Дар Қирғизистон дастрасӣ ба сомонаи мустақили Kloop.kg масдуд шуд

Баъзе аз провайдерони интернетӣ дар Қирғизистон бо дархости Вазорати фарҳанги ин кишвар дастрасӣ ба сомонаи мустақили Kloop.kg-ро масдуд карданд.

Гуфта мешавад, масдуд шудани ин сомона дар Қирғизистон ба далели сарпечӣ аз пок кардани мавод дар бораи шиканҷаи сиёсатмадори мухолиф Равшан Ҷеенбеков дар СИЗО-и Бишкек мебошад.

Пештар аз ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз болои ин мавод шикоят карда,ж гуфта буд, ки ин хабар “ба қонун дар бораи фейк мухолифат мекунад ва обрӯи КДАМ-ро паст мезанад”.

Пас аз ин, рӯзи 7-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати фарҳанги Қирғизистон аз сомонаи Kloop.kg хоста буд, ки мавод дар бораи шиканҷаи мухолифи қирғизро дар боздоштгоҳ аз сомонааш пок кунад, дар ғайри ин сурат сомона дар тамоми Қирғизистон барои ду моҳ масдуд хоҳад шуд.

Дар посух ҳуқуқшиносони “Kloop” аз болои ин дархост шикоят кардаанд ва аз Вазорати фарҳанг хостаанд, ки қарорашро бознигарӣ кунад, аммо рӯзи 11-уми сентябр шикояти ин расонаи мустақил рад шудааст.

Ҳайати муҳаррирони сомонаи “Kloop” дирӯз, 12-уми сентябр бо нашри баёнияе хабар доданд, ки мавод дар бораи шиканҷаи Равшан Ҷеенбековро дар СИЗО пок намекунанд, чун дар он ягон маълумоти бардурӯғ вуҷуд надорад.

Инчунин муҳаррирони ин сомона таъкид мекунанд, ки мақомоти Қирғизистон бо пофишориашон барои хомӯш кардани онҳо таваҷҷӯҳи бештарро ба корҳои шубҳанокашон ҷалб мекунанд ва мақомоти ин кишвар мехоҳанд ваъдаҳои иҷронашашуда, фасод ва ғайраро аз чашми мардум пинҳон доранд.

“Ҳукуматдорони Қирғизистон ҳар чизеро аз мардум пинҳон карданӣ мешаванд, муваффақ нахоҳанд шуд. Мо ба ҳеҷ гуна пешниҳоди созиш ва махсусан ба ҳар гуна таҳдиди басташавӣ таслим намешавем. Мо роҳҳои зиёдеро меёбем, ки мардуми Қирғизистонро огоҳ созем”- омадааст дар изҳороти “Kloop”.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Қирғизистон кӯшиш мекунанд, ки фаъолияти “Kloop”-ро боздоранд. Дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ додситонии Бишкек ба далели он ки матлабҳои ин расонаи мустақил гӯё ҳукумати кунуниро бадном мекунанд, барои барҳам додани “Kloop” ба додгоҳ шикоят бурда буд. Дар шикояти ин ниҳод гуфта мешуд, ки “Kloop” дар фаъолияти расонавӣ аз доираи оинномаи худ берун баромада, ҳамчунин “ба интиқоди шадид аз сиёсати ҳукумати кунунӣ нигаронида шудааст”.

Бояд қайд кард, ки “Kloop” расонаи мустақил буда, мунтазам таҳқиқоти журналистӣ, асосан дар бораи схемаҳои коррупсионӣ ва фишори ҳукумат мегузаронад, ки матлабҳои он сару садоҳои зиёдеро ба бор меоварад.

Сомонаи “Kloop” рӯзи 22 август боз як таҳқиқоти журналистиро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, хешовандони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Ташиев ва наздикони президент Саодир Ҷабборов дар қатори соҳибони франшизаи бошгоҳи футболи «Барселона» дар Қирғизистон номбар шудаанд. Инчунин рӯзи 11 сентябр дар ин сомона чанд матолиби дигари марбут ба хонаводаи президент Ҷабборов нашр шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.