Ин намояндаи тоҷикони Афғонистон ба шиддат ин кушторро маҳкум карда менависад, “Ман ин амали ваҳшиёнаи тоҷикҳои омада аз Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шадидтарин алфоз маҳкум ва тақбеҳ мекунам”. Ҳамчунин Падром ба Толибони Дарвоз ҳушдор медиҳад, ки санҷида амал кунанд. Ва меафзояд, ки он чи дар навор дида мешавад, “на диндорона буд ва на аз ҷинси ҷанги озодибахш, ваҳшат дар ваҳшат буд”.
Ӯ дар хитоб ба Толибони Дарвоз мегӯяд: “Шумо чӣ гуна бар як бегона агарчи ҳамтабор ва ҳамхун бошад, иҷозат медиҳед ҳамсояи Шуморо дар деҳаатон ин гуна фаҷиъ ба қатл бирасонад. Ман садои омиронаи он тоҷикҳои он сӯи Омударёро шунидам, ки мегӯфтанд, бизанеду бикушед… Ин садоҳо ҷигархарош буд ва тавҷеҳнопазир.”
То ҳол дар бораи ҷузъиёти ин ҳамла расман аз ниҳодҳои марбута чизе нашр нашудааст. Чанде пеш хабарҳо нашр шуда буд, ки Толибон дар ноҳияи Моймайи Дарвози Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон қарор гирифтаанд.
Хабаргузории “Sputnik” аз як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар дод, ки вобаста ва вазъияти ба амаломада дар Дарвозҳои Афғонистон, нерӯҳои амниятии Тоҷикистон вазъро таҳти назорат доранд ва ба ҷилавгирӣ аз ҳар иттифоқе омодаанд.