6 соли зиндон ба пизишке, ки сабаби марги як ҷавондухтар шуд

Додгоҳи ноҳия Шоҳмансури шаҳри Душанбе пизишки Муассисаи давлатии Ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе Ҳоҷиев А.М-ро барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябр хабар дод. Дар хабари гуфта мешавад, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Хоҷаевро 19 сентябри соли 2023 мувофиқи “моддаи 129 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯнаҳгор дониста”, ӯро барои 6 сол равонаи зиндон кард.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки номбурда бар иловаи 6 соли зиндон то 3 соли дигар низ аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳо дар соҳаи тиб маҳрум карда шуда, ӯ муддати ҷазояшро дар колонияи ислоҳии низоми умумӣ мегузаронад.

Дар шарҳи ин қизия Додситонӣ менависад, тафтишот муайян кард, ки пизишки ҷарроҳи “навбатдори шуъбаи 1-уми Муассисаи давлатии Ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе Ҳоҷиев А.М. 8 апрели соли 2023 соати 11-50 дақиқа бемор Шукурова Севинч Умедовна, соли таваллудаш 3 марти соли 2006-ро, ки бо шикояти дарди сахт дар қисмати поёни шикам муроҷиат карда буд, қабул намуда, бе гузаронидани ташхиси дахлдор ва муайян кардани сабаби ба миён омадани дард дар қисмати поёни шиками Шукурова С.У., ба номбурда маҳлули дорувории “Лидаза” ва “Новокаин” таъин намудааст.“

Додситонӣ мегӯяд, пас аз оне, ки пизишк доруро фармоиш дод, ҳамшираи шавқат онро ба ноболиғ Шукурова гузаронид, “дар натиҷа шоки анафилактикӣ оғоз ёфта, ин ҳолат боиси марги номбурда гардидааст.”

Додситонии кулли кишвар дар иттилоияи худ рафтори пизишкро “таъиноти рӯякӣ ва муносибати бепарвоёнаи дараҷаи олӣ” хондааст, аммо назари худи пизишк вобаста ба ин ҳодиса то ҳол дастраси расонаҳо нагаштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.