Тафтишоти пешакии парвандаи чоруми маҳбуси сиёсӣ ва адвокати маъруфи тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба охир расида, парванда ба додгоҳ фиристода шуда аст.
Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд баъди ду ҳафта мурофиаи додгоҳии бародараш дар Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор шавад.
Бу гуфтаи Ҷамшед Ёров, ин парвандаи бародараш ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмонов ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.
Ёров мегӯяд, дар ҳоле тафтишоти пешакӣ ба анҷом расид, ки дархостҳои Бузургмеҳр Ёров иҷро нашуда, даъвогарро бо ӯ рӯбарӯ накардаанд. Инчунин то ҳол маводҳои лозимае, ки гирифтани пулҳоро тасдиқ кунанд ҷамъоварӣ нашудааст.
Раиси Бунёди “Бузургмеҳр” таъкид мекунад, ки асос барои ба ҷавобгарӣ кашидани Бузургмеҳр Ёров танҳо аризаи хаттии зери шиканҷа навистаи маҳбус Ҳасанов Ҳасан асту тамом. Ягон тасдиқи ҳуҷҷатии гирифтан ва ё ирсоли маблағҳо дар парванда нест.
Ҷамшед Ёров мегӯяд, ки парвандаи бародараш фармоишӣ ва сиёсӣ буда, чунин парвандаҳо нисбати шахсоне сохта мешаванд, ки буданашон барои ҳукумат дарди сар соз аст. “Барои ҳамин бо ҳар роҳу воситаи “қонунӣ” чунин шахсон бояд несту нобуд карда шаванд”, — мегӯяд мусоҳиби мо.
Ҳоло Бузургмеҳр Ёров бо сабабҳои номаълум барои 15 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ интиқол дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол модари Бузургмеҳр Ёров бо навиштани номае ба Озода Раҳмон аз Мансурҷон Умаров ва додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ талаби адолат карда ва хостааст, ки ба писараш иҷозат диҳанд то худро ҳимоят карда тавонаду аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода барад ва далелу суханони ӯро низ шунаванд.
Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.
То ҳол чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.