18.8 C
Dushanbe

Гузоришгари СММ: Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи дин мутобиқ нестанд

Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод хонум Нозила Қонеъ дар поёни сафари 10-рӯзааш ба Тоҷикистон сиёсатҳо ва қонунҳои кишварро дар бораи дин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ надонист.

Тавре “Азия-Плюс” иттилоъ дод, Гузоришгари вежаи СММ дар умури озодии дин ва эътиқод дар поёни сафараш ба Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрел дар толори Намояндагии СММ дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир кард.

Хонум Нозила Қонеъ дар ин нишаст гуфтааст, ки Тоҷикистон бояд дар сиёсатҳо ва қонунҳои худ дар бораи дин ва эътиқод таҷдиди назар кунад ва онҳоро мутобиқ созад.

Ҳамзамон ин намояндаи СММ аз монеагузориҳо барои рафтани занону кӯдакон ва наврасони то 18-сола ба масҷид интиқод карда, гуфтааст: “Эҳтиром ба озодии дин ва эътиқод бояд ки дар фаъолияти оммавӣ низ ба чашм намоён бошад ва бояд ба ҳама, аз ҷумла занон, ақалиятҳои динӣ ва эътиқодӣ ва кӯдакону ҷавонон дахл дошта бошад. Ба онҳо бояд иҷозат дода шавад, ки аз ин озодӣ дар якҷоягӣ бо дигарон бархурдор шаванд”.

Ӯ ҳамчунин афзуда, ки “дар робита ба манъи ба масҷид рафтани ҷавонони то синни 18 мақомоти тоҷик гуфтанд, ки дар сурати ба масҷид рафтан, онҳо аз таҳсил канор мемонанд, оид ба Қонуни танзим мегуфтанд, ки он барои сарфакорӣ ҷорӣ шудааст ё оид ба манъи ибодати занон дар масоҷид мегуфтанд, ки ин хилофи мазҳаби Ҳанафӣ аст.”

Далелҳои пешкаш намудаи мақомоти тоҷик барои намояндаи СММ қонеъкунанда набудаанд, чуноне ки пештар ҳам ин далоил барои ҷомеаи мадании тоҷик ҳам мантиқӣ ба назар намерасиданд.

Гуфта мешавад, хонум Нозила дар ҷараёни сафараш бо намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи маданию рӯҳониён мулоқот гузарондааст. Ҳамчунин ӯ аз зиндони шаҳри Ваҳдат низ дидан карда, аз вазъи зиндониён огоҳ шудааст. Аммо маълум нест, ки бо зиндониёни сиёсӣ дар алоҳидагӣ суҳбате карда ва ё на. Гузоришгари вежаи СММ барои баҳо додани озодиҳои эътиқодии ақаллиятҳои мазҳабӣ ба ВМКБ низ сафар кардааст.

Мақмоти тоҷик солҳост, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароии динӣ тамоми озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқодиро аз мардум салб кардаанд. Ҳазорҳо ҷавон танҳо ба хотири риш доштан ва ё ҳиҷоб пӯшидан зиндонӣ шудаанд ва ё аз ҷои кору донишгоҳҳо ихроҷ шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.

Шаҳрванди Афғонистон дар Ваҳдат бо гумони куштани падараш боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Афғонистон бо гумони куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат хабар дод.