Дархости Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷиҳати расонидани кумак ба зарардидагони ноҳияиҳои Хуросон ва шаҳри Ваҳдат посухи мусбат пайдо кардааст.
Ин Созмони байналмилалӣ барои дастрас намудани маводҳои ғайрихӯрока ба 338 оилаҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилаи осебдидаи шаҳри Ваҳдат, дар маҷмӯъ ба 344 оила кумак кардааст. Ин кумак аз 344 бастаҳои маводи ғайрихӯрокворӣ, аз қабили бистар, болишт, кампал, рахти хоб, бел, каланд, 344 бастаи лавозимоти ошхона, ва 344 бастаи гигиенӣ — сачоқ, собун, дандоншӯякҳо, собуни моеъ, шампун, маводҳои гигиенаи шахсии занона, ӯребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, коғази ташноб ва ғайраҳо иборатанд. Дар доираи ин ёриҳо, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кӯдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кумак расонида мешавад.
Дар таърихи 2-уми июни соли равон, дар марҳилаи аввали тақсимоти кумаки мазкур ба 260 оилаи аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон, тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводҳои ғайрихӯрока дастрас карда шуд. Марҳилаи дуюми тақсимот фарогирии боз 78 оилаҳои ниёзманди ноҳияи мазкурро дар бар мегирад.
