Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи «Озодӣ» гирифта шудааст.
Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи барқраор шудани алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо аз 1 июл “Азия-Плюс” ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар он ҷо аз шарҳи масъала худдорӣ намуда, тавсия доданд, ки бо ин масъала ба онҳо хаттӣ муроҷиат кунанд. Дар ҳамин ҳол, сарҳадҳо байни давлатҳо баста боқӣ мемонанд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус аз 20 март ҳамаи фурудгоҳҳои Тоҷикистон барои қабулу парвоз баста шуданд. Лекин баъдтар барои аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонидани тоҷикистониён хатсайрҳои чартерӣ роҳандозӣ шуданд.
Қаблан намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав аз ҳамватанон даъват кард, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусу таксӣ ва ҳар гуна мошинҳои дигар худдорӣ намоянд.“Дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, шумо тавассути сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии сафорат Россия хабардор карда мешавед”, — гуфта мешавад дар хабар.
Аммо мақомоти Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи оғози парвозҳои байнулмилалӣ аз ҷумла, ба самти Русия, рад карданд. Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ ва баръакс аз нимаи дувуми моҳи март қатъ шудааст.