-и Тоҷикистон маркази таълимии нав сохтааст.
Акс: ИнтернетБино ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, дар маросими супоридани лоиҳаи сохтмонии ОМОН, Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким ширкат карданд. Бинои маркази таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои утоқҳои корӣ, синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои хоб мебошад.
30-юми июли соли 2021 Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир таъмири посгоҳи сарҳадии “Тахти Сангин”-ро ба маблағи 570 000 доллар анҷом дода буд. Дар посгоҳи марзии “Даркад”-и вилояти Хатлон низ як тарҳи бозсозӣ оғоз шудаст, ки дар давоми як сол анҷом хоҳад ёфт.