Акс: Интернет Як корбари фейсбук, Джана Ашурова дар саҳифааш навиштааст, ки гурӯҳе аз соҳибкорони шаҳри Панҷакент аз он нигаронӣ доранд, ки аз Раёсати андози вилояти Суғд онҳоро ба ҳолашон намегузоранд ва аз ҷаримабандиҳои зиёду беҳудаи ин гурӯҳи корӣ хаста шудаанд, мехоҳанд корпартоӣ кунанд ва ё ба Раисҷумҳур шикоят баранд. Бино ба навиштаи Ашурова тӯли як […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Як корбари фейсбук, Джана Ашурова дар саҳифааш навиштааст, ки гурӯҳе аз соҳибкорони шаҳри Панҷакент аз он нигаронӣ доранд, ки аз Раёсати андози вилояти Суғд онҳоро ба ҳолашон намегузоранд ва аз ҷаримабандиҳои зиёду беҳудаи ин гурӯҳи корӣ хаста шудаанд, мехоҳанд корпартоӣ кунанд ва ё ба Раисҷумҳур шикоят баранд.
Бино ба навиштаи Ашурова тӯли як моҳ мешавад, як гурӯҳи тафтишотӣ аз Раёсати андози вилояти Суғд дар Панҷакент қарор дорад. Ба гуфтаи корбар, ин гурӯҳи корӣ, ки як сол қабл низ ба Панҷакент омада, тоҷиронро бо ҳар баҳонае ҷарима баста буданд, баъд аз нашри эътирозҳои соҳибкорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, даст аз корҳои ғайриқонунияшон бардошта, ғайб заданд.
Тоҷирон гуфтаанд, дар баробари доштани тамоми ҳуҷҷатҳо кормандони андоз аз онҳо ба ҷуз андозҳои муқарраршуда, низ пардохти пешакиро талаб доранд, ки ин бар хилофи таъкиду дастурҳои Президент мебошад. Намояндагони андоз мегуфтаанд, ки соҳибкорон бояд дар баробари андозҳои муқарраршуда, пардохти пешакии андозро низ ба таври иҷборӣ бисупоранд.
Як соҳибкор, нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки намояндагони гурӯҳи корӣ ба коргоҳи мо омада, баъди тафтиши ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима патент ва шаҳодатномаҳояшонро гирифта бо худ мебурдаанду баъд бо навбат занг зада даъват мекунаду маблағ меситонидаанд.
Ҳолатҳои барзиёд талаб намудани андоз ва пешпардохт кардани он аз ҷониби кормандони андози Тоҷикистон чандест аз аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар гузориш мешавад. Аммо дар хусуси ин гузоришҳо худи Кумитаи андоз шарҳе надода ва ҳатто аз ин ҳолатҳо пешгирӣ ҳам накардааст.
ПАНҶАКЕНТ: ГУРЕЗ, КИ НАЛОГ ОМАДСоҳибкорону тоҷирони шаҳри Панҷакент нигаронӣ аз он мекунанд, агарчи онҳо андозҳояшонро…