13.9 C
Dushanbe

Дар Гурҷистон чӣ мегузарад?

Шаби 7-уми марти соли ҷорӣ ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Гурҷистон ба хиёбонҳои шаҳри Тбилиси баромада даст ба гирдиҳамоиҳои эътирозӣ заданд.

Эътирозҳои оммавии шаҳрвандони Гурҷистон баъд аз он сар зад, ки парлумони ин кишвар аз тарҳи “қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ” пуштибонӣ кард.

Эътирозгарон мегӯянд, бо қабули ин қонун нафарони зиёде бо ин баҳона зиндонӣ мешаванд, чӣ гунае ки Русия даҳ сол боз барои саркӯби мухолифони худ аз он истифода мекунад.

Бино ба иттилои расонаҳои гурҷӣ, ҳазорон эътирозгар бо парчамҳои Гурҷистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Украина дар назди бинои порлумон дар шаҳри Тбилиси ба эътироз баромада, хиёбони марказиро бастанд. Дар наворҳо дида мешавад, ки эътирозгарон “Нест бод қонуни Русия!” шиор медиҳанд.

Нерӯҳои амниятӣ барои наздик нашудани эътирозгарон ба бинои порлумон ба сӯи онҳо аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифда бурданд. Эътирозгарон бошанд аз коктейлҳои Молотово ва санг истифода кардаанд.   Дар натиҷа миёни нирӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон задухурд сар зад, ки даҳҳо нафар захмӣ гаштаанд.

Инчунин ба навиштаи баъзе расонаҳо пулис зидди эътирозгарон аз тирҳои резинӣ истифода кардааст.

Гуфта мешавад, беш аз 66 нафар эътирозгар, аз ҷумла чанд тан аз раҳбарони мухолифон аз ҷониби мақомот боздошт шуданд.

Мухолифин дар навбати худ аз идомаи эътирозҳо дар назди бинои ҳукумати Гурҷистон баъд аз зуҳри имрӯз ба вақти Гурҷистон хабар доданд.

Дар охири моҳи феврал вакилони Гурҷистон аз ҳизби “Сила народа”, ки миёни мардум мухолифи Ғарб номида мешавад, лоиҳаи қонун дар бораи сабти номи ҳатмии “агентҳои хориҷӣ”-ро пешниҳод кард.

Тибқи ин қонун ҳар созмоне, ки беш аз 20 дарсади маблағгузории худро аз хориҷ дарёфт мекунад, бояд ҳамчун “агенти хориҷӣ” сабти ном шавад, вагарна бо ҷаримаи ҳангуфте рӯбарӯ мешавад. Ба гуфтаи мухолифон, ин иқдом ба маҳдуд кардани фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ ва матбуот равона шуда, зидди ворид шудани ин кишвар ба ИА нигаронида шудааст.

Гуфта мешавад, ба ҳамин қонун монанд дар Русия соли 2012 қабул шуда буд ва то имрӯз барои саркӯби мухолифон истифода мешавад.

Шоми рӯзи сешанбе лоиҳаи қонун дар қироати аввал дар парлумон пазируфта шуд ва бояд аз хониши дуюм ва сеюм гузарад. Аммо чун аз ҳизби ҳокими “Грузинская мечта” пуштибонӣ мешавад, интизор меравад, ки парлумон онро тасдиқ кунад.

Сарвазири Гурҷистон Иракли Гарибашвил аз қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ” ҳимоят кард ва гуфт, ки созмонҳои ғайридавлатӣ “бар зидди давлатдорӣ ва манофеи давлат мубориза мебаранд”. Вай ваъда дод, ки Гурҷистон ҳама корро мекунад, то мақоми номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупоро ба даст орад.

Ҳамзамон Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ин қонун хилофи шартҳои дарёфти узвият дар ин иттиҳодия аст. Сафорати ИМА дар Гурҷистон қабули ин тарҳро “рӯзи сиёҳ барои демократияи Гурҷистон” номид.

Дар ҳамин ҳол Саломе Зурабишвили, раисҷумҳури Гурҷистон аз эътирозгарон ҳимоят кард ва ваъда дод, ки ба қонун вето мегузорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.