Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ телевизиони Тоҷикистонро ба хотири он ки Халиҷи Форсро Халиҷи Араб гуфтааст, мавриди интиқод қарор додаанд.
18-уми июли соли 2023, телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориш дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ барои ширкат кардан дар Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ вокуниши корбаронро дар дохил ва хориҷи кишвар ба бор овардааст.
Шоир ва нависандаи тоҷики муқими Фаронса Зафар Сӯфӣ дар вокуниш ба ин мавқеъгирии телевизиони Тоҷикистон навиштааст: Ҳеч дипломатия ва манфиати молие арзиши онро надорад, ки ба ҳувияти нажодӣ пушт бикунӣ ва ҷойноми бостониро бар мазоқи бадхоҳони мардумат ном бибарӣ! Пуштибонӣ аз хостаи бегонагон бар зарари ҳамтаборон хиёнат ва нобахшиданист! Номи ин Дарё (халиҷ) барои ҳамешаи торих ва ба кӯрии чашми бадхоҳону ҳаводорони кавданашон ХАЛИҶИ ФОРС буду хоҳад монд! Чанд доллари ҳароми араб арзиши онро надорад, ки гузаштаи худро инкор кунӣ! Шарматон бод аз чунин бешарафӣ!
Зафари Сӯфӣ ҳамчунон хитоб ба ҳукуматдорони эронӣ мегӯяд: “Раҳмонов ҳамин аст… Иртиботаш ба ориёиҳо бар пояи манофеъ ва фақат дар сухан аст ва сарзамини онҳо барояш арзише надорад. Аммо онҳое, ки меросбари ин сарзаминанд ва ин гуна амалҳои ӯ ба зарарашон шудаву мешавад, чаро ҳар дафъа худро ба нодида мезананд? Магар намедонанд, ки бояд ҷойгоҳи як гадоро дар лаҳзаи лозим ба ӯ нишон дод, то беш аз ин, аз ҳаддаш фаротар наравад? Сухани кӯтоҳ, масъулони эрониро чӣ бало зада, ки такрор ба такрор амалҳои Раҳмоновро нодида мегиранд?”
Корбаре бо номи Муҳаммад Ризо Шабонкореҳ бо бознашр кардани ин гузориши телевизони Тоҷикистон фарёд зада мегӯяд: Куруш куҷое ки телевизиони Тоҷикистон, Халиҷи Форсатро ба арабҳо фурӯхтанд! телевизиони Тоҷикистон дар бахши хабарии ҷадиди худ густохиро аз ҳад гузаронида ва ХАЛИҶИ ФОРС-ро “Халиҷи араб” номгузорӣ кард! Ин ҳам навъе хушхидматии ҷадид ба шайхакҳои араби ХАЛИҶИ ФОРС метавонад бошад!
Рӯзноманигор ва муҳаққиқи пуркори тоҷик Обид Шакурзода дар вокуниш бо ин рафтори телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориш ин масъаларо шарҳ дода, аз ҷумла гуфтааст: Халиҷи Форс ё Шохоби Порс оброҳест, ки дар имтидоди баҳри Уммон ва дар миёни Эрону шибҳиҷазираи Арабистон қарор дорад ва аз шарқ аз тариқи тангаи Ҳурмуз ва баҳри Уммон ба уқёнуси Ҳинд ва баҳри Араб ва аз ғарб ба резишгоҳи Арвандрӯд, ки аз пайванди ду рӯдхонаи Даҷлаву Фурот ва пайвастани рӯди Корун ба он ҳосил шудааст, хатм мешавад. Кишварҳои Эрон, Уммон, Ироқ, Арабистон, Кувейт, Имороти Арабӣ, Қатар ва Баҳрайн дар канораи Халиҷи Форс ҳастанд.
Ба гуфтаи Обид Шакурзода, Созмон ҷаҳони Моликияти фикрӣ (World Intellectual Property Organization (WIPO) дар таърихи 30 меҳри 1397 (22 октабри 2018) дар иқдоме номи Халиҷи Форсро ба моликияти Эрон ба сабти ҷаҳонӣ расонд. Аз ин пас ҳич давлат ва кишвар ва созмоне наметавонд ин халиҷро бо номи дигаре номгузорӣ кунад.
Инчунин Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигори дигари тоҷик ҳам дар вокуниш ба ин матлаб, гуфтааст: “Саркардаи ин иштибоҳ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аст. Оғози ҷумлаи аввали як хабарашон: 18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.”
Донишманд ва фаъоли сиёсии тоҷик Сайидюнус Истаравшанӣ дар шарҳи сабабҳои ин иқдоми телевизони Тоҷикистон гуфтааст: Барои Раҳмон муҳим ин масолеҳу манофеъи шахсиаш аст, на манофеъи миллат ва мардум ва кишвар. Раҳмон, то модоме ки манофеъи шахсиаш бо “халиҷи Араб” хондан таъмин шавад, чаро барои хушхидматӣ барои аъроб ва барои чанд дулори беарзиш ва бемиқдор, “халиҷи Араб” нагӯяд?! Мегӯяд ва бо садои баланд ҳам мегӯяд. Ин таҳрифи ошкори таърих аст?! Ба дарак! Барои Раҳмон ин чизҳо муҳим нест. Он ҳама китобҳое, ки дар хусуси ориёиҳо ва таърихи онҳо навишта, ҳама кашканд. Раҳмон куҷо ва ориёӣ куҷо! Раҳмон ҳамон одаме аст, ки Каримовро “Ота” хондааст, чун ӯро сари қудрат расонда, фаромӯш накунем.
Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Созмон ҷаҳони Моликияти фикрӣ (World Intellectual Property Organization (WIPO) октабри 2018 номи Халиҷи Форсро ба моликияти Эрон ба сабт кард, боз ҳам мақомдорони Тоҷикистон хоста ё нохоста намехоҳанд номи қонунии онро ба забон биёранд.