13.9 C
Dushanbe

Баҳси “Зиёдаравӣ дар дин” дар як семинари илмӣ дар Лаҳистон

Дар торихи 6-уми майи соли ҷорӣ гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷики муқими Лаҳистон бо ташкили семинари илмие масъалаи “Зиёдаравӣ дар дин” ва кофир хондани дигаронро баррасӣ карданд.

Рӯзи шанбе аз Намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Лаҳистон ба Azda tv гуфтанд, ки ин семинари илмӣ бо ташаббуси ин ҳизб зери унвони “Зиёдаравӣ дар дин ва хатарҳои он дар ҷомеа” баргузор гардид. Гуфта мешавад, дар ин нишасти илмӣ меҳмонон аз Олмон, Утриш ва дигар кишварҳои аврупоӣ ҳузур доштанд.

Исломҷон Саидов, донишманд ва пажӯҳишгари масоили динӣ, ки ин мавзуъро омода ва пешкаш кард, дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки ҳадаф аз баргузории нишасти мазкур, равшанӣ андохтан ва огоҳ сохтани қишри ҷавон ва ноогоҳи ҷомеа аз андешаҳои такфирӣ мебошад “ва дар ин шабу рӯзҳо зиёд шудани фаъолияти гурӯҳҳои такфирӣ дар байни муҳоҷирон ва хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро ба баргузории чунин маҳфиле водор кард.”

“Аксари ҷавонони мо, мутаассифона, ба хотири набудани як фазои озод дар дохили Тоҷикистон барои ба даст овардани маълумоти динӣ фирефтаи ин гурӯҳҳо мешаванд ва ҳарчи ки ин гурӯҳҳо мегӯянд, онро ҳамчун дин қабул мекунанд. Ва аксари нафароне, ки дунболи инҳо мераванд, нафароне ҳастанд, ки дониши динӣ надоранд ва фиреби ҳарфҳои онҳоро мехӯранд. Инҷост, ки ин заруратро мо эҳсос кардем, агарчи мақолаҳои пароканда дар робита ба ин мавзуъ доштем, вале тасмим гирифтем, ки як чизи нав ва дар як шакли комилтар пешниҳод кунем, ҳам барои муҳоҷирони дохили худи Лаҳистон ва ҳам барои ҳар муҳоҷироне, ки дар Урупо қарор доранд ва инчунин барои худи мардуми Тоҷикистон.”, – мегӯяд Саидов.

Ӯ дар идома афзуд, ки қасд дорад дар оянда бо баргузор кардани чунин маҳфилҳои илмӣ сатҳи дониши динии мардуми тоҷики муҳоҷирро то андозае боло баранд ва нишон бидиҳанд, ки “дини ислом як дини миёна ва осонгир аст, на он дине, ки дар андешаи гурӯҳҳои ифротӣ матраҳ мешавад.”

Дар ин нишасти илмӣ, ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ҳузур дошт, зимни суханронияш ин иқдомро “бозгашт ба асли худ” номида, афзуд, ки ҲНИТ фаъолияташро аз огоҳсозии мардум ва равшангароии динӣ дар муқобили хурофот ва бидъатҳо оғоз карда буд ва он давраро аз ҳама давраҳои “пурбаракату пурнатиҷа”-и ҳизбаш хонд.

Кабирӣ дар идомаи суҳбаташ дар робита ба омилҳои аслии кофир хондани дигарон аз ҷониби як гурӯҳ ишора карда гуфт: “Омили аслии такфир дар тафаккури динӣ ва дар қироате аз дин аст. Як қироат ва як бардошти динӣ боис мешавад, ки масъалаи такфир пеш биёяд. Ва касе ҳам, ки такфир мекунад, далилаш аз дин аст ва касе ҳам, ки дар натиҷаи ин такфир қурбонӣ мешавад, ӯ ҳам далил дорад аз дин, ки ман қурбонӣ ҳастам.”

Ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, роҳи ҳал дар ин масъала ин аст, ки “он тарзи тафаккур ва он қироати диние, ки бар муқобили тафаккури такфирӣ аст ва аксарияти мусалмонон ҳам ба он пойбанд ҳастанд, бояд ҷои тафаккури ақаллияти такфириро бигирад“. Ва ба гуфтаи ӯ, ин кор бо баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ ва тарҳи масъала ба шакали васеътар метавонад амалӣ шавад.

Инчунин дар ин нишасти илмӣ назару андешаҳои меҳмонон низ шунида шуд, ки ҳама падидаи “Зиёдаравӣ дар дин” ва бахусус кофир хондани дигар мусалмононро амали номатлуб ва зарарнок бар ҷомеа хонданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.