Акс: ИнтернетБо нашри як муроҷиатнома ҳукумати Тоҷикистон аз ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли неӯи барқ хабар дод, ки расман аз 28 июл амалӣ шудааст. Дар Муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон, ки дар сомонаҳои расмии ҳукумат, ба нашр расидааст, иллати ин амр камбуди об дар обанборҳои нерӯгоҳҳо гуфта мешавад.
“Тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард.Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад.Имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.Чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кӯҳҳо захираи барф кам мебошад. Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд”, – омадааст дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон.
Дар идомаи ин муроҷиати худ ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ба иллати коҳиши оби рудхонаҳо ҳатто “маҷбур шудем, ки пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ намоем”. Бад-ин манзур аз мардуми кишвар даъват шудааст,ки “маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд”.