Пешгирӣ аз бузургтарин қочоқи пули нақду тилло дар фурудгоҳи Душанбе
Акс: Интернет Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии тозатаъсиси “Бомдод” дар фурудгоҳи Душанбе аз як амалиёти қочоқи бузург пешгирӣ шудааст. Дар хабар омадааст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи Душанбе аз кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар пули нақд пешгирӣ кардаанд. “Бомдод” бо такя ба манбаи муътамадаш мегӯяд, ки […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии тозатаъсиси “Бомдод” дар фурудгоҳи Душанбе аз як амалиёти қочоқи бузург пешгирӣ шудааст. Дар хабар омадааст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи Душанбе аз кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар пули нақд пешгирӣ кардаанд.
“Бомдод” бо такя ба манбаи муътамадаш мегӯяд, ки ин миқдори бузурги тилло ва асъори хориҷиро аз Душанбе ба Дубай бурданӣ будаанд.
Кормандони амният чанд нафар, аз ҷумла Фирдавс Давлатов ва Маҳмадалӣ Давлатовро бо иттиҳоми қочоқ дастгир кардаанд. Манбаи “Бомдод” мегӯяд, ки онҳо фарзандони Давлати Хавос, раҳбари собиқи кони тиллои Шугнов мебошанд.
Аммо то ҳол ҷузъиёти хабар маълум нест. Ва мақомоти амниятӣ низ то ҳол ин қазияро расман шарҳ надодаанд. Вале манбаи “Бомдод” мегӯяд, ки тафтишот эҳтимоли бо мусоидати кормандони гумрук сурат гирифтани ин кӯшиши қочоқи миқдори бузурги тилло ва асъори хориҷиро низ таҳқиқ мекунанд.
Ҳоло 90 кило тилло бо нархи миёна 5 миллиону 290 ҳазор доллар арзиш дорад. Илова бар ин 15 млн доллари дигар, ки ин қочоқ хеле ҳаҷми бузург аст ва дар ҳоли таъйиди хабар аз тарафи мақомоти дахлдор, сангинтарин ҷинояти қочоқ маҳсуб мешавад, омилони онро солҳои тӯлонӣ паси панҷара нишатсан интизор хоҳад буд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.